From Wikipedia, the free encyclopedia
Абдулло́ҳ И́бни Аббо́с ибни Абдулмутталиб ибни Ҳошим ибни Абдуманоф (619 – 687) — аз муҳаддисон ва муфассирони аввалӣ. Писари амаки Пайғамбар (с), кунияташ Абулаббос, лақабаш «Ҳабрулуммат» (Донишманди уммат). Авлод ва хулафои Аббосиён аз насли Абдуллоҳ мебошанд.
Абдуллоҳ ибни Аббос | |
---|---|
араб. عبد الله بن عباس | |
ҳоким Басра аз 650 |
|
Пешгузашта: | ? |
Ҷонишин: | ? |
Иттилооти инфиродӣ | |
Касб, шуғл: | муфассир, муаррих, фақеҳ, муҳаддис |
Таърихи таваллуд: | тақрибан 619[1][2] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | тақрибан 687[4] |
Маҳалли даргузашт: | |
Кишвар: | |
Эътиқод: | ислом[5] |
Падар: | Аббос ибни Абдулмутталиб[d] |
Модар: | Lubaba bint al-Harith[d] |
Фарзандон: | Alí ibn Abd-Al·lah ibn al-Abbàs[d] ва Lubaba bint Abd Allah ibn Abbas[d] |
Самти фаъолият: | илоҳиётшиносии исломӣ[d], тафсир, фиқҳ, улуми қуръонӣ, Sharia Sciences[d] ва илми ҳадис |
Устодон: | Муҳаммад |
Шогирдон: | Ато ибни Абирабоҳ, Ваҳб ибни Мунаббеҳ, Товус ибни Кайсан[d], Анас ибни Молик, Qasim ibn Muhammad ibn Abi Bakr[d], Ibn Sirin[d], Mujahid ibn Jabr[d], Нофеъ ибни Азрақ[d] ва Bukayr ibn al-Àkhnas al-Sadussí[d] |
Осор: |
Феҳрист
|
Иттилооти иловагӣ |
|
Лоиҳаҳои алоқаманд: |
Викианбор Викигуфтовард |
Вироиши Викидода |
Абдуллоҳ ҳангоми вафоти Пайғамбар (с) 13-сола буд, вале бо вуҷуди ин аз ӯ ҳадисҳои бисёре ривоят кардаанд. Ҷамъе аз оятҳои Қуръон дар асоси шарҳу тавзеҳоти Абдуллоҳ тафсир ёфтаанд. Абдуллоҳ соли 648 бо Абдуллоҳ ибни Сарҳ ба ғазои Ифриқия баромад, дар замони хилофати Алӣ ибни Абитолиб ҳамроҳи ӯ ба Ироқ рафт, дар ҷанги Сиффин иштирок кард, чанде ҳокими Басра буд, пеш аз вафоти Алӣ ба шаҳри Тоиф рафт ва то вафоташ (687) он ҷо монд. Убайдуллоҳ, Фазл, Қусам ва Маъбад бародарони ӯ мебошанд.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.