Бақеъ
From Wikipedia, the free encyclopedia
Бақе́ъ (ар. البقيع) — аввалин гӯристони мусулмонон дар қисмати шарқии Мадина, дар канори масҷиди Пайғамбар (с), ки дар он чун Усмон ибни Аффон (р), имом Ҳасан, Аббос ибни Абдулмуталлиб, духтарон ва аксари ҳамсарони Пайғамбари акрам (с) ва дигар бузургони садри аввал мадфунанд[1].
Минтақаи Бақеъ дар рӯзгори Расули Худо (с) дар гӯшаи шаҳри Мадина ҷойгир шуда, онро аз се ҷониб киштзорҳои мардум иҳота мекард. Пас аз тавсиаи Мадина гӯристони Бақеъ дар миёнаи шаҳр қарор гирифт ва пас аз тавсиаи масҷиди набавӣ дар давраҳои ахир он бо масҷид пайвастааст ва онҳоро роҳрав ва хиёбони борике аз ҳам ҷудо мекунад. Бақеъ яке аз бузургтарин осори боқимонда ва мероси замони нубувват аст, ки дар назди уммати ислом арзиши динии хоссе дорад ва ҳамин кофист, ки Расули Худо (с) вориди он мешуд ва барои хуфтагони он манзил дуо мекард.