муаллифи филмномаҳои филмҳо, силсилафилмҳои телевизионӣ, истеҳсолот, ҳаҷвӣ, бозиҳои компютерӣ From Wikipedia, the free encyclopedia
Филмноманавис ё Нависандаи филм[1][2][3] — муаллифи филмнома, силсилафилмҳои телевизионӣ, филмҳои тасвирӣ, намоишҳо, бозиҳои компютерӣ ва ғайра мебошад.
Бисёре аз филмноманависон, ки баъдтар шуҳрат пайдо карданд, сенарияҳои худро аз сужет оғоз мекунанд[4]. Ин маънои онро дорад, ки онҳо бедуни ягон шартнома корӣ ё музд менавсанд. Яке аз дурахшонтарин намунаҳои асри гузашта филми бадеии илмӣ-оммавии "Бозгашт ба оянда" буд - сенарияи онро киностудияҳо 22 маротиба рад карда, боварӣ дошт, ки чунин қисса барои мухлисони синамои фантастикӣ ҷолиб нахоҳад буд.
Филмноманавис метавонад як сюжети аслӣ эҷод кунад ва ё як асари мавҷударо барои наворбардорӣ мутобиқ кунад. Сенарияи мутобиқшуда барои филм ё телевизион пеш аз ҳама аз тарҷума ё шарҳи осори адабӣ иборат аст. Филмноманавис барои ҳама филмҳо, аз ҷумла филмҳои мустанад ва реалити намоишҳо сенария менависад.
Аксар вақт коргардони синамо муаллиф ё ҳаммуаллифи сенарияи филми банаворгирифтаистода мебошад.
Беҳтарин филмноманависони амрикоӣ Соли 2006, аъзои Ассотсиатсияи филмноманависони ИМА аз байни зиёда аз 1400 филм 101 филмноманависони беҳтаринро интихоб карданд[5]. Ва аз онҳо 10 филм бо беҳтарин филмнома интихоб шуданд:
Филмноманависоне, ки аз ҳама бештар филмҳо интихоб шудаанд, Вуди Аллен, Фрэнсис Форд Коппола ва Биллӣ Вайлдер буданд - аз ҳар кадоме 4 филм. Филмҳо бо сенарияи Чарли Кауфман, Уилям Голдман ва Ҷон Ҳюстон дар се номинатсия ғолиб шуданд
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.