Физика
From Wikipedia, the free encyclopedia
Физика (юнонӣ: φύσις (phúsis), "табиат" ва φυσικῆ (phusiké), "илм дар бораи табиат") фаннест доир ба кашфиёт ва мушаххасонида шудани қонунҳое, ки модда, энергия, фазо ва вақтро дар бар мегирад. Физика фаннест доир ба таҳлили умумии табиат, ки олам ва коинотро меомӯзад.
Физика яке аз фанҳои қадимтарин мебошад, ки муқаддам ҳамҷоя бо астрономия маъруф буд. Мафҳуми "физика" бори аввал аз ҷониби олими машҳур Арасту дар асри IV пеш аз милод истифода бурда шудааст. Тайи ду ҳазорсолаи ахир физика бо фанҳои фалсафа, кимиё ва баъзе шохаҳои математика ва биология ҳамчун муродиф истифода бурда шудааст. Вале пас аз инқилоби фаннии садаи XVI физика ҳамчун фанни алоҳида ба арзи вуҷуд омадааст.