From Wikipedia, the free encyclopedia
Абдурраҳмон Юсуфӣ ( ар. عبد الرحمن اليوسفي 8 марти 1924, Танҷер, Марокаш – 29 майи соли 2020, Касабланка, Марокаш ) — сиёсатмадор ва фаъоли ҳуқуқи башари Марокаш. 12-умин Сарвазири Марокаш ( 1998-2002 )
ар. عبدُ الرحمٰن اليُوسُفي | |
4 феврал 1998 — 9 октябр 2002 | |
Пешгузашта | Абдулатифи Филалӣ |
Ҷонишин | Идрис Ҷету |
1992 — 28 октябр 2003 | |
Пешгузашта | Abderrahim Bouabid[d] |
Ҷонишин | Mohamed El Yazghi[d] |
Таваллуд |
8 март 1924[1] |
Даргузашт |
29 май 2020[2][3] (96 сол) |
Ҳизб | |
Эътиқод | ислом |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Абдурраҳмон Юсуфӣ дар Танҷер ба дунё омада, аз хурдӣ ба ақидаҳои сотсиалистӣ пойбанд буд. Дар синни 20-солагиаш худро ба ташкили синфи коргарӣ дар Касабланка бахшид. Дар соли 1949, ӯ ба мубориза барои ҳуқуқи коргарони муҳоҷири Марокаш дар Фаронса оғоз кард [5] .
Соли 1959 Юсуфӣ яке аз асосгузорони ҳизби чапи халқӣ гардид. Фаъолияти сиёсии ӯ боиси ду ҳабс шуд, дар солҳои 1959 ва 1963, бори дуюм ба ду соли зиндон маҳкум шуд. Пас аз кушта шудани пешвои сотсиалистони Марокаш Барқӣ дар Фаронса Юсуфӣ барои ташкили тафтишоти судӣ ба Порис омад. Аз тарси таъқиботи сиёсӣ ӯ 15 соли ояндаро дар муҳоҷирати фаронсавӣ гузаронд [6] .
Пас аз афв дар Марокаш соли 1980 баргашта, Юсуфӣ ба " Иттиҳоди сотсиалистии нерӯҳои халқӣ " дохил шуд. Дар соли 1992, пас аз марги раҳбари собиқи ин ҳизб онро сарварӣ кард [5] .
4 феврали соли 1998 подшоҳи Марокаш Ҳасани II Абдурраҳмон Юсуфиро сарвазири Марокаш таъин кард; сиёсатмадор ин вазифаро то октябри соли 2002 [7] ба уҳда дошт. Таҳти роҳбарии ӯ ҳукумати нави маркази чап ташкил карда шуд, ки дар давоми фаъолияти худ дар бунёди муосири демократии Марокаш бо эҳтироми ҳуқуқҳои инсон ва озодии ВАО саҳми арзанда гузоштааст [6] .
Дар моҳи октябри соли 2003 Юсуфӣ аз сиёсат канор рафт ва дар Касабланка муқим шуд. 15 октябри соли 2016 ӯ бо бемории пневмония ба яке аз беморхонаҳои маҳаллӣ бистарӣ шуд [8] . 29 майи соли 2020 нахустин сарвазири сотсиалисти Марокаш дар синни 97-солагӣ аз саратони шуш даргузашт [9] .
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.