Кинематограф
From Wikipedia, the free encyclopedia
Кинематограф (юн. kinema – ҷинс, kinematos- ҳаракат ва graf – навиштан, сабт кардан) – 1) номи дастгоҳи наворбардорӣ, ки тавассути он объектҳои ҳаракаткунанда дар лентаҳо сабт гардида, бо роҳи рӯйи экран акс кунонида дар ҳаҷми калон нишон додан, истеъмол мегарданд;
2) номи кинотеатрҳои кӯҳнашуда;
3) маънои «санъати кино» - маҷмӯи васоил ва усулҳоест, ки тавассути онҳо филм ба навор гирифта намоиш дода мешавад.
Хусусияти асосии техникии Кинематограф инҳоянд:
- сабти ҷисми мутаҳаррик дар навор, ки аз сабти видеомагнитӣ фарқ мекунад;
- намоиши оммавии амалиёти сабтшуда дар бинои махсус.[1]