From Wikipedia, the free encyclopedia
Лайло Шарифова (Шарифова Лайло Раҷабовна, озарбойҷонӣ: Leyla Şəripova, Лайло Шарифӣ форсӣ: لیلا شریفی; 28 январ 1930[1], Маскав — 19 феврал 2024[2], Дюсселдорф[d][3]) — овозхони тоҷики озаритабор, яке аз бунёнгузорони Ансамбли эстрадии «Гулшан»[4]. Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1960), Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1965).
озарбойҷонӣ: Leyla Şəripova | |
Таърихи таваллуд | 28 январ 1930[1] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 19 феврал 2024[2] (94 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Пеша(ҳо) | овозхон |
Сабк | мусиқии бумӣ[d] |
Ҷоизаҳо |
Лайло Шарифӣ дар хонаводаи падари турки зодаи Измир ва модари эронии озарбойҷонӣ чашм ба дунё кушодааст. Падараш то солҳои 1933, ба гуфтааш, як тоҷир буд ва ин пешааш ӯро то ба Озарбойҷони шӯравӣ ҳам бурдааст. Чун дар Озарбойҷон мавзеи зоймон хуб набуд, модарашро ба Маскав бурданд, вале дар Маскав гуфтанд, як моҳ зуд шудааст. Модараш вақте мехост ба Боу баргардад, дар байни Маскав ва Озарбойҷон Лайло дар дохили ҳавопаймо 28 январи соли 1930 таваллуд шуд[5]. Баъди ин ба Машҳади Эрон баргаштанд ва ӯ ҳам дар он ҷо бузург шуда, дар мактаб таҳсил кард.
Баъди муддати кӯтоҳе ва саркӯбҳои чапгароҳои ҷонибдори нахуствазири миллихоҳ шавҳари “мусаддиқиаш” ҳамроҳи ӯ дар нимаи дуюми солҳои 1950-ум Эронро тарк кард. Ҷуфти ҷавон дар Иттиҳоди Шӯравӣ паноҳандаи сиёсӣ шуданд[5].
Лайло Шарифова Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанберо дар соли 1959 хатм карда, дар дастаи ҳунарии Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ ба сифати сароянда ҳунар меозмуд ва ҳамзамон чун наттоқ барномаҳои радиои тоҷикро ба форсӣ қироат менамуд. Соли 1964 назди Кумита нахустин ансамбли эстрадӣ — «Гулшан» созмон дод ва роҳбари бадеии он гардид. Соли 1967 Тоҷикистонро тарк сохт ва фаъолияти минбаъдааш дар Озарбойҷон ҷараён гирифтааст. Беш аз 30 боз дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон зиндагӣ мекунад[5].
Ба туркӣ, озарӣ, арабӣ, ҳиндӣ, русӣ ва дигар забонҳо таронаҳои зиёд хондааст. Дар хазинаи Радиои тоҷик «Ҷонона», «Моҳпайкари ман», «Эй шохи гул», «Чашми сиёҳ», «Дар хаёли ту», «Куҷоӣ», «Марямҷон», «Бевафоӣ», «Шоҳи парӣ», «Саҳаргоҳон», «Як шабе», «Райҳон», «Биё, эй ёр», «Ёри тоҷикам», «Алла», «Бе сурма ҳам зебоӣ», «Рафтем, рафтем», «Чашм во кун», «Париҷон», «Ҳадя», «Интизори ман», «Эй моҳи ҳинду», «Гули хандонам», «Халваҷӣ», «Кабутари сафеди ман» барин сурудҳояш маҳфузанд ва чун ёдгоре аз ин бонуи ҳунар боқӣ мондаанд.
Лайло Шарифӣ 19 феврали соли 2024 дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон дар 94-солагӣ даргузашт[6][7][8].
Бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон тақдир шудааст.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.