From Wikipedia, the free encyclopedia
Аморати Бухоро (форсӣ: امارت بخارا) ё Хонии Бухоро (то соли 1753) — давлатест, ки баъд аз тасарруфи хонигарии Аштархониён дар Осиёи Марказӣ дар солҳои 1753—1920 вуҷуд дошт. Амирони Бухоро аз пешвоёни қабилаи ӯзбекии манғит буда ба ибораи дигар, ҳукмронии сулолаи Узбекҳои Манғитияро дар Аморати Бухоро барқарор намудаанд.
Аморати Бухоро | |||||||||
форсӣ: امارت بخارا | |||||||||
Давлати мустақил (1785-1868, 1917-1920) Таҳтулҳимояи Русияи подшоҳӣ (1868-1917) | |||||||||
| |||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| |||||||||
Аморати Бухоро дар соли 1850 | |||||||||
Пойтахт | Бухоро | ||||||||
Забон(ҳо) | порсӣ ва ӯзбекӣ | ||||||||
Дин | Ислом (аксари мардум), яҳудият | ||||||||
Воҳиди пул | Bukharan tenga[d], рубл[d] ва Bukharan tenga[d] | ||||||||
Аҳолӣ | бештар аз 2 млн нафар (тоҷикон, ӯзбекҳо, туркманҳо, арабҳо, форсҳо, яҳудони бухороӣ, лӯлиҳо ва ғайра) | ||||||||
Шакли ҳукмронӣ | подшоҳии мутлақ[d] | ||||||||
Давомнокӣ | |||||||||
← Хонигарии Бухоро Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро → | |||||||||
Аморати Бухоро масоҳати заминеро аз Амударё ва Сирдарё иҳота мекард. Масоҳати асосии аморат — Бухорои Ғарбӣ дар поёноби тарёи Зарафшон буд, ва марказҳои аҳолинишини он шаҳрҳои қадимаи Самарқанд ва пойтахти аморат, Бухоро буданд. Бухорои Ғарбӣ — асосан сарзамини имрӯзаи Ӯзбекистон марказӣ ва ҷанубӣ ва қисми шарқии водии Зарафшон ва баъзе солҳо (дар натиҷаи ҳамлаи бобарори низомии лашкари аморати Бухоро) ноҳияи Шаҳристон, ноҳияи Истаравшани (Тоҷикистони Шимолиро дарбар мегирифт. Бухорои Шарқӣ — сарзамини имрўзаи Тоҷикистони марказӣ ва ҷанубӣ, ки дар асрҳои XVIII ва ибтидои XX ба ҳайати аморати Бухоро дохил буданд.[1]
Пешвои қабилаи манғит Муҳаммад Раҳимбий, ки аввал бо кумаки Нодиршоҳи эронӣ волии Бухоро шуда буд, Абдулфайзхонро (охирон хони сулолаи Аштархониён) бо ду писараш ба қатл расонид ва бо ҳимояти табақаи ашроф ва рӯҳонӣ ба тахти хонии Бухоро нишаста, дар соли 1753 ба силсилаи Манғития (1753 −1920) асос гузошт. Соли 1756 ӯ худро хон эълон кард.[2]
Давлатест, ки аз ҷониби Шайбониён дар натиҷаи ба тасарруф даровардани давлати парокандашудаи Темуриён ташкил ёфта, дар ибтидои асри XVI номи «Хонии Бухоро»-ро (1500-1753) гирифтааст. Дар аҳди салтанати Абдуллоҳхони II (1557 – 1598) хонӣ аз ҷиҳати сиёсӣ пуриқтидор ва сарзаминаш хеле васеъ гардид. Абдуллоҳхони II Балх (1573), Самарқанд (1578), Тошканд (1582),Фарғона (1583), Бадахшон (1584), Кӯлоб (1585),Хуросону Ҳироту Машҳад (1582 – 1583), Хоразмро (1593 – 1594) зери итоати худ дароварда, идораи марказии давлатро мустаҳкам намуд. Давлат аз Қошғар (дар Шарқ) то Туркистону Сайрам (дар Шимол) ва то қисми шарқии Хуросон (дар Ҷануб) доман паҳн намуд. Дар аҳди Шайбониён Бухоро бо Ҳиндустон, Туркия, Россия савдо ва муносибатҳои дипломатиро ривоҷ дод. Пас аз вафоти Абдуллоҳхон (1598) дар натиҷаи низоъҳои дохилие, ки дар аҳди ӯ сар шуда буданд, писараш Абдулмуъмин кушта шуд (1599) ва сулолаи Шайбониён барҳам хӯрд.[3] Соли 1868 аморат дар ҷанг бо Империяи Русия мағлуб шуд ва ба мустамликаи вай табдил ёфт.
Соли 1920 Аморати Бухороро болшевикон гирифтанд ва онро Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро номиданд.
Пиромуни рутбаҳо, номгӯйи мансабҳои Аморати Бухоро дар бисёре аз навиштаҷотҳои таърихӣ, китобҳои таърихӣ ба шакли пароканда вохӯрдан мумкин аст. Тавре ба назар мерасад, зиёдтарин номгӯйи мансаб дар тӯлонияти таърих дар Аморати Бухоро будаааст. Ҳанӯз дар ин бора ягон сарчашмаи аниқе вуҷуд надорад, ки феҳрасти шумори мансабу мартабаҳои Аморати Бухороро дақиқ рақам зада бошад. Аммо тавре мо ба натиҷа расидем, зиёда аз 200 номгӯйи мансабҳои калон дар Аморат ба чашм бармехӯрад. Ба ҷуз он ки дигар мансабҳои кӯчак, ки дар рустову деҳоти атрофи Аморат арзи вуҷуд мекарданд, ин шумориши сарсари танҳо даргоҳи Аморат аст, ки дар ҷуғрофиия он мо танҳо ба акнофи худи шаҳри Бухоро иқтифо кардем.
Дар авоили садаи XX Бухоро натанҳо пойтахти Аморати Бухоро, балки маркази фарҳангии Осиёи Миёна маҳсуб мешуд ва осори шашмаком низ дар онҷо инкишоф ва ташаккул ёфт. Тарзи дуруст хондани сурудҳои суннати дар мактабҳои Бухоро ривоҷ, сипас ба ҳавзаҳои фарҳангии дигар роҳ ёфт.[4]
Дар мероси адабию илмӣ ва фалсафии маорифпарвари тоҷик Аҳмади Дониш ду асари ӯ махсусан аҳамияти калон доранд. Яке аз ин асарҳо «Наводирулвақоеъ» ном дорад ва дигаре рисолаест, ки муаллиф ба он ном нагузоштааст ва мазмуни он аз таҳлили таърихи салтанати амирони манғит ва воқеаҳои сиесии он давр иборат аст, ки мо онро шартан «Рисолаи таърихӣ» меномем Муаллиф ба таълифи «Наводирулвақоеъ» зиеда аз даҳ соли умрашро сарф намудааст. Солҳои 1870—1873 рисолаи бо номи «Рисола дар назми тамаддун ва таовун»-ро ҳамчун барномаи ислоҳоти ҷиддии тарзи давлатдорӣ дар аморат навишт.[5] Минбаъд аз Аҳмади Дониш ибрат гирифта маорифпарварони тоҷик ба монанди Сангхӯҷа Асирӣ, Мирзо Абдулазими Сомӣ, Шарифҷон Махдуми Садри Зиё, Дилшоди Барно, Шамсиддин Шоҳин, Ҳайрат, Савдо ва диг. равияи маорифпарвариро давом доданд ва ба насли ҷадидони Бухоро роҳ кушоданд.
Мактабҳои усули куҳна — мактабҳое мебошанд, ки баъди забти кишвари Мовароуннаҳр аз ҷониби Хилофати Араб дар ин сарзамин пайдо шудаанд. Мактаб — зинаи аввали таҳсили ибтидоии маърифати дини ислом мебошад. Мактабҳои усули кўҳна аз асрҳои миёна то даврони Ҳукумати Шуравӣ (асри VIII — солҳои 20-уми асри XX) дар Осиёи Миёна, аз ҷумла Аморати Бухоро, фаъолият мекарданд.
Мактабҳо одатан дар назди масҷидҳои гузарҳои шаҳрӣ ва кищлокҳо ҷойгир шуда буданд. Дар мактаб домуллоҳо, имом хатибҳо ва азончиҳо ба талабагон дарс медоданд. Бинои мактаб ба маблағи ҷамоати масҷидҳо сохта таъмир карда мешуд. Шахсони алоҳида баъзе вакт барои сохтану таъмири мактабҳо маблағгузорӣ мекарданд. Баъзан дарсҳо дар ҳавлиҳои домуллоҳои мактаб гузаронида мешуданд. Даромади домуллоҳои мактаб аз инъому маблағгузории волидайни талабагон вобаста буд. Давлатдорон (амирону хонҳо) ба раванди маърифати исломӣ даҳолат намекарданд ва аз ин лиҳоз барои рушди маориф аз хазинаи амирон ягон маблағе ҷудо карда намешуд. Мактабҳои усули кўҳна танҳо бо як мақсад — омўзондани асосҳои дини ислом нигаронида шуда буд. Накшаи таълиму барномаи таҳсили ибтидоии маърифати дини ислом дар доираи мактаб мавҷуд набуд, аз ин лиҳоз домуллоҳо ба тарзу усули хеш дарс мегузарониданд. Дар мактабҳои усули кўҳна аксаран ба ғайр аз фанҳои динӣ, дигар фанҳо омўзонда намешуданд. Баъзан, бо ташаббуси домуллоҳо, дар баъзе мактабҳо фанҳои дунявӣ ба монанди: риёзиёт, таърих, ҷуғрофия ва ғайра таълим дода мешуданд. Вале миқдори ин гуна мактабҳо хело камшумор буданд.
Аввалин кӯшиши ташкил намудани мактаби усули нав дар аморати Бухоро ба мулло Ҷӯрабойи Пирмастӣ (с. 1900) мансуб аст. Вале мактаби ӯ ба қадри имкон ҳавасмандонро ба худ ҷалб карда натавонист ва аз ин рӯ, бо зуди баста шуд. Солҳои 1902—1903 Каипов ном тотор, ки мактабдори оддии анъанавӣ буд, мактаби худро ба усули нав табдил дод. Вале он мактаб низ дер давом накард ва баста шуд. Мактабҳои усули нави тоторӣ, ки дар онҳо забони таълим низ тоторӣ буд, барои таҳсили бухороиён-тоҷикон ва тоҷикзабонон душвори мекард. Бинобар ин бухороиён аз чунин мактабҳои усули нав ба тариқи кофи баҳравар шуда наметавонистанд.
Соли 1908 бо ташаббуси Мирзо Абдулваҳид Бурҳонзода (Мунзим) ва Садриддин Айнӣ дар шаҳри Бухоро, дар гузари Дарвозаи Салоҳҳон, дар ҳавлии Мунзим, аввалин мактаби форсии тоҷикӣ кушода шуд, ки дар он 12 нафар талаба тањсил мекард. С.Айнӣ ва Мунзим сараввал дар такмили маҳорати омўзгории худ ба муаллимон ва мактабҳои тотории Бухоро такя намудаанд. Онҳо барои аз љиҳати модди таъмин намудани мактаби худ ба бойбачагон моҳе се сўм ҳаққи таълим муайян намуда, фақирбачагонро бепул қабул кардаанд. Мунзим барои шогирдони мактаби худ «Роҳбари хат» ном аввалин дастурамали дарси тартиб дод. Ин мактаб дар таърих бо номи «мактаби Мунзим» маълум аст. Дар мактаби М. А. Мунзим ва С.Айнӣ низ нарасидани китобҳои зарури эҳсос карда мешуд. Бо мақсади бартараф намудани ин норасои, с. 1909 бо ташаббуси ҳарду «Ширкати Бухорои Шариф» таъсис гардид. Ин ширкат дар навбати аввал барои саҳеҳ талаффуз кардани овозҳои нутқ, махсусан оятҳои Қуръон, китоби «Тартиб ул-Қуръон»- ро њозир намуданд. Бо ташаббуси С.Айнӣ инчунин китоби дигари дарси «Таҳзибуссибён» («Тарбияи ҷавонон») тайёр ва нашр карда шуд. Гарчанде дар фаъолияти мактаб ягон нишонаи муқобили шариатро пайдо накарданд, вале 25 сентябри соли 1909, бо амри ҳукумати амирӣ, мактаби Мунзим баста шуд. Баъд аз ин таҳсили бухороиёнро дар мактабҳои усули нави татари ҳам манъ намуданд.[5][6]
Инчунин дар аморат бо ташаббуси ҷадидони Бухоро аввалин рӯзномаи форсии тоҷикӣ «Бухорои Шариф» — аз 11 марти соли 1912 (4 рабеулохири 1330 ҳиҷрӣ), воқеъ дар шаҳраки Когон (Бухорои Нав, наздикии Бухоро) нашр гардид. Рўзномаи «Бухорои Шариф» ҳамагӣ 153 шумора нашр шуда 2 январи соли 1913 баста шуд.[7]
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.