From Wikipedia, the free encyclopedia
Вита́лий Ла́заревич Ги́нзбург (21 сентябр (4 октябр) 1916, Маскав — 8 ноябри 2009, ҳамон ҷо[13]) — физикдони назарии шӯравиву рус, академики АИ ИҶШС (1966), сарвари мактаби илмӣ.
русӣ: Вита́лий Ла́заревич Ги́нзбург | |
Таърихи таваллуд | 4 октябр 1916[1] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 8 ноябр 2009[5][6][7][…] (93 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | физики назарӣ[d], физик ва ахтарфизик |
Ҷойҳои кор | |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои физика ва метематика[d] (1942) |
Алма-матер | |
Роҳбари илмӣ | Игор Тамм ва Ландау, Лев Давидович |
Шогирдон | Leonid Keldysh[d], David Abramovich Kirzhnits[d] ва Vladimir Zheleznyakov[d] |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов (1938). Аз соли 1940 корманди Институти физикаи ба номи П. Н. Лебедеви АИ ИҶШС, аз 1971 мудири шуъбаи назариявии ҳамин институт; ҳамзамон профессори Донишгоҳи шаҳри Горкий, мудири кафедраи проблемаҳои физика ва астрофизикаи Институти физикаю техникаи Маскав. Асарҳои илмии Виталий Гинзбург ба соҳаҳои радиоастрономия, густариши мавҷҳои радио, физикаи плазма, пайдоиши нурҳои кайҳонӣ, оптикаи кристаллҳо, фавқунноқилият бахшида шудаанд. Виталий Гинзбург назарияи квантии эффекти Черенков-Вавилов ва назарияи афканишоти черенковиро дар кристаллҳо таҳия ва афканишоти гузарандаро (ҳамроҳи И. М. Франк) пешгӯӣ намудааст. Виталий Гинзбург солҳои 1950—1951 бо муаммоҳои реаксияҳои гармоҳастаӣ (термоядроӣ), аз 1958 бо таҳқиқи назарияи экситонҳо ва оптикаи кристаллӣ машғул шуда, назарияи полуфеноменологии фавқунноқилият (ҳамроҳи Л. Д. Ландау) ва назарияи полуфеноменологии фавқуссайёлиятро (якҷо бо Л. П. Питаевский) таҳия намудааст. Ӯ меъёри истифодаи назарияи майдони мобайниро дар назарияи гузаришҳои фазавии навъи II (меъёри Гинзбург) дарёфт кардааст.
Дорандаи Мукофоти сталинӣ (1953), Мукофоти ленинӣ (1966), ҷоизаи Нобел (2003, ҳамроҳи А. А. Абрикосов ва Э. Леггет).
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.