From Wikipedia, the free encyclopedia
Газҳои табиии сӯзанда ва ё гази табиӣ — карбогидридҳои газшакл, ки дар қишри замин ҳосил мешаванд.
Газҳои табиии сӯзанда газҳои табиии сӯзанда, асосан, аз метан, этан, пропан ва бутан иборат мебошанд. Онҳо баъзан омехтаи карбогидридҳои моеъ – пентан, гексан ва ғ., инчунин гидрогенсулфид, нитроген, газҳои инертӣ, оксиди карбон (IV) низ доранд. Бисёр конҳои газҳои табиии сӯзанда., ки дар умқи зиёда аз 1,5 км ҷойгиранд, танҳо аз метан ва ҳамтоёни он (этан, пропан, бутан), нитроген, аргон, гази карбонат, гидрогенсулфид иборат мебошанд; одатан, вобаста ба умқ миқдори ҳамтоёни метан меафзояд. Газҳои табиии сӯзанда асосан аз табдили биокимиёии маводди органикӣ ҳосил шуда, дар таҳнишастҳои ҳамаи системаҳои геологӣ, ки аз охири протерозой ибтидо мегиранд, дар конҳои махсус ва омехта (газу нафт, газу конденсант) вомехӯранд. Агар газҳои табиии сӯзандадар як қабати геологӣ ҷамъ омада, кон ҳосил кунанд, онро кони массивӣ меноманд. Газҳои табиии сӯзанда ҳамчун сӯзишвории арзон (ҳангоми сӯхтани 1 м3 гази табиӣ 54400 кҶ гармӣ хориҷ мешавад) фаровон истифода мешаванд. Газҳои табиии сӯзанда ашёи хоми пурбаҳои кимиёӣ мебошанд. Онҳоро дар неругоҳҳои барқӣ, саноати филизкории сиёҳ ва ранга, семент, эҳтиёҷоти коммуналию маишӣ ва ғ. истифода мебаранд. Аз карбогидридҳои газҳои табиии сӯзанда спирт, формалдегид, атсеталдегид, асиди (кислотаи) атсетат, атсетон ва дигар пайвастҳои органикӣ ҳосил мекунанд.
Дар Тоҷикистон чанд кони газҳои табиии сӯзанда таҳқиқ ва мавриди истифода қарор дода шудаанд. Онҳо нитрогени озод, газҳои инертӣ ва 60–80% метан доранд.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.