![cover image](https://wikiwandv2-19431.kxcdn.com/_next/image?url=https://upload.wikimedia.org/wikipedia/commons/thumb/0/02/Flag_of_Gibraltar.svg/langtg-640px-Flag_of_Gibraltar.svg.png&w=640&q=50)
Гибралтар
From Wikipedia, the free encyclopedia
Гибралта́р (англ. Gibraltar [dʒɪˈbrɔːltər]) — мулке кӯҳистонӣ дар соҳили ҷанубии Испониё дар ҷануби ғарбии Аврупо аст, ки дар интиҳои ҷануби нимҷазираи Пиреней қарор дорад ва аз шимол марзи муштарак бо Испониё дорад ва яке аз Сарзаминҳои наздидарёии Биритониё ба шумор мерафт.
англ. Gibraltar исп. Gibraltar | |||||
|
|||||
[[Суруди миллии {{{Номи одӣ}}}|Суруди миллии {{{Номи одӣ}}}]] | |||||
![]() |
|||||
Забонҳои расмӣ | инглисӣ | ||||
Пойтахт | Гибралтар | ||||
Воҳиди пул | Gibraltar pound[d] | ||||
Интернет-домен | .gi | ||||
Рамзи ISO | GI | ||||
Пешшумораи телефон | +350 | ||||
Минтақаи замонӣ | Central European Time[d] |
Калимаи «Гибралтар» гунаи испониёишудаи ибораи арабии Ҷабалу-т-Ториқ (جبل الطارق) мебошад, ки маънояш кӯҳи Ториқ аст. Ин ном ба шарафи сарлашкари араб Ториқ ибни Зиёд, ки ҳуҷуми арабҳоро ба нимҷазираи Пиреней роҳбарӣ кардааст, дода шудааст. Ҳудуди Гибралтар димоғаи танги серхарсанг ва гарданаи региро (онро бо нимҷазираи Пиреней мепайвандад) дар бар мегирад. Минтақаи бетараф Гибралтарро аз ш. Ла-Линеяи Испания ҷудо мекунад. Сарҳаддаш бо Испания барои ҳаракати автомобилҳо ва равуои пиёдагардон шабонарӯзӣ боз аст. Дар шарқ то баҳри Миёназамин тӯл кашидааст. Дар ғарби он халиҷи Алхетирас ҷойгир аст. Дар ҷануб гулӯгоҳи Гибралтар Гибралтарро аз Африқо ҷудо мекунад. Масоҳаташ 6,5 км2. Тӯли Гибралтар аз ҷануб ба шимол — 4,8 км, аз ғарб ба шарқ — то 1,2 км. Аҳолиаш 30,1 ҳазор нафар (2013). Воҳиди пулаш — фунт стерлинги Гибралтар. Аз соли 2000 дар Иттиҳоди Аврупо мақоми махсус дорад.