Соли 1999 (ҳазору нуҳсаду наваду нуҳум) дар гоҳшумории мелодӣ — насоли кабиса, оғоз дар рӯзи ҷумъа. Ин 1999 соли даврони ҳозир, 999 соли ҳазораи 2, 99 соли садаи XX, 9 соли даҳаи 10 садаи XX, 10 соли даҳаи 1990-ум.
- 3 август — Роҳбарияти Иттиҳодияи нерӯҳои оппозитсиони тоҷик (ИНОТ) дар бораи барҳам додан ва инҳилоли дастаҳои мусаллаҳи худ эълон намуд.[1]
- 12 август — Дар асоси Қарори Суди Олии ҶТ Т Дар бораи беэътибор донистани қарор «Дар бораи манъи фаъолияти ҳизбҳо ва ҷунбишҳои сиёсии ИНОТ» (аз соли 1993) қабул гардид.[2]
- 1 сентябр — навбати дуюми роҳи оҳани Қӯрғонтеппа — Кӯлоб ба истифода дода шуд, истгоҳҳои: Данғара — Олимтой — Қурбоншаҳид — Кӯлоб. [3]
- 8 сентябр — ба муносибати таҷлили 1100 - солагии ҷашни Давлати Сомониён, ёдгории меъмории "Муҷтамаи ёдгории оштии миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон" ва муҷассамаи амири аввалини давлати тоҷикон — Исмоили Сомонӣ дар ш. Душанбе ба истифода супорида шуд.[4]
Саъдиев Ш.С. Роль Организации Объединённых Наций в мирном урегулировании внутренних конфликтов в Центральной Азии (На примере Республики Таджикистан). Душанбе,РТСУ,2020. С. 110.
Саъдиев Ш.С. Роль Организации Объединённых Наций в мирном урегулировании внутренних конфликтов в Центральной Азии (На примере Республики Таджикистан). Душанбе,РТСУ,2020. С. 109.
Рахматова З.Ю., Саъдиев Ш.С. История таджикского народа: учебное пособие/З.Ю.Рахматова, Ш.С.Саъдиев. Душанбе:РТСУ,2017. С. 182. ISBN 978-99975-932-1-4