![cover image](https://wikiwandv2-19431.kxcdn.com/_next/image?url=https://upload.wikimedia.org/wikipedia/commons/thumb/c/c3/NGC_4414_%2528NASA-med%2529.jpg/640px-NGC_4414_%2528NASA-med%2529.jpg&w=640&q=50)
Галактика
From Wikipedia, the free encyclopedia
Каҳкашон (форсӣ: کهکشان), Галактика, (юн.-қад. γᾰλαξίας «Роҳи Ширӣ»[1] аз юн.-қад. γάλα, γάλακτος «шир») — манзумаҳои азими ситораӣ (то 1013 ситора), ки берун аз Роҳи Каҳкашони мо ҷойгиранд. Каҳкашон дар ҳамаи самтҳо намоён буда, фақат дар минтақаи Роҳи Каҳкашон дар натиҷаи фурӯбурди шуъои рӯшноии байни ситораҳо ба чашм намудор нестанд. Бо чашми одӣ се каҳкашон — туманоти Андромеда, Абрҳои Калон ва Хурди магелланиро, ки ба мо нисбатан наздиканд, мушоҳида кардан мумкин аст. Аксари каҳкашонҳо чунон дуранд, ки ҳамчун нуқтаҳои хурд ба чашм мерасанд. Дурахшонии даҳҳо ҳазор каҳкашон аз 15 қадри ситораӣ (15m) зиёдтар буда, бо ёрии телескопҳои бузурги рӯйизаминӣ ва кайҳонӣ шакл ва хосиятҳои физикии онҳоро таҳқиқ кардан мумкин аст. Каҳкашонро ситорашиносии беруникаҳкашонӣ меомӯзад. Маълумот дар бораи каҳкашон дар зиҷҳои алоҳида ҷамъ оварда мешавад. Аз онҳо зиҷи аввалини туманот ва тарокумҳои ситораии ситорашиноси фаронсавӣ Ш. Мессийе (охири садаи XVIII, дар он каҳкашони Андромеда чун М 31 қайд шудааст) ва «Зиҷи нави умумӣ»-и (NGS) астрономи инглис Й. Дрейер (1888) маъмул мебошанд (дар он каҳкашони Андромеда чун NGS 224 сабт гардидааст).
![Thumb image](http://upload.wikimedia.org/wikipedia/commons/thumb/c/c3/NGC_4414_%28NASA-med%29.jpg/640px-NGC_4414_%28NASA-med%29.jpg)