![cover image](https://wikiwandv2-19431.kxcdn.com/_next/image?url=https://upload.wikimedia.org/wikipedia/commons/thumb/2/2c/Flag_of_Bahrain.svg/langtg-640px-Flag_of_Bahrain.svg.png&w=640&q=50)
Баҳрайн
From Wikipedia, the free encyclopedia
Баҳрайн, Давлати Баҳрайн (ар. مملكة البحرين — Мамлакату-л-Баҳрайн) — давлат (аморат)-ест дар Шарқи Наздик, дар қисми шимолу ғарбии Халиҷи Форс. Дар ҳамсоягӣ бо қисми соҳилии Арабистони Саудӣ ва Қатар ҷойгир буда, аз 33 ҷазира иборат аст ва бузургтарини он — Баҳрайн бо Нимҷазираи Арабистон ба тавассути гарданаи 25-километрӣ пайваст мебошад. Дарозии ҷазираи Баҳрайн 50 км, бараш 16 км. Масоҳати умумии ҷазираҳо 695,15 км². Аҳолиаш 1,2 млн нафар (2011). Пойтахташ Манома (160 ҳазор нафар). Шаҳри бузургтаринаш — Ал-Муҳаррак (90 ҳазор нафар). Воҳиди пулӣ — динори баҳрайнӣ. Иди миллӣ — Рӯзи истиқлол (14.8.1971).
Quick Facts Подшоҳии Баҳрайн, Санаи истиқлол ...
مملكة البحرين Мамлакату-л-Баҳрайн[1] | |||||
|
|||||
Суруди миллӣ: «Баҳрайни мо» |
|||||
![]() |
|||||
Санаи истиқлол | 14 августи 1971 (аз Бритониёи Кабир) | ||||
Забони расмӣ | арабӣ | ||||
Пойтахт | Манома | ||||
Шаҳрҳои калонтарин | Манома | ||||
Шакли ҳукумат | подшоҳии дугона[2] | ||||
Подшоҳи | Ҳамад ибни Исо Оли Халифа | ||||
Нахуствазир | Халифа ибни Салмон Оли Халифа | ||||
Дини давлатӣ | ислом | ||||
Масоҳат | |||||
· Ҳамагӣ | 766 км² | ||||
· % сатҳи об | 0% | ||||
Аҳолӣ | |||||
· Баҳо (2014) | 1,343,000 нафар | ||||
· Зичӣ | 1,626.6 наф./км² | ||||
ММД (БҚХ) | |||||
· Ҳамагӣ | $34.908 миллиард долл. | ||||
· ба сари аҳолӣ | $29,146 долл. | ||||
· ба сари аҳолӣ | $24,281 долл. | ||||
ШРИ (2013) | ▲ 0,796[3] (ниҳоят баланд) | ||||
Воҳиди пул | динори баҳрайн (BHD, рамз 48) | ||||
Интернет-домен | .bh | ||||
Рамзи ISO | BH | ||||
Рамзи КБО | BRN | ||||
Пешшумораи телефон | +973 | ||||
Минтақаи замонӣ | +3 |
Close