From Wikipedia, the free encyclopedia
Вата́н (ар. وطن – зодгоҳ, ҷойи камолот) — диёр, меҳан, кишвар, мамлакат ва сарзамине, ки кас дар он таваллуд шудааст, маконе, ки хуни нофаш рехтааст (киноя). Кишваре, ки бо сарватҳои табиӣ, аҳолӣ, сохти ҷамъиятӣ ва давлатӣ, хусусиятҳои забон, фарҳанг, ойин, урфу одат ба соҳибватанон таърихан тааллуқ дорад. Берун аз ватан рафтаро «мусофир», «муҳоҷир» ва «ғариб» мегӯянд. [1]
Дар гузашта мазмун ва мундариҷаи мафҳуми ватан танг буда, масъалаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ғайраро дар бар намегирифт. Баъди Инқилоби Октябри соли 1917 маънои Ватан ва ватандорӣ барои тоҷикон ва дигар миллатҳо, ки дар қаламрави собиқ ИҶШС зиндагӣ мекарданд, мазмуни нав гирифт. Мафҳуми Ватан васеъ шуда, тамоми ҳудуди собиқ ИҶШС-ро фаро мегирифт, ғояҳои дӯстии тамоми миллатҳои ин иттиҳодро ифода менамуд. Баъди барҳам хӯрдани ИҶШС ва соҳиби истиқлоли давлатӣ гардидани кишварҳои узви он мафҳуми ватан ба қисми ҷудонашавандаи шуури миллии ҳар як соҳибватанон табдил ёфт. Ҳисси ватанпарварӣ тадриҷан рушд намуд. Дар давраи муосир Ватан барои тоҷикон ва ҳар соҳибватан дар радифи модар (Модар–Ватан) яке аз муқаддастарин арзиш фаҳмида мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тамоми тоҷикони дунё ватани аҷдодӣ мебошад. Афкори ватандӯстӣ ва ватанияхоҳиро қариб дар тамоми осори фозилон, шоирон ва адибони классику муосири тоҷик мавҷуд аст. Мавзӯъ ва мазмуни эҷодиёти иддае аз шоиронро васфи Ватан ташкил медиҳад.[2]
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.