![cover image](https://wikiwandv2-19431.kxcdn.com/_next/image?url=https://upload.wikimedia.org/wikipedia/commons/thumb/0/0a/Flag_of_Benin.svg/langtg-640px-Flag_of_Benin.svg.png&w=640&q=50)
Бенин
From Wikipedia, the free encyclopedia
БЕНЍН, Ҷумҳурии Бенин (фаронсавӣ: République du Bénin, то 1975 Республикаи Догомея) — кишварест дар Африқои Ғарбӣ. Дар шимол бо Нигер, дар шимолу ғарбӣ бо Буркина Фасо, дар ғарб бо Того, дар шарқ бо Нигерия ҳамсарҳад буда, дар ҷануб онро халиҷи Гвинеяи Уқёнуси Атлантик иҳота кардааст. Масоҳаташ 112,6 ҳазор км2. Аҳолиаш 9 983 884 нафар (2013). Пойтахти расмиаш шаҳри Порто-Ново, аммо бинои ҳукумат ва парламент дар шаҳри Котону ҷойгир аст. Аз 12 департамент ва 77 музофот иборат мебошад. Ҷашни давлатӣ — Рӯзи истиқлол (1 августи соли 1960), воҳиди пулӣ – франки Африқо = 100 сантима.
Quick Facts
![]() | ![]() |
![]() | |
Шиор: «Fraternité, Justice, Travail (фр.: Бародарӣ, Адолат, Меҳнат» | |
Суруди миллӣ: «[[Суруди миллии Ҷумҳурии Бенин|L'Aube Nouvelle | |
Рӯзи истиқлолият | (аз Франсия) |
Забони расмӣ | фаронсавӣ |
Пойтахт | Порто-Ново, Котону |
Шаҳри калонтарин | Котону |
Идораи давлат | Ҷумҳурии президентӣ |
Президент | Яи Бони (Yayi Boni) |
Масоҳат • Ҳамагӣ • Фоизи об. | 99-ум ҷой дар ҷaҳон 112 622 км² 1,8 % |
Аҳолӣ • Ҳамагӣ (2002) • Зичӣ | 94-ум ҷой дар ҷaҳон ▲ 9 740 417 нафар (2013) 79 нафар/км² |
ММД • Ҳамагӣ (2008) • Ба сари аҳолӣ | 140-ум ҷой дар ҷaҳон 13,035 млрд $ 1 608 $ |
Пули миллӣ | франк КФА |
Интернет-Домен | .bj |
Коди телефон | +229 |
Соат | UTC +1 |
^ Қасри президент, ҳукумат ва сафоратхонаҳои мамолики хориҷӣ | |
Имрӯз қисми | {{{Имрӯз}}} |
Close