Ибни Сино
From Wikipedia, the free encyclopedia
Абӯалӣ Ҳусейн ибни Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Сино машҳур ба Абӯалӣ ибни Сино (форсӣ: ابوعلى سينا; 980[1][2][3], Афшона, Мовароуннаҳр, Давлати Сомониён[1] — 18 июн 1037, Ҳамадон, Kakuyids[d][1]) — яке аз бузургтарин донишмандону пизишкони садаҳои миёна дар ҷаҳон; ахтаршинос, кимиёдон, заминшинос, мантиқдон, риёзидон, физикдон, равоншинос, файласуф ва муаллими бузурги форсу тоҷик[5][6][7][8][9][10] аст.
форсӣ: ابن سینا | |
Таърихи таваллуд | 980[1][2][3] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 18 июн 1037 |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | пизишкӣ, атрдармонӣ[d], фалсафа, мантиқ, илми калом, шеър, илоҳиёт, улуми Замин[d], фалсафаи илм[d], физик, равоншиносӣ, ахтаршиносӣ, кимиё, заминшиносӣ ва механика |
Шогирдон | Баҳманёр |
Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард | |
Осор дар Викитека | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ибни Сино беш аз 450 рисолаи дар абвоби мухталифи илм навишта, ки то замони мо танҳо 240-то аз он маҳфуз мондаанд. Ин рисолаҳо аксар соҳаҳои илмро фароҳам гирифта, хусусан, 150-тои он дар илми фалсафа ва беш аз 40-тои дигар дар саҳаи пизишкӣ ҳастанд. Маъруфтарин асарҳои ӯ «аш-Шифо» ва «ал-Қонуну фи-т-тиб» ҳастанд, ки аз бузургтарин донишномаҳои тахассусӣ ва фалсафии буда ва дар донишгоҳҳои Урупо то садаи XIX тадрис мешуданд.
Абӯалӣ Сино дар рушди илми тиб саҳми бениҳоят арзандае гузоштааст, ки аз таҷрибаҳои худ, илми пизишкии олими юнонӣ Гален, метафизикаи Арасту, илми пизишкии Эрони бостон, Байнаннаҳрайн ва Ҳинди бостон сарчашма гирифта, онҳоро ҳамҷоя андӯхтааст. Сино ҳамчунин падари пизишкии мудерн ва дорушиносии болинӣ шумурда мешавад.
Вай боз асосгузори мантиқи синоӣ, мактаби фалсафии синоӣ аст. Ӯ ҳамчу падари мафҳуми фундаменталии физикии моменти ҷисм низ маъруф аст. Вайро ҳамчунин «падари геология» низ мешиносанд, ки дар қонуни суперпозитсияи геологӣ саҳми арзанда гузоштааст.