From Wikipedia, the free encyclopedia
Бали[1][2] (Bali) — ҷазирае дар таркиби галаҷазираи Малайи Зонди Хурд дар Индонезия. Масоҳаташ 5,6 ҳазор км². Аҳолиаш 3,8 млн нафар (2010).
индон. Bali | |||||
|
|||||
Кишвар | [[|]] | ||||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||||
Масоҳат |
|
||||
Баландӣ | 3 031 м | ||||
Вақти минтақавӣ | WITA[d] | ||||
Аҳолӣ | |||||
Аҳолӣ |
|
||||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Масоҳати ҷазираҳо 5780 км² ташкил медиҳад, дарозиаш — 150 километр аз шарқ ба ғарб ва 80 км аз шимол ба ҷануб.
Сатҳаш кӯҳсор. Ҷойи баландтарини Бали – вулкани Агунг (3142 м). Кӯҳҳояшро бешаҳои омехта фаро гирифтаанд. Соҳилҳояш баланд.
Иқлимаш тропикии мавсимӣ; тобистонаш сербориш (бориши солонааш ба ҳисоби миёна–1500 мм), зимистонаш хушк.
Дар соҳилҳои Бали шолӣ, қаҳва ва какао парвариш карда мешавад.
Дар садаи XIV Бали дар таркиби давлати Маҷапахити Ява буд. Дар аввали садаи XX зери мустамликаи ҳолландиҳо, баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939–1945) – дар таркиби Ҷумҳурии Индонезия.
Ҳамагӣ дар ҷазираҳо 4 225 384 инсон (2014) зиндагӣ мекунад. Бо оғози асри XXI аҳолии ҷазираҳо беш аз миллион нафар афзудааст.
Ҷазираҳои Бали, маркази туризми байналхалқист.
Бали маркази фарҳанги ҳунари бостонии Индонезия буда, кандакорӣ дар чӯбу устухон, деворнигорӣ, гулпартоӣ дар матоъ (Батик), ниқобсозӣ тараққӣ кардааст. Ёдгорҳои меъморӣ зиёданд: «Мазори шоҳон (асри 11), «Ғори фил» (асри 13) ва ғайра. Аз ин рӯ, Балиро «ҷазираи ҳазорон маъбад» меноманд.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.