From Wikipedia, the free encyclopedia
Мавлоно Абдураҳмони Мушфиқӣ (форсӣ: عبدالرحمن مشفقی بخارایی; 1525, Бухоро — 1588[1], Бухоро), машҳур ба Мулло Мушфиқӣ — шоир ва мутоибасарои форс-тоҷик.
Ӯ дар шаҳри Бухоро соли 947 ҳиҷрӣ (1525 мелодӣ) дар оилаи камбағале таваллуд ёфтааст. Ватани аслии Мушфиқӣ Марв буда, падару бобояш баъдтар ба Бухоро омада, муқимӣ мешаванд. Аз ин рӯ, Абдураҳмон дар бисёр мавридҳо аз Марв будани худро ба хотир овардааст. Падари шоир аз мардуми миёнаҳоли шаҳр буда барои тарбияи фарзанд кӯшиши зиёде кардааст. Вале, мутаассифона, ӯ хеле барвақт вафот мекунад. Муддате нагузашта модари Абдураҳмон Мушфиқӣ ҳам аз олам чашм мепӯшад ва Абдураҳмон Мушфиқӣ дар хурдсолӣ бепарастор мемонад:
Сипас ба ҳунарманде дастёр шуда хидмат мекунад ва бо кумаки ин ҳунарманди бухороӣ дар мактаб хонда, маълумоти ибтидоӣ мегирад. Баъдан дар мадрасаҳо таҳсили илм карда, дар баробари сарфу наҳви арабӣ ва фиқҳ илмҳои таъриху фалсафа, ҳайату ҳикмат ва ҳисобу рамалро низ фаро мегирад ва мадрасаро бомуваффақият хатм карда, боз адабиёту мусиқиро меомӯзад. Дар мадраса Мушфиқӣ бо лавандони Бухоро, ки гурӯҳи ҷавонони олуфтаи маишатпараст буданд, ошно шуда, як қисми вақти холигии худро дар суҳбату анҷуманҳои ин гурӯҳ мегузаронад. Ҳангоми таҳсил дар мадраса Мушфиқӣ ба машқи шеъргӯӣ машғул шуда, дере нагузашта чун шоири ҷавони ҳаҷвнавис шуҳрат меёбад ва соли 965 ҳиҷрӣ (1571 мелодӣ) маснавии «Гулзори Ирам»-ро навишт, ки аз 1140 байт иборат буда, ба 24 боб тақсим мешуд ва оҳанги сӯфиёна дошт. Мушфиқӣ то соли 972 ҳиҷрӣ (1564 мелодӣ) дар Бухоро зиста, сипас ба Самарқанд меояд ва қариб сездаҳ сол дар ин ҷо ҳаёт ба сар мебарад. Дар Самарқанд Мушфиқӣ ба дарбори ҳокими ин вилоят Султон Саид китобдор шуда хидмат мекунад ва бар замми чанд қасида ӯ девони якуми ғазалиёти худро, ки соли 973 ҳиҷрӣ (1565 мелодӣ) эҷод кардааст ва он 2020 байтро доро буд, ба Султон Саид мебахшад. Аммо даромади вазифаи китобдорӣ ва бахшишҳои ночизи ҳоким наметавонад эҳтиёҷоти шоирро қонеъ гардонад. Мушфиқӣ дар ин замон пайваста аз бенавоӣ, тангдастӣ, беманзилӣ, надоштани ризқу рӯзӣ ва сӯзишворӣ шиква мекунад. Соли 983 (1575 мелодӣ) Абдуллохони Шайбонӣ Самарқандро забт карда, тамоми Осиёи Миёнаро дар зери тасарруфи худ медарорад. Дар натиҷаи мутамарказонида шудани ммлакат вазъи иқтисодии кишвар нисбатан беҳтар шуда, илму маданият, мусиқиву рассомӣ, ҳунарҳои косибӣ, зироаткорӣ то андозае беҳтар шуда, савдои Осиёи Миёна бо дигар кишварҳо инкишоф меёбад. Абдураҳмон Мушфиқӣ бо ду-се қасида Абдуллохонро ба муносибати зафарҳояш табрик мегӯяд. Вале тарзи золимонаи корбарии ӯ шоирро ба ноумедӣ мебарад. Абдураҳмон Мушфиқӣ соли 985 ҳиҷрӣ (1577 мелодӣ) девони дуюми ғазалиёти худро тартиб медиҳад ва дар худи ҳамин сол аз Самарқанд ба Ҳинд ҳиҷрат карда, ба подшоҳи Ҳинд Акбар (1556—1605) вомехӯрад. Аммо ғаму дарди ғурбатро бардошта натавониста, баъди як сол ба Бухоро бармегардад ва ба дарбори Абдуллохони Шайбонӣ роҳ ёфта, мансаби маликушшуароро соҳиб мешавад ва то охири умр дар ҳамин вазифа мемонад. Мушфиқӣ соли 996 ҳиҷрӣ (1588 мелодӣ) дар Бухоро вафот кардааст. Қабри ӯ то солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар гӯристони Хоҷа Исмат маълум будааст, аммо ҳоло аз байн рафтааст.
Мушфиқӣ аз худ мероси адабии бойи гаронбаҳое гузоштааст, ки аз «Девони мутойибот» ду «Девони ғазалиёт», «Девони қасоид», достони «Гулзори Ирам» ва маснавиҳои «Соқинома» ва «Ҷаҳоннамо» иборат аст ва бисёриҳо мухаммаси тӯлонии «Саду як банд»-ро ҳам ба ӯ нисбат медиҳанд.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.