Алишер Ҷӯраевич Латифзода – оҳангсози (композитор)-и тоҷик, узви ASCAP (American Society of Commposers, Authors and Publishers) Ассотсиатсияи миллии композиторони ИМА; аъзои Иттифоқи композиторони Россия ва Ӯзбекистон. Узви Академияи Байналхалкии Шоҳии Созмони Милали Муттаҳид.. [2]Осораш дар 37 мамлакат барои тамошобинон пешкаш шудааст.

Quick Facts Алишер Латифзода, Таърихи таваллуд ...
Алишер Латифзода
Таърихи таваллуд 2 июн 1962(1962-06-02)[1] (62 сол)
Зодгоҳ
Кишвар
Пеша(ҳо) оҳангсоз, омӯзгори мусиқӣ
Close

Зиндагинома

Алишер Латифзода 2 июни соли 1962 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1980 мактаби миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявиро дар синфи скрипка ва композитсия хатм намуда, ҳамон сол ба Консерваторияи давлатии Москва ба номи П.И.Чайковский ба синфи профессор Пирумов А.И. (композитсия, полифония) дохил мешавад. Баъди хатми Консерватория соли 1985 А. Латифзода ба Иттифоқи композиторони СССР қабул карда шуд. Вай дипломанти Озмуни умумииттифоқии композиторон (1983) аст. Солҳои таҳсил вай дар жанрҳои гуногун якчанд асарҳо, аз ҷумла: Сюита барои квартети торӣ, силсилаи миниатюраҳо барои квинтети созҳои нафасии чӯбин, Соната барои труба ва фортепиано, Достон барои оркестри торӣ, «Албоми бачагона» барои фортепиано, кантатаи «Мо зери ситораҳои хушбахт таваллуд шудаем» бар ашъори шоирони тоҷик ва ғайра.Ба сифати кори дипломӣ Консерти сеқисма барои скрипка бо оркестр пешниҳод карда шуд. Пас аз бозгашт ба Тоҷикистон А. Латифзода ду асари калон – Симфония барои оркестри торӣ (дар 4 қисм) ва мусиқии консертӣ барои 2 фортепианоро менависад.

Аз соли 1993 то 2003 вай дар шаҳри Тошканд кор ва зиндагӣ кардааст. Бо даъвати роҳбарияти Консерваторияи миллии Қазоқистон ба номи Қурмангазӣ (сентябри соли 2003 – апрели соли 2004) дар кафедраи композитсия ва дирижёрии оркестр фаъолият бурдааст. Композитор А. Латифзода ҳамеша фаъолона бо навозандагон, дирижёрон, дастаҳои мусиқии кишварҳои гуногун ҳамкорӣ менамояд. Дар жанру сабкҳои мухталиф мусиқӣ эҷод мекунад. Асарҳо сабки синтезӣ «Восток-Запад-Jazz и Классика» эҷод менамояд. Мавқеи махсусро дар эҷодиёти композитор масъалаи ба ҳам наздик гардонидани пайравони мазҳабҳои гуногун («Трио «Крест и Полумесяц», достони «Апокалипсис», «Толеранс», «Небесный голос») гирифтааст.

Алишер дар «Who is Who America»

Алишер Латифзода узви ASCAP (American Society of Commposers, Authors and Publishers) Ассотсиатсияи миллии композиторони ИМА; аъзои Иттифоқи композиторони Россия ва Ӯзбекистон мебошад. Соли 2006 Хонаи нашрияи силсилавии «Marguis – Who is Who» (ИМА) ному насаби А.Латифзодаро ба фасли 1-уми нашри китоби «Who is Who in Asia» ворид намуд. Соли 2007 дар фасли 66-уми нашриёти китоби «Who is Who America» низ ному насаби композитор шомил гардидааст. Аз соли 2006 инҷониб Алишер Латифзода дар ИМА истиқомат мекунад. Соли 2011 ӯ иштирокчии Фестивали байналмилалии «Баҳористон» (Душанбе) буд

Эътирофоти байналмилали

  • Дипломи Конкурси умумииттифокии композиторони ҷавон (1983) Москва.
  • Ифтихорнома ва дипломҳои ИМА, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон (1986-2024)
  • Сипоснома аз Сафири ИМА дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон (2003) - барои саҳмаш дар наздикшавии фарҳангҳои ИМА ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон.
  • Дипломи финалисти озмуни байналмиллалӣ (2013) - барои "Ҳуштаки Франклин" Virginia.USA.
  • Шаҳодатномаи касбии пешбари ҷаҳонии Кембриҷ аз Маркази байналмилалии библиографӣ (2013). Англия.
  • Медали нуқраи Чемпионати Тоҷикистон оид ба дзюдо (1980) Душанбе.

Осор

Опера

  • 2024 -"SiICK-SUCK"-Мюзикл-Памфлет иборат аз 10 қисм (ба забони Руси)
  • 2022- «ҚИЁМАТ" - опера иборат аз 3 қисм ва 6 намоиш (ба забони Тоҷики)
  • 2020– «Савитри» нано-опера иборат аз 5 қисм (ба забони Инглиси)
  • 2018 – «Фонтани ашк» Балет-Оратрия (ба забони Турки)

Балет

  • 2003 – «КИТОБИ ДАРВЕШ» иборат аз 6 қисм .Лоихаи мусикй барои асбобхои халкй ва классикй. рови, асбобхои зарб ва сабти магнитй.
  • 1999 – Солномаи мусиқии эпоси бузурги «Манас»-Хореография ХХI.

Жанри симфонӣ

  • 2020 – "БОЛҲОИ ФАРИШТАҲО" - насби мусиқӣ барои 35 кишварҳои ҷаҳон.
  • 2017– «ДОИРАИ ЗАМОН II » барои Асбобҳои Роҳи Абрешим дар 4 ҳаракат.
  • 2017 - «ИСТИҚЛОЛ 30» барои хор,оркестри симфони ва асбобхалқӣ
  • 2014- «ТАЪРИХИ ХАНДА ДАР АШК» Суруди операи кӯтоҳ.
  • 2002 – «Толеранс» барои оркестри симфонӣ ва лентаи магнитӣ.
  • 2000 – «Perceptio» барои скрипка ва оркестри симфонӣ.
  • 1999 – Солномаи мусиқии эпоси бузурги «Манас» барои фортепиано, ровӣ, лентаи магнитӣ, созҳои фолклорӣ, зарбӣ, торӣ (иборат аз 6 қисм).
  • 1998 – «Алвидоъ» – гулдастаи ёдбуди А.Шнитке барои скрипка,виолончел ва оркестри симфонӣ.
  • 1991 – «Звукоритмия» барои оркестри симфонӣ.
  • 1991 – «Миниатюраҳои шарқӣ». Консерти №2 барои фортепиано ва оркестри симфонӣ.
  • 1989 – «Liber Scriptus», консерт барои созҳои торӣ ва фортепиано.
  • 1989 – Консерти №1 барои фортепиано ва оркестр.
  • 1988 – Консерти «Наво» барои алт ва оркестри симфонӣ.
  • 1988 – Достони симфонӣ.
  • 1987 – Увертюраи идона.
  • 1987 (1982) – «Тоҳир ва Зӯҳро», достон барои оркестри камеравӣ.
  • 1985 – Симфония барои оркестри торӣ иборат аз 4 қисм.
  • 1985 (1992) – Консерт барои скрипка бо оркестр иборат аз 3 қисм.

Мусиқии эстрадӣ-симфонӣ

  • 2000 – «Маленький вальс для Великой персоны».
  • 1999 – «Музыкальное приношение Феликсу Кулову» барои ор-
  • кестри эстрадӣ-симфонӣ.
  • 1989 (1987) – «Баҳориёт» барои оркестри калони симфонӣ.
  • 1988 – «Баланс Гармонии и Согласия» барои оркестри эстрадӣ-симфонӣ.
  • 1988 – «Американец в Ташкенте» - регтайм барои Биг-бэнд, оркестри камеравӣ ва оркестри симфонӣ.
  • 1988 – «Vivat, France!» мусиқии дӯстӣ – барои фортепиано ва оркестри эстрадӣ-симфонӣ.
  • 1996 – «Сабрие» барои саксофон, сопрано ва ансамбли созӣ.
  • 1995 – Романс бaрои сопрано ва оркестри симфонӣ. 8 суруд барои оркестри эстрадӣ-симфонӣ.

Мусиқии камеравӣ-созӣ

  • 2023 «ГАҲВОРАИ ҲАФТУМИ КРИМ »барои Фл. \Клар,Арфа,Ф-ноСкрипка,Алт,В-челӣ ва сабт
  • 2022 МИНИАТЮРАХО барои оркестри камеравӣ
  • 2020-24 60АСАРҲОВУ МАШҚҲО барои скрипка, фортепиано, ансамблҳои мактабӣ
  • 2018 “МИНИЯТЮРИ СУГДИЁНИ КАДИМ” барои асбобҳои тори ва фортепиано
  • 2017 "ЧАРХИ ЗАМОН II" барои ансамбли Роҳи Абрешим дар 4 қисм.
  • 2016 "SILVER TANGO" барои виолончел, бандолеон ваасбобҳои инструментали
  • 2015 СИТОРАИ АМРИКО ФАЙЕРВЕРК Fanfares
  • 2014 Трио "ИҚТИРОФИ ШАЙТОН" барои Piano.Vibr.&Cello
  • 2014 "ДАР ЧАРХИ КУЛОЛГОР" барои клавесин
  • 2014 "BP C/POINT N1" барои ду скрипка, гитара (акустикӣ/эл)
  • 2014 « SUPPLICIUM. Ab EXTERIORIBUS Ad Interior » барои Орган
  • 2013 "WEST-EAST SPHERE" барои Mezzo-soprano, Oud, Perc & Strings
  • 2013 FRANKLIN's Whistle" барои квартети торӣ
  • 2013 « QUASI POCO A POCO 3 » барои квартети саксофонҳо.
  • 2013 « CHINA- LUX »барои 14 (7 асбобҳои классики ва 7 асбобҳои Хитоӣ )
  • 2011 « INFINITY»(БЕОХИР) барои Арфа соло
  • 2011 « DALISHEF SUITE »барои Pic,най, Фагот,ғиҷҷак ва сабт
  • 2010 « QUASI POCO A POCO 2 » барои Дойра ва ф-пиано
  • 2010 « LA PORTE FERMEE » барои ғиҷҷак ва ф-пиано
  • 2009 « "СЮИТАИ СУГДИ" барои 3 труба, 3 тромбон, валторна ва Туба
  • 2008 « NIGHT GONE WITH MY FANTASY» барои труба ва ф-пиано
  • 2008 « PARTITA DA GAMBA XXI » барои 6 алт
  • 2008 «СУИТИ КУДАКОН» барои скрипка, виолончель ва фортепиано
  • 2005 "SPECTRUM-ALL IN TWO" барои ду мултиперкуссия ва лента
  • 2004 "ФИҒОН" (мусиқа долорозо) барои 4 гитара.
  • 2004 "QUASI POCO A POCO 1" барои скрипка, виолончель, клар. марим, гитара ва фортепиано
  • 2002 «FALAK-ABEGG» барои скрипка, виолончел ва фортепиано.
  • 2002 «НАКШҲОИ ТОЧИКИ-ФОРСӢ» барои квартети торӣ ва асбобҳои халки
  • 2002 «УСУЛНОМА» барои вибрафон ва фортепиано.
  • 2002 «НАЙОХАНГ» барои най ва фортепиано.
  • 2002 "ОМЕХТАИ SOGDIAN" барои квартет ва инстр.
  • 2001 "НАМОИШҲОИ МИСИ" барои Fr. шох, 4 карнай, 4 тромбон ва туба. 2001 "ET INCARNATUS" барои 6 навозанда.
  • 2001 "ГИРЯ МАКУН" Элегияи барои 2 гитара.
  • 2001 "TOJ" барои фолк W/winds ва perc, магнитофон ва синтезатор. 2000 "TIMPANIUM" барои 9 бисёр тимпанист.
  • 2000 «ЧАРХИ ЗАМОН» октет дар ду қисм ва код.
  • 1998 «ҶАЗ-ВАЛТС» барои скрипка, виолончел ва фортепиано.
  • 1998 «АЛ ЗИКР» барои фортепиано, тор ва зарбҳо.
  • 1997 "CROSS & CRESCHENT" трио як ла квинтет барои vln. клар.& мар дар 3 қ.
  • 1995 "INVASION"(Дивертиссмент) барои оркестри торӣ.
  • 1992 "SONORITA da ORIENTALE" барои як соло контрабас.
  • 1992 «BURLA al ORIENTALE» (Шӯхии шарқӣ) барои 6-перкус-тс.
  • 1991 «АПОКАЛИПС» Шеъри тон барои 7 зарб ва навор.
  • 1990 «ДИПТИХ» барои скрипка ва фортепиано.
  • 1990 «ЧАХОРЗАРБ» барои фортепиано, 2 зарбу торхои халкй.
  • 1989 «СОНАТА-ФАНТАЗИЯ» барои виолончел ва фортепиано.
  • 1988 «СЮИТА» барои скрипка ва фортепиано дар 5 кисм.
  • 1987 «ЭСКИЗИ ШАРҚИ» барои саксофони Алт(дар Эс) ва оркестри камеравй.
  • 1987 «МОНОЛОГ» барои найсоло
  • 1986 «ҶАЗМАҚОМ» барои маримба (чанг) ва фортепиано.
  • 1985 «ҲАҶВ» барои брас квинтет.
  • 1981 «СОНАТИНА» барои труба ва фортепиано дар 3 парда
  • 1981 "НАҒМАҲО " барои Квинтети нафасии чуб.

Мусиқӣ барои фортепиано

  • 2020-24 «ПОРАХОИ БАЧАХО»
  • 2017 «SUITE HSU» барои 2 фортепиано
  • 2016 «ОФТОБ ДАР ШАНХАЙ»барои 2 фортепиано
  • 2016 «C-POINT Румыния» барои 2 фортепиано
  • 2016 «АЛ САБР» барои 2 фортепиано
  • 2016 «DIXI EAST» барои 2 фортепиано
  • 2016 «ОРЗУҲОИ ТИЛЛОӢ»Такмил барои фортепиано ва 4 даст.
  • 2016 «MADE IN INDIA» Такмил барои фортепиано ва 6 даст.
  • 2005 «ГАШТ»
  • 2008 «РАКС ДАР Ш.БЕРАХОТ»
  • 2005 «ҚАДРИИ МУСИҚӢ»
  • 2005 «МУҚАДДИМАИ БОРОН»
  • 2002 «ПАРЧАШТА»
  • 2001 «ЗИМЧУРУД»
  • 2002 «ФРЕССКАХОИ ПАНҶИКЕНТИ ҚАДИМ»
  • 1999 «ЭТЮД-ПРЕЛЮД»
  • 1999 «ШУХӢ»
  • 1992 "1000 ва ЯК СОНИЯ ДАР ОҲАНГ " барои ду фортепианo.
  • 1990 «МУСИҚИИ КОНСЕРТӢ» барои ду фортепиаон.
  • 1988 «КАЛЕЙДОСКОПИ МУЗИКӢ» барои фортепиано ва асбобҳои гуногун.
  • 1985 «АЛБОМАИ БАЧАХО» (24 дона)
  • 1980(16) «TOCCATA»

Жанри вокалӣ-хорӣ

  • 2024. «СОННЕТҲОИ КИРИМ»  барои Хори калон ва ва оркестри торӣ.  
  • 2020 – МАН ТУРО ДӮСТ МЕДОРАМ »  Романс барои М-coрано,Тенор ,Танбур ва оркестри торӣ.  
  • 2002 – «Дар мавҷи замон», барои хори омехта ва созҳои зарбӣ.
  • 2002 – «Нақшу нигорҳои зарбӣ» барои хори омехта ва созҳои халқӣ.
  • 1990 (1985) – Кантата барои хори бачагона ва оркестри симфонӣ,иборат аз 7 қисм.
  • 1983 – Чор суруд барои хори занона ва фортепиано.

Қариб 200 суруд ва такмили оҳангҳои халқии тоҷикӣ, озарӣ, афғонӣ, яҳудӣ, қазоқӣ, қриму тоторӣ, қирғизӣ, кореягӣ, немисӣ, норвегӣ, русӣ, туркманӣ ва ӯзбекӣ.

Мусиқӣ барои театр ва кино

  • 2003 – Институти Гёте (Германия), Ӯзбекистон. Мусиқӣ ба
  • намоишномаҳои Лессинг «Натан мудрый», коргардон А.Хоҷакулӣ.
  • Театри драмавии ӯзбекӣ. Тошканд.
  • 2000 – Италия – Ӯзбекистон (мусиқӣ ба пйесаҳои Л.Пиранделло
  • «Горные великаны»). Коргардон С.М. Салвато (Италия). Театри
  • драмавии русии ба номи М.Горкий, Тошканд.
  • 1999 – Тоҷикистон – Ӯзбекистон – Қазоқистон – Қирғизистон
  • (мусиқӣ ба пйесаи А.Полеску «Солнечный луч». Коргардон
  • Б.Парманов (Ӯзбекистон/Қазоқистон). Театри давлатии драмавии
  • Бишкек.
  • 1999 – Мусиқӣ ба пйесаи Н.Туляхоҷаев «Люди и птицы» (ҳамчун
  • беҳтарин намоишномаи соли 1999 эътироф шудааст). Коргардон
  • Б.Парманов. Театри давлатии лӯхаки шаҳри Тошканд.
  • 1998 – Ӯзбекистон – Тоҷикистон – Туркманистон (мусиқи ба пйесаи Т.Зулфиқоров «Айвовые сны»). Коргардон А.Хоҷақулӣ (Ӯзбекистон/Туркманистон) Театри драмаии русии ба номи М.Горкий, Тошканд.[3]

Инчунин нигаред

Эзоҳ

Пайванди беруна

Wikiwand in your browser!

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.

Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.