Анабар
From Wikipedia, the free encyclopedia
Анабар — дарё дар Ёқутистони Федератсияи Русия, дар шимолу шарқии Сибир. Аз пуштакӯҳи Анабар (паҳнкӯҳи Сибири Миёна) сар шуда (ин ҷойи болообаш Куонамкаи Калон ном гирифтааст), ба халиҷи Анабари Баҳри Лаптевҳо мерезад. Дарозиаш 939 км. Масоҳати ҳавзааш 100 ҳазор км2. Сарфи миёнаи обаш 610 м3/с.
Quick Facts Анабар, Мушаххасот ...
якут. Анаабыр | |
Мушаххасот | |
Тӯл | 939 км |
Ҳавза | 100 000 км² |
Сарфи об | 498 м³/с |
Ҷараёни об | |
Сарчашма (Т) (B) | |
• Баландӣ[?] | баландтар аз 450 м |
• Координатаҳо | 69°26′39″ с. ш. 106°20′20″ в. д.HGЯO |
Резишгоҳ (Т) (B) | Баҳри Лаптевҳо |
• Мавқеъ | халиҷи Анабар |
• Баландӣ | 0 м |
• Координатаҳо | 73°12′30″ с. ш. 113°33′25″ в. д.HGЯO |
Мавқеъ | |
Системаи обӣ | Баҳри Лаптевҳо |
|
|
Кишвар | Русия |
Минтақа | Ёқутистон |
Рӯйхати оби Русия | |
18010000112117600037247 | |
Рамзи ҳавза | 18.01.00.001 |
Рамзи ТҲ | 117603724 |
Ҷилди ТҲ | 17 (нашр 6)[1] |
— сарчашма, — резишгоҳ | |
Close
Дар пастии Сибири Шимолӣ водии дарё хеле васеъ мешавад. Манбаи обаш барфу борон. Охири сентябр ях баста, аввали июн яхаш об мешавад. Шохобҳои асосиаш: Куонамкаи Хурд, Удя, Уэле, Суолама, Харабил. Поёнобаш киштигард аст. Дар ҳавзаи Анабар кӯлҳо бисёранд; конҳои алмос мавҷуданд, аз моҳӣ бой аст.
Маҳалҳои аҳолинишин: Саскилах, Юрюнг-Хая ва ғ.