Президенти Тоҷикистон From Wikipedia, the free encyclopedia
Эмомалӣ Раҳмон (форсӣ: امامعلی رحمان, то 21 марти соли 2007 — Раҳмонов Эмомалӣ Шарифович; тав. 5 октябри соли 1952, Данғара, Вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС) — сиёсатмадори тоҷик, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1992—1994), аз соли 1994 — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат (аз 25 декабри соли 2015).
аз 25 декабри 2015 | |
Пешгузашта | Вазифа таъсис ёфт |
аз 16 ноябри 1994 | |
Пешгузашта |
Раҳмон Набиев Акбаршоҳ Искандаров |
27 ноябри 1992 — 16 ноябри 1994 | |
Пешгузашта | Акбаршоҳ Искандаров |
Ҷонишин | Сафаралӣ Раҷабов ҳамчун раиси Маҷлиси Олии Тоҷикистон |
Раиси кумитаи иҷроияи Вилояти Кӯлоб
|
|
2 ноябри 1992 — 19 ноябри 1992 | |
Пешгузашта | Ҷиёнхон Ризоев |
Ҷонишин | Вазифаи бекоргардида |
Таваллуд |
5 октябр 1952[1][2] (72 сол) |
Ном ҳангоми таваллуд | Раҳмонов Эмомалӣ Шарифович |
Падар | Шариф Раҳмонов |
Модар | Майрам Шарифова |
Ҳамсар | Азизмоҳ Асадуллоева |
Фарзандон |
Писарон: Фируза, Озода Раҳмон, Рухшона, Таҳмина, Парвина, Зарина ва Фарзона |
Ҳизб | |
Таҳсилот | |
Касб | иқтисоддон |
Фаъолият | сиёсатмадор |
Эътиқод | суннӣ |
Соядаст | |
Ҷоизаҳо | |
Вебгоҳ | president.tj(тоҷ.)(рус.)(англ.)(ар.) |
Навъи артиш | Новгони Уқёнуси Ором[d] ва Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Рутба | Сарновӣ ва Артишсолор |
Набардҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Эмомалӣ Раҳмон 5 октябр 1952 дар ноҳияи Данғараи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Оиладор ва падари нуҳ фарзанд аст.
Соли 1969 Омӯзишгоҳи касбию техникии № 40 шаҳри Калининобод (ҳоло Сарбанд)-ро хатм намудааст. Соли 1982 факултети иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуд.
Аз рӯи эътиқод Эмомалӣ Раҳмон мусулмони суннии ҳанафимазҳаб мебошад. Соли 2007 бо фармони ӯ Қуръон ба забони тоҷикӣ тарҷума гардид[3].
Падари Эмомалӣ Раҳмон — Шариф Раҳмонов дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ширкат намуда, бо Ордени Шараф дараҷаи 2-ум ва 3-юм сарфароз гаштааст[4]. Модараш — Майрам Шарифова дар синни 94 солагӣ дар соли 2004 даргузашт[5].
Бародараш Файзиддин Раҳмонов соли 1959 дар вилояти Лвови Украина «ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ» дар ҳоли хидмат дар сафи Артиши Шӯравӣ кушта мешавад[4]. Ӯ дар қабристони шаҳри Рава-Русскаяи ноҳияи Жолковский дафн шудааст[6].
Эмомалӣ Раҳмон нуҳ фарзанд дорад: ҳафт духтар (Фируза, Озода, Рухшона, Тахмина, Парвина, Заррина ва Фарзона) ва ду писар (Рустам ва Сомон)[7].
– Шумо Роҳбари давлате ҳастед, ки ман ба он эҳтироми хосса дорам. Шумо ташаббусҳои шахсии ман, инчунин Созмони Милали Муттаҳидро ҳамеша дастгирӣ менамоед. Иштироки Шумо (дар ҷаласаҳои СММ) ҳамчун роҳбари ташаббускор ва ҷонибдори ибтикорҳои СММ ба ҳалли масъалаҳои баррасишаванда мусоидат хоҳад намуд
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро беш аз 150 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътироф кардани Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Санади хотимавии Хелсинки, Баёнияи Париж ва дигар созишномаҳои байналхалқӣ сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро амалӣ сохта, ҳифзи ҳуқуқи инсонро, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, маҳаллӣ ва мазҳабиву нажодӣ, муроот менамояд.
Ҳамзамон, дар баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҳаллу фасли масъалаҳои глобалӣ талошҳои Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург ва саривақтианд. Ӯ борҳо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид баромад карда, дар баробари мушкилоти Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба қазияи Афғонистон, масъалаҳои мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, рушди нобаробари давлатҳои ҷаҳон, масъалаи таъминоти оби тоза ва ғайраҳо ҷалб мекунад. Ниҳоят, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли қазияи Афғонистон, ки ба пойгоҳи терроризму экстремизм табдил ёфта буд, рӯ овард.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои муҳимтарини ояндаи инсоният низ муносибати дурбинона ва ҷиддӣ дорад. Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон Созмони Милали Муттаҳид соли 2003-юмро Соли байналмилалии оби тоза, солҳои 2005-2015-умро Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» эълон кард. Айни ҳол аксари чорабиниҳои ҷаҳонию минтақавии вобаста ба об дар чаҳорчӯби ҳамин даҳсола гузаронда мешаванд, ки боиси ифтихору сарфарозии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аз ин иқдоми Сардори давлат аст.[8]
Хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар дохили кишвар ва ҳам берун аз он эътироф гардидаанд. Барои саҳми бебаҳо дар густариши ҷомеаи умумибашарӣ ӯ ба гирифтани Ситораи тилоии Алберт Швейтсер ва унвони фахрии Профессори Академияи умумиҷаҳонии тиб дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ сазовор дониста шудааст. Ӯ дар ҷаҳон аввалин сиёсатмадорест, ки ин мукофоти олиро соҳиб гардидааст.
Соли 2005 дар арафаи ҷашни Ваҳдат боз як ҷоизаи олӣ-медали тилоии «Барои таҳкими сулҳ ва ризоияти байни халқҳо»-и Федератсияи байналмилалии сулҳ ва ризоият насиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Эмомалӣ Раҳмон дар байни сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аввалин касе мебошад, ки ба гирифтани ин ҷоиза мушарраф гардидааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои гуногун ҳамчунин бо ордени алмосдори «Звезда мецената» (Ситораи сарпараст) — ҷоизаи олии ҷамъиятии Бунёди байналмилалии хайрияи «Меценаты столетия» (Сарпарастони аср), ордени «Қаҳрамони миллии Афғонистон — Аҳмадшоҳи Масъуд», ҷоизаи Бунёди байналмилалии нависандагон ва рӯзноманигорони Ҷумҳурии Туркия, ситораи ёқутии «Миротворец» (Сулҳовар), Медали тилоии Маҷлиси халқи (Парлумони) Ҷумҳурии Мисри Араб, Нишони фахрии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ордени Шӯрои олимпии Осиё, Медали тилоии арҷгузорӣ ба Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ) -и ЮНЕСКО, Ордени тилоии Эҳёи Роҳи Абрешим, Медали тилоии ба номи Николай Блохин -мукофоти олии Академияи илмҳои тиббии Федератсияи Русия, Ордени «3 Ситора дараҷаи 1» бо занҷираи тилоии Ҷумҳурии Латвия, ордени Княз Ярослави Ҳаким дараҷаи 1-и Украина, Нишони Покистон — олитарин мукофоти давлатии Ҷумҳурии Исломии Покистон ва дигар мукофоту ҷоизаҳо сарфароз гардонда шудааст.
20 марти соли 2014 Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқоти наврӯзӣ бо зиёиёни кишвар гуфт[25]:
Имрӯзҳо аз ҷониби ҷавонони ватанпараст «Википедияи тоҷикӣ» пайдо шудааст ва ин ташаббуси нек аз ҷониби давлат дастгирӣ хоҳад ёфт.
ва дар давом:
Аз ин рӯ, ба Сарредаксияи энсиклопедияи миллии тоҷик супориш дода мешавад, ки манбаи бузурги иттилооти илмиву оммавии худро ба ин қомуси ҷаҳонии электронӣ ворид намояд ва сомонаи хосаи худро низ таъсис диҳад
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.