Итолиё
ҷумҳурии демократӣ дар Аврупои Ҷанубӣ / From Wikipedia, the free encyclopedia
Итолиё, ё Ита́лия (итол. Italia [iˈtaːlja]), номи расмӣ — Ҷумҳурии Итолиё (итол. Repubblica Italiana [reˈpubːlika itaˈljaːna]) — давлат дар ҷануби Аврупо, дар маркази баҳри Миёназамин. Ҳудуди он қисми материкӣ (ҳамвории Падан, нишебиҳои ҷанубии кӯҳҳои Алп), нимҷазираи Апеннин, ҷазираҳои калони Ситсилия ва Сардина, чандин ҷазираҳои хурд ва галаҷазираҳоро дар бар мегирад. Дар ҳудуди Итолиё ду давлати хурди мустақил — Ватикан ва Сан-Марино ҷойгиранд. Итолиё дар хушкӣ бо Фаронса, Швейсария, Австрия ва Словения ҳамсарҳад аст. Итолиёро аз ғарб баҳрҳои Лигурия ва Тиррен, аз ҷануб баҳри Ион, аз шарқ баҳри Адриатика иҳота кардаанд (дарозии хатти соҳилӣ 7375 км). Масоҳаташ 302 073 км²[1][2][3]. Аҳолиаш 59,9 млн нафар (2018). Пойтахташ Рум. Воҳиди пулӣ — евро. Забони расмӣ — итолиёӣ. Идҳои миллӣ: 25 апрел — Рӯзи Озодии Итолиё, 2 июн — Рӯзи Ҷумҳурӣ, 1 январ — Соли нав, 1 май — Иди меҳнат; идҳои динӣ: Мавлуди Исо, Меъроҷи Модархудо Марями Муқаддас, Рӯзи авлиё ва ғ. Ҳудуди И-ро ба 3 минтақаи таърихию иқтисодӣ — Шимол, Марказ ва Ҷануб ҷудо мекунанд. Аз ҷиҳати маъмурӣ Итолиё ба 20 вилоят ҷудо карда шудааст, ки 114 музофот (зиёда аз 8 ҳазор коммуна)-ро дар бар мегиранд. Итолиё узви СММ (аз соли 1955), НАТО (1949), Шӯрои Аврупо (1949), Иттиҳоди Аврупо (1993), Иттиҳоди Аврупо оид ба неруи атомӣ (1958), Хазинаи Байналмилалии Асъор (1947), Бонки байналмилалии Таҷдид ва Рушд (1947), Ташкилоти умумиҷаҳонии савдо (1995), САҲА (1973), Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд (1961) мебошад.
Шиор: нест | |
Суруди миллӣ: «[[Суруди миллии Итолиё|]]» | |
Рӯзи истиқлолият | |
Забони расмӣ | Забони итолиёӣ |
Пойтахт | Рим |
Шаҳри калонтарин | Рим, Милан, Неапол, Турин, Палермо, Генуя, Болоня, Флоренсия, Бари, Катания, Венетсия |
Идораи давлат | |
Президент | Серҷиу Матарелла |
Масоҳат • Ҳамагӣ • Фоизи об. | 71-ум ҷой дар ҷaҳон 301 340 км² (бо ҷазира 309 547) км² 2,4 % |
Аҳолӣ • Ҳамагӣ (2017) • Зичӣ | 43-ум ҷой дар ҷaҳон 60 497 174 200,76 нафар/км² |
Пули миллӣ | евро |
Интернет-Домен | .it (ва .eu) |
Коди телефон | +39 |
Соат | UTC +1 +2 |
Имрӯз қисми | {{{Имрӯз}}} |