From Wikipedia, the free encyclopedia
Давлати Салҷуқиён — давлати турку форсизабони асримиёнагӣ. Аз сулолаи туркзабони қабилаҳои оғузи туркманҳо баромада, соли 1040 баъд аз торумори Ғазнавиён дар Хуросон ҳукмрон шудаанд.
Давлати Салҷуқиён | |||||||||||||||||||||||||||||||
форсӣ: دولت سلجوقیان Dawlat-i Salcūqiān | |||||||||||||||||||||||||||||||
империя, салтанат | |||||||||||||||||||||||||||||||
| |||||||||||||||||||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| |||||||||||||||||||||||||||||||
Пойтахт | |||||||||||||||||||||||||||||||
Забон(ҳо) | |||||||||||||||||||||||||||||||
Дин | ислом | ||||||||||||||||||||||||||||||
Воҳиди пул | динор[d] | ||||||||||||||||||||||||||||||
Майдон | 12.000.000 км² | ||||||||||||||||||||||||||||||
Шакли ҳукмронӣ | подшоҳӣ | ||||||||||||||||||||||||||||||
Сулола | Салҷуқиён | ||||||||||||||||||||||||||||||
Султон | |||||||||||||||||||||||||||||||
|
Ҷанги Дандонақон, ки дар соли 1040 сурат гирифта, тақдири давлати Ғазнавиёнро ҳал карда буд, боиси тамоман ба Хуросон соҳиб шудани Салҷуқиён гардид[8].
Туғралбеки Салҷуқӣ (1040–1063) пас аз ин ғалаба фавран худашро «султон» эълон кард ва бародари худро дар Хуросон гузошта, ба тарафи Гургон лашкар кашид. Ӯ дар як муддати кӯтоҳ нафақат Гургон, Табаристон, Хоразм ва Озарбойҷонро ба таҳти тасарруфи худ гирифт, балки як қисми вилоятҳои ғарбии Эрони кунуниро низ ишғол намуда, дар соли 1055 пойтахти хилофати Аббосӣ шаҳри Бағдодро ба дасти худ даровард ва салтанати давлати салҷуқиро расман эълон кард. Султон Туғрал Кирмон ва Форсро низ забт намуда, дар Кавказ ба қӯшуни давлати Румия шикасти сахт ворид овард.
Пас аз вафоти Туғрал бародарзодаи ӯ Алпарслон (1063– 1072) ба тахт нишаста, хоки давлати салҷуқиро хеле вусъат дод. Алпарслон баъзе ҷойҳои Мовароуннаҳрро ба худ тобеъ кард. Вай инчунин императори Румия — Романи IV Диогенро мағлуб намуд.
Дар вақти ҳукмронии Ҷалолиддини Маликшоҳ (1072–1092) ҳудуди давлати салҷуқӣ ба дараҷае тавсеа ёфт, ки аз соҳилҳои баҳри Миёназамин сар карда, то сарҳади давлати императории Чин қариб тамоми мамлакатҳои исломии Осиё дар таҳти тасарруфи он қарор гирифтанд. Аммо пас аз фавти Маликшоҳ давлати паҳновари салҷуқӣ аз ҳам пош хӯрда, ба якчанд мулку давлатчаҳо тақсим шуда рафт. Дар асри ХII пойтахти давлати салҷуқии аҳди Санҷар (1118– 1157) шаҳри Марв буд. Ин шаҳр хеле тараққӣ карда, масоҳати бузургеро ишғол менамуд, каналҳои зиёди обёрӣ ва маҳаллаҳои калони пешаварӣ дошт. Марв ҳамчунин яке аз марказҳои мадании онвақта ба шумор мерафт. Ёқут чунин менависад: «Вақте ки ман онро (яъне Марвро.– Б. Ғ.) тарк кардам, дар он ҷо даҳ китобхонаи вақф мавҷуд буд, ки дар бобати фаровонӣ ва бартарии китобҳои маҳфузгардида назири чунин як ганҷинаи китобро дар олам надидаам»[9].
Дараҷаи маданияти Салҷуқиёни бодиянишин нисбат ба савияи мадании халқҳои мутеъгардидаи Мовароуннаҳр ва Хуросон хеле паст буд. Кормандони дараҷаи дувум ва севуми давлати салҷуқиро як сӯ гузорем, худи «Салҷуқиёни бузург» низ аз дониш дур буданд. Масалан, Туғрал ва Алпарслон, ҳатто савод ҳам надоштаанд.
Ин вазъият сабаб шуд, ки дар умури идораи ҳукумати Салҷуқиён мардони сиёсии маданитарин халқҳои ин сарзамин — форс, тоҷик ва туркони муқимӣ роли муҳиме бозанд. Ҳамеша дар чунин мавридҳо фотеҳон дар таҳти таъсири халқҳои мутеъ, вале хеле маданӣ қарор мегирифтанд.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.