From Wikipedia, the free encyclopedia
Абдурраҳмон ибни Сахри Давсии Яманӣ, маъруф ба Абуҳурайра (ар. أبو هريرة; 21 сол пеш аз ҳиҷрат/602 м., Давс, Яман — 58-59 ҳ./678-679 м., Мадина) — аз бузургони саҳоба ва серривояттарини онҳо дар ҳадис.
Абуҳурайра | |
---|---|
араб. ар. أبو هريرة | |
Иттилооти инфиродӣ | |
Касб, шуғл: | муҳаддис |
Таърихи таваллуд: | 602[1] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 679[1] |
Маҳалли даргузашт: | |
Маҳалли дафн: | |
Эътиқод: | ислом |
Модар: | Maimoona binth Safeeh[d] |
Ҳамсар | Bisra bint Ghazwan[d][1] |
Фарзандон: | Muharrir ibn Abu Huraira[d], Abdurrahman ibn Abu Hudaida[d] ва Bilal ibn Abu Hurairah[d] |
Шогирдон: | Анас ибни Молик, Товус ибни Кайсан[d] ва Ibn Sirin[d] |
Иттилооти иловагӣ |
|
Лоиҳаҳои алоқаманд: |
Викианбор Викигуфтовард |
Вироиши Викидода |
Давсӣ замони ҷанги Хайбар ба соли 6 ҳиҷрӣ (629 милодӣ) ба Мадина омад ва дар авоили соли 7-ум ислом овард, пас аз он ба суҳбати Паёмбар (с) мулозамат варзид ва ба саҳобагони аҳли Суффа шомил гардид. Чун боре гурбабачаи саҳрои (ҳурайра)-еро ёфт ва ба остинаш гирифт ё натиҷаи майл ва дилбастагие, ки ба гурбаҳо дошта, бо Абуҳурайра — падари гурбача мулаққаб гардид. Давсӣ мансуб ба қабилае бо ҳамин ном аст, ки дар сарзамини Яман дар навоҳии Ҳиҷоз ва Уммон сукунат дошта.
Абуҳурайра бинобар ҳофизаи неруманд ва мудовамате, ки бар сӯҳбати Паёмбар (с) дошт, 5374 ҳадис аз он Ҳазрат (с) ривоят кардааст, ки бештар аз ҳаштсад тан саҳоба ва тобеӣ онҳоро аз вай ривоят ва ба наслҳои баъдӣ расонидаанд ва шуҳрати азими вай ба хотири бисёрии ривояти ҳадис аст. Бухорӣ ва Муслим дар сиҳоҳи худ 326 ҳадиси муштарак ва Бухорӣ 93 ва Муслим 98 ҳадиси ғайри муштарак аз вай ривоят кардаанд ва аҳодиси ривоятшуда аз вай 213 сафҳаи Муснади Аҳмад (ҷ. 2. — с. 228—541)-ро ба худ ихтисос додаанд.
Абуҳурайра дар замони Умар муддате волӣ ва коргузори Баҳрайн ва дар давраи Усмон қазои Маккаро ба уҳда доштааст.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.