From Wikipedia, the free encyclopedia
Артиши Соcонӣ, Сипоҳи Эроншаҳр (порсии миёна: Spāh-ī Ērānšahr) — лашкариён ва сипоҳёни муҳофиз шоҳу кишвар дар замони ҳукумат Соcониён бар Эрон.
Сипоҳи Сосониён | ||
---|---|---|
Ягонҳо | Шумори нерӯҳо | Фармондеҳ |
radag | 10 сарбоз | *radagbān |
tahm | 100 сарбоз | tahmdār |
wašt | 500 сарбоз | wašt-sālār |
drafš | 1 000 сарбоз | drafš-sālār |
gund | 5 000 сарбоз | gund-sālār |
spāh | 10 000 сарбоз | spāhbed |
artēštārān | artēštārān-sālār |
Нерӯҳои мусаллаҳи Сосониёнро сипоҳ (порсии миёна: spāh > порсии бостон: spāda-) меномиданд, ки бузургтарин ягони он гунд (порсии миёна: gund)[1] будаву 5 000 сарбозро дар бар мегирифта ва фармондеҳашро гундсолор (порсии миёна: gund-sālār) мехонданд[2]. Ҳар гунде аз чанд дирафш (порсии миёна: drafš) ташкил мешуд, ки ҳар кадоме 1 000 сарбоз дошт. Ҳар дирафше аз ду вашт (порсии миёна: wašt) ташкил мешуд, ки ҳар кадоме 500 сарбоз дошт. Ҳар ваште аз чанд таҳм (порсии миёна: tahm)[3] созмон меёфт, ки ҳар кадоме 100 сарбоз доштанд. Ҳар таҳме аз чанд рада (порсии миёна: radag)[4] ташкил мешуд, ки ҳар кадоме 10 сарбозро дар бар мегирифт. Фармондеҳи дирафш дирафшсолор (порсии миёна: drafš-sālār)[2], фармондеҳи вашт ваштсолор (порсии миёна: wašt-sālār)[2], фармонеҳи таҳм таҳмдор (порсии миёна: tahmdār)[5] ва фармондеҳи рада эҳтимолан радабон (порсии миёна: *radagbān) номида мешуд.
Фармондеҳи сипоҳ сипаҳбад (порсии миёна: spāhbed) хонда мешуд[6]. Дар шоҳаншоҳии Сосонӣ баландпоятарин мақоми низомӣ пас аз шоҳаншоҳ артишдорон-солор (порсии миёна: artēštārān-sālār) буд[7][8], ки бино бар қаринаҳо, унвони дигаре барои «Эрон сипоҳбед» (порсии миёна: Ērān spāhbēd) аст, ки то замони подшоҳии Хусрав Анӯшервон болотарин мақоми низомӣ дар шоҳаншоҳии Сосониён буд[9].
Бо таваҷҷуҳ ба ҳамномии ягонҳои размии сипоҳи Арманистон бо Эрон дар замони Сосониён, метавон гуфт, ки шумори нерӯҳо дар ягонҳои размии сипоҳи Сосониён низ бо сипоҳи Арманистон ҳамсону баробар будааст. Чунончи, дар сипоҳи Арманистон ҳар гунд аз ду ё се дирафш ташкил меёфт ва дирафш низ, агар онро бо коҳорт (ягони размии сипоҳи Рум, ки маъмулан аз 500—600 сарбоз ташкил мешуд) ҳамсанҷӣ кунем, аз ду вашт созмон меёфтааст. Дар садаҳои IV—V милодӣ нерӯҳои размии подшоҳии Арманистон аз сипоҳҳо (ҳар кадоме 10 ҳазор сарбоз доштаанд), гундҳо (2 000 — 3 000 сарбоз), дирафшҳо (1 000 сарбоз), ваштҳо (500 сарбоз) ва ҳамчунин ягонҳои хурдтар — садаҳо ва даҳаҳо ташкил мешудаанд. Ин сохтори созмонии сипоҳи Арманистон ҳамсониҳои бисёре бо сипоҳи Рум ва бештар аз он бо сипоҳи Эрон дар замони подшоҳии Сосониён дошт[10]. Аз деворнивиштаҳои сипоҳиёни Сосонӣ дар куништи яҳудиёни шаҳри Дура-Европос метавон донист, ки садаҳо таҳм ва даҳаҳо рада номида мешудаанд[3].
Чуноне ки аз ҷадвали радабандии сипоҳи Сосониён дида мешавад, сохтори сипоҳи Сосониён ба сохтори артишҳои имрӯзӣ наздиктар аст. Чунончи, аз рӯи шумори нерӯҳо рада бо отделение, таҳм бо рота, вашт бо батальон, дирафш бо полк, гунд бо бригада ва сипоҳ бо дивизия баробар аст. Бо ҳамин қиёс, размовар бо сержант ё старшина, таҳмдор бо лейтенант ё капитан, ваштсолор бо майор, дирафшсолор бо полковник, гундсолор бо генерал-майор ё генерал-лейтенант ва сипаҳбад бо генерал-полковник ё генерали артиш баробар будаанд.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.