Имон — дар дини ислом эътиқод ба Аллоҳ, рисолати пайғамбари Муҳаммад (с) ва ба китобҳои муқаддас — Қуръон, боварӣ ба қазову қадар ва охират аст. Имон аз ваҳдати се ҳад — эътиқод (боварии яқини ботинӣ), иқрор (дар сухан эътироф кардан) ва амал (ба воситаи корҳои нек исбот намудан) иборат аст.[2]