Вайон-Кутюрио Пол
From Wikipedia, the free encyclopedia
Вайон-Кутюрио Пол (8.1.1892, Порис – 10.10.1937, ҳамон ҷо) — нависанда ва ходими Ҳизби коммунисти Фаронса. Хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Порис. Иштирокдори Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914–18). Яке аз асосгузорони Ҳизби коммунистӣ дар Фаронса (1920). В.-К. Инқилоби Октябри соли 1917-ро бо хушнудӣ пешвоз гирифт. Солҳои 1926– 37 сармуҳаррири г. «Юманите »-и Фаронса буд. В.-К. якчанд бор ба собиқ ИҶШС, соли 1931 ба Тоҷикистон омад. Вай нахустин нависандаи фаронсавист, ки ба Тоҷикистон омадааст. Ӯ бо ҳаёти иқтисодию фарҳангии халқии тоҷик шинос шуда, таассуроти хешро дар силсилаи очеркҳо нигошт, ки дар г. «Юманите» ба табъ расиданд. Асарҳои «Бозгашти чӯпон » (1913), «Сулҳ» (1913–14), «Айёми таътил», «Ҷанги аскарон» (ҳар ду 1919), «Жанни бенаво» (1921), «Поездҳои сурх» (1925) ва ғ. навиштаҳои В.-К. мебошанд. Соли 1932 маҷмӯаи очеркҳои В.-К. (иборат аз 24 очерк) ба шакли китоби алоҳида ба табъ расид (ба русӣ, 1933). Понздаҳ боби ин маҷмӯа таассуроти сафари В.-К.-ро аз боздиди мавзеъҳои гуногуни Тоҷикистон фаро гирифтааст.
фр. Paul Vaillant-Couturier | |
Таърихи таваллуд | 8 январ 1892(1892-01-08)[1][2] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 10 октябр 1937(1937-10-10)[5][3][1][…] (45 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Пеша | сиёсатмадор, нависанда, рӯзноманигор |
Модар | Marguerite Vaillant-Couturier[d] |
Завҷа | Marie-Claude Vaillant-Couturier[d][5] ва Ida Treat[d][6] |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор | |
Осор дар Викитека |