Ҷумҳурии Мардумии Чин (ҶХЧ) (Ҷумҳурии Халқии Хитой (Чин); чинии сунатӣ: 中華人民共和國 , сода: 中华人民共和国 , пинйин : Zhōnghuá Rénmín Gònghéguó ), бештар маъруф ба Чин (Хитой; чинии сунатӣ: 中國 , сода: 中国 , пинйин : Zhōngguó )[1] , — давлат дар Осиёи Шарқӣ . Калонтарин кишвари сернуфуз дар ҷаҳон (беш аз 1,38 млрд[2] , аксарияти аҳолӣ — қавман чиниҳо , худномгузорӣ — ҳон ); аз нуқтаи назари масоҳат дар ҷаҳон , мақоми савумминро пас аз Русия ва Канада дорад.
Ҷумҳурии Халқии Чин бо 14 кишвар ҳамсарҳад аст: Афғонистон , Бутан , Мянма (Бирма), Ҳиндустон , Қазоқистон , Қирғизистон , Лаос , Муғулистон , Непал , ҶХДК , Покистон , Русия , Тоҷикистон , Вйетнам ва бо Ҷопон сарҳади оби дорад.
Намунаҳое аз ҳудудҳое, ки аз тарафи сулолаҳои гуногун дар Чин дар тӯли таърихи худ ҷой доштанд. Намунаҳое аз ҳудудҳое, ки аз тарафи сулолаҳои гуногун ва давлатҳо дар таърихи Чин ҷойгиранд Артиши терракотӣ, Сиан вилояти Шаанси Тамаддуни Чин — яке аз қадимтарин дар ҷаҳон мебошад. Аз рӯи тасдиқи олимони чинӣ, тамаддуни чинӣ зиёда аз панҷ ҳазор солро ташкил медиҳад, аз ҷумла дастхатҳои нодири таърихӣ воқеаҳои 3500 сол муқаддам рӯй додаро инъикос кардаанд. Мавҷудияти сохтори маъмурии идоракунии давлатӣ, ки сулолаҳои гуногун онро бозсозӣ намудаанд ва азхуд намудани киштзорҳои бузурги назди соҳилҳои дарёҳои Хуанхэ ва Янтсзы , афзалиятнокии хоҷагидории давлатҳои чиниро нисбат ба қабилаҳои кӯчии ваҳшӣ ва кӯҳистонӣ, тақозо мекард.
Тамаддуни чиниро инчунин, таълимоти динии Конфусий , ки ҳамчун идеолужии давлатӣ қабул гардид (асри I пеш аз мелод ) ва ҷори гардидани навъи хат пурқувват намудааст.[3]
Борои дарк намудани таърихи қадиму муосири Чин, дар асоси таърихнигории Хан, чунин даврабандӣ қабул шудааст:
Чин пеш аз имперотурӣ (Ся, Шан, Чжоу - то соли 221 п. м.).
Имперотурии Чин (Син)
Чини нав (аз соли 1911 – давраи муосир)[3]
More information Харита, Сол ...
Close
[3]
Вилояҳои Чин Вилоятҳо (чинии сода: 省 , пинйин : shěng дар Чин - воҳидҳои маъмурию ҳудудии сатҳи болоӣ, дар якҷоягӣ бо минтақаҳои мухтори ноҳиявӣ ва шаҳрҳои тобеи марказ.) Расман воҳидҳои сатҳи вилоятӣ ҳамчунин минтақаҳои маъмурии махсуси Гонконг ва Макао ,баррасӣ мешаванд, ҳарчанд ки онҳо мухторияти бештар доранд.
Дар айни замон, ба ҳайати Ҷумҳурии Халқии Чин 33 субъектҳои сатҳи олӣ, аз ҷумла 22 вилоят дохил аст. Расман вилояти 23-ум то ҳол Тайван ҳисобида мешавад.
More information Минтақа, (en.) (инг.) ...
Минтақа
(en.) (инг.)
чинӣ
марказ
(en.)(инг.)
Аҳолӣ
Вилоятҳо
Анҳуй
Anhui
安徽省
Хефей
Hefei
59,860,000
Фуҷиан
Fujian
福建省
Фучжоу
Fuzhou
34,710,000
Гансу
Gansu
贵州省
Ланчжоу
Lazhou
25,620,000
Гуандун
Guangdong
贵州 省
Гуанчжоу
Guangzhou
35,250,000
Гуйчжоу
Guizhou
广东 省
Гуйан
Guiyang
86 420 000
Лиаонин
Liaoning
辽宁 省
Шенуан
Shenyang
42 380 000
Сичуан
Sichuan
四川省
Ченду
Chengdu
83,290,000
Хайнан
Hainan
海南 省
Хайкоу
Haikou
7 870 000
Ҳебей
Hebei
河北省
Шитсзячжуан
Shijiazhuang
67,440,000
Хэйлунҷиан
Heilongjiang
黑龙江 省
Харбин
Harbin
36,890,000
Ҳенан
Henan
河南省
Ҷенчжоу
Zhengzhou
92 560 000
Ҳубей
Hubei
湖北省
Уҳан
Wuhan
60 280 000
Ҳунан
Hunan
湖南省
Чанша
Changsha
64,400,000
Ҷиангсу
Jiangsu
江苏 省
Нанҷин
Nanjing
74 380 000
Ҷиангсӣ
Jiangxi
江西省
Нанчан
Nanchang
41,400,000
Ҷилин
Jilin
吉林省
Чангчун
Changchun
27 280 000
Қингҳай
Qinghai
青海省
Синин
Xining
5 180 000
Чжеҷиан
Zhejiang
浙江省
Ҳанчжоу
Hangzhou
46,770,000
Шанси
Shanxi
山西省
Тайуан
Taiyuan
36,050,000
Шандун
Shandong
山东 省
Ҷинан
Jinan
90 790 000
Шаанси
Shaanxi
陕西 省
Сиан
Xi’an
32,970,000
Йуннан
Yunnan
云南省
Кунмин
Kunming
42,880,000
Вилоят зери назорати Ҷумҳурии Чин (мақоми сиёсӣ номуайан)
Тайван
Táiwān
台灣
Тайбэй
Táiběi
臺北
Минтақаҳои мухтори ноҳиявӣ
Гуансӣ
Guangxi Zhuang
广西壮族自治区
Наннин
Nanning
48,890,000
Муғулистони дохилӣ
Inner Mongolia
内蒙古自治区
Хоҳхот
Hohhot
23,840,000
Нинсиа
Ningxia
宁夏回族自治区
Йинчуан
Yinchuan
5,880,000
Синзян - Уйғур
Xinjiang
新疆维吾尔自治区
Урумчи
Urumqi
19,630,000
Тибет
Tibet
西藏自治区
Лҳаса
Lhasa
2 740 000
Шаҳрҳои тобеи марказ
Пекин
Beijing
北京市
Чунқин
Chongqing
15 810 000
Шанхай
Shanghai
重庆 市
Тианҷин
Tianjin
31,442,300
Минтақаҳои махсуси маъмурӣ
Ҳонгконг (Хиангган)
Hong Kong (Xianggang)
香港特别行政区
6,864 346 [4]
Макао (Аомин)
Macau (Àomén)
特别 行政区
541,200 [5]
Вилояте, ки зери назорати Ҷумҳурии Чин аст
Тайван
Taiwan
台湾 省
23,069,345 [6]
Close
Бори аввал дар Чин , вилоят ҳамчун воҳиди маъмурӣ-ҳудудӣ, дар замони ҳукуматдории Имперотурии Юан таъсис дода шуда буд. Дар он замон (асри XIII-XIV) дар Имперотурии Юан тақрибан 10 вилоят мавҷуд буд. Ҳокимияти имперотуриро дар ҳар як вилоят ҳокимон (ҳоким — сунфу) ва ҳокимони низомӣ (инс, тиду) намояндагӣ мекарданд.[7]
Иқтисодиёти Ҷумҳурии Мардумии Чин
См. также статью Два Китая
More information Созмони ҳамкории Шанхай ...
Close