From Wikipedia, the free encyclopedia
Арнаб (аз ар. الأرنب — харгӯш, лот. Lepus) — бурҷи Нимкураи Ҷанубии осмон, масоҳаташ 290,3 градуси мураббаъро фаро гирифта, 72 ситораи ба чашм аёнро дорост.
Арнаб бурҷи қадима буда, ба каталоги «Алмаҷастӣ»-и Батлимуси Калузӣ (Клавдий Птолемей) шомил аст. Ситораҳои дурахшонаш Арнаб (α Lep) — 2,58m ва Ниҳал (β Lep) — 2,84m. Ситораи R Lep яке аз ситораҳои сурхи тағйирёбандаи осмон буда, нахуст онро олими немис Иоганн Фридрих Юлиус Шмидт (1825—1884) таҳқиқ намудааст. Ахтаршиноси англис Ҷон Рассел Хайнд (1823—1895) онро «ҳамчун қатраи хун дар манзари сиёҳ» номидааст. Даври гардишаш дар гирди Офтоб 432,47 шабонарӯз буда, тобишаш аз 5,9 то 10,5 бузургии ситоравӣ тағйир меёбад. Арнаб дар арзҳои аз +63° то −90° намоён аст.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.