![cover image](https://wikiwandv2-19431.kxcdn.com/_next/image?url=https://upload.wikimedia.org/wikipedia/commons/thumb/b/ba/Atheismsymbol_endorsed_by_AAI.svg/langtg-640px-Atheismsymbol_endorsed_by_AAI.svg.png&w=640&q=50)
Атеизм
From Wikipedia, the free encyclopedia
Атеи́зм, бехудоӣ (юн.-қад. ἄθεος — «инкори Худо»[1], «бехудоӣ»; аз ἀ — «бе» + θεός — «Худо»[2]) — як навъи эътиқодест, ки вуҷуди Худо ва мавҷудоти фавқуттабииро рад мекунад. Атеизм дар мавридҳои гуногун вобаста ба матн (қарина) метавонад падидаҳои гуногун, аз ҷумла озодандешии динӣ (озодфикрӣ), шак овардан ба маърифати Худо (агноститсизми динӣ), қатъан рад кардани Худо (атеизмии радикалӣ) ва ғайраро ифода кунад. Атеизм ба мисли дигар инкорҳо ба объекти инкор ё худ теизм бастагӣ дорад ва аз ин рӯ, он худ ба таври мустақилона вуҷуд дошта наметавонад. Атеизм бар ҳайси «танқид»-и дин муқобили он намебарояд, балки муносибаташро нисбат ба таърихи динҳо дар шаклҳои гуногун вобаста ба қаринаҳои таърихию фарҳангӣ муайян мекунад. Атеизм ҳамчун падидаи иҷтимоӣ-фарҳангӣ на фақат ба муқобили объекти инкор (дин) мебарояд, балки он ба маҷмӯи тамоми омилҳои ҳаёти иҷтимоӣ равона гардида, бештар дар шакли донишҳои дунявии фалсафӣ, илмӣ, сиёсӣ ва ғайра зоҳир мешавад. Дар фалсафаи атиқаи юнонӣ онҳоеро атеист меномиданд, ки парастиши худоҳои расмиро рад мекарданд. Ҳатто аввалин масеҳиёни Румро низ ба атеизм айбдор мекарданд, зеро яккахудойи (монотеизм)-и насронӣ бисёрхудойи (политеизм)-и мавҷударо, ки мебоист ҷойгузини он мешуд, рад карда буд.
![Thumb image](http://upload.wikimedia.org/wikipedia/commons/thumb/b/ba/Atheismsymbol_endorsed_by_AAI.svg/320px-Atheismsymbol_endorsed_by_AAI.svg.png)
![Thumb image](http://upload.wikimedia.org/wikipedia/commons/thumb/6/62/AtheistRibbon.svg/640px-AtheistRibbon.svg.png)
![Людвиг Фейербах](http://upload.wikimedia.org/wikipedia/commons/thumb/f/f6/Feuerbach_Ludwig.jpg/320px-Feuerbach_Ludwig.jpg)
![Карл Маркс](http://upload.wikimedia.org/wikipedia/commons/thumb/f/fc/Karl_Marx.jpg/640px-Karl_Marx.jpg)