![cover image](https://wikiwandv2-19431.kxcdn.com/_next/image?url=https://upload.wikimedia.org/wikipedia/commons/thumb/0/05/UN_General_Assembly_hall.jpg/640px-UN_General_Assembly_hall.jpg&w=640&q=50)
Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид
From Wikipedia, the free encyclopedia
Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид — мақомоти асосии машваратӣ, дастурдиҳӣ ва намояндагии Созмони Милали Муттаҳид (СММ).
англ. United Nations General Assembly | |
![]() | |
Навъ | international parliament[d] ва principal organ of the United Nations[d] |
Таъсисёбӣ | 1945 |
Макон | |
Ширкати модарӣ | Созмони Милали Муттаҳид |
Ширкатҳои духтарӣ | ЮНИСЕФ, United Nations Development Programme[d], United Nations System Staff College[d], United Nations Commission on International Trade Law[d] ва United Nations Conference on Trade and Development[d] |
Сайт | un.org/ga(англ.) |
![Thumb image](http://upload.wikimedia.org/wikipedia/commons/thumb/2/2f/Flag_of_the_United_Nations.svg/640px-Flag_of_the_United_Nations.svg.png)
![Thumb image](http://upload.wikimedia.org/wikipedia/commons/thumb/4/49/UN_General_Assembly.jpg/640px-UN_General_Assembly.jpg)
Соли 1945 таъсис ёфтааст. Ҳоло аз 193 узв (2018)[1] иборат аст, ҳамаи онҳо навобаста ба бузургӣ ва иқтидорашон аз ҳуқуқи баробар бархурдоранд ва ҳар кадом дорои як овоз мебошанд, қарорҳои муҳим ба райъи аксарият — аз се ду овози тарафдор қабул мешаванд. Маҷмаа ваколатҳои васеъ дорад ва метавонад ҳамаи масъалаҳои умдаи байналмилалиро дар доираи Ойинномаи СММ мавриди баррасӣ қарор диҳад, ба давлатҳои манфиатдор ё Шӯрои Амнияти СММ тавсиянома ироа намояд. Бо тавсияи Шӯрои Амният Дабири кулли СММ-ро таъйин мекунад, аъзои нави СММ-ро қабул менамояд, фаъолияти ҳамаи шӯроҳо ва идораҳои мах сусро зери назорат мегирад. Вале Маҷмаа мақоми соҳибҳокимияти мутлақ нест, ваколати маҷбуран амалӣ гардондани қарорҳояшро надорад, дар ҳамин ҳол ягон давлат ҳуқуқи вето (боздошт ё бекор кардан)-и қарори қабулкардаашро надорад. Маҷмаа вазифаҳои калидии электоралиро ҳал намуда, судяҳои Суди байналмилалӣ ва 10 узви ғайридоимиро интихоб мекунад, ҳаҷми ҳаққулъузвияти ҳар як давлати узви СММ-ро ба буҷаи он муайян месозад.[2]