Овозхони тоҷик From Wikipedia, the free encyclopedia
Умар Зиёев (Зиёев Умар Хайруллоевич; 28 феврал 1951, ноҳияи Орҷонкидзеобод, вилояти Сталинобод — 17 март 2024, Душанбе) — овозхони эстрадаи тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1989)[2], Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2003)[1][3].
Иттилооти асосӣ | |
---|---|
Номи пурра | Зиёев Умар Хайруллоевич |
Таърихи таваллуд | 28 феврал 1951 |
Зодгоҳ | ноҳияи Орҷонкидзеобод |
Таърихи даргузашт | 17 март 2024 (73 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кишвар | |
Пеша(ҳо) | овозхон |
Навъи садо | тенори лирикӣ[1] |
Ҷоизаҳо |
Умар Зиёев 28 феврали соли 1951 дар ноҳияи Орҷонкизеобод ба дунё омадааст. Соли 1971 факултети механикаи Институти политехникии Точикистонро хатм кардааст[1]. Дар солҳои донишҷӯӣ дар ансамбли «Орбита»-и ноҳияи Орҷоникидзеобод ва дар ансамбли донишкада суруд мехонд. Баъди хатми донишкада ба зодгоҳаш баргашта, дар яке аз корхонахо ҳамчун муҳандис ба кор даромад[4].
Дар солҳои 1973—1993 овозхони ансамбл ва солҳои 1993—2000 роҳбари бадеии ансамбли эстрадии «Гулшан» буд[1]. Соли 2000 дастаи ҳунарии «Сипар»-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро бо дастгирии вазир Ҳумдин Шарифов таъсис дод[5] ва то соли 2013 роҳбари бадеии ин ансамбл буд. Соли 2013 Умар Зиёев бо рутбаи полковники милитсия бознишаста шуд[6].
Барномаҳои консертии Умар Зиёев асосан аз сурудҳои тоҷикӣ (эстрадӣ, классикӣ ва халқӣ), инчунин русӣ, озарӣ, афғонӣ, эронӣ, укройнӣ, беларусӣ, гурҷӣ ва ғайра иборат аст. Сурудҳои «Кишвари маҳбуб» (1982, оҳанги П. Булбул-ӯғлӣ), «Малика» (1978, оҳанги Г. Александров), «Сад раҳ дар интизорат» (1990, шеър ва оҳанги эронӣ) дар ҷумҳуриҳои собиқ ИҶШС сурудҳои беҳтарини сол дониста шудаанд[3].
Умар Зиёев сурудҳои «Тоҷикистон тӯй дорад», «Суруди тантанавии милитсия», «Ҷашни фирӯз», «Ҷони ширин» ва ғайраро бо маҳорати баланд ва лаҳни хуш сароидааст[1].
Дар саҳнаҳои Маскав ҳунарнамоӣ[3] ва дар ҳайати ансамбли «Гулшан» ба аксар ҷумҳуриҳои собиқ ИҶШС ва чандин кишварҳои дунё, аз ҷумла Олмон, Лаҳистон, Афғонистон, Фаронса ва ғайра сафарҳои ҳунарӣ кардааст.
Умар Зиёев 17 марти 2024 дар шаҳри Душанбе дар 73-солагӣ даргузашт[7].
Умар Зиёев бо унвонҳои Ҳунарпешаи хидматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1989) ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2003) қадр шудааст.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.