From Wikipedia, the free encyclopedia
Розия Озод (18 январ 1893, ноҳияи Ғафуров, вилояти Суғд — 1957, ноҳияи Ғафуров, вилояти Суғд) — шоири тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, модари академик Бобоҷон Ғафуров.
Таърихи таваллуд: | 17 январ 1893 |
---|---|
Зодгоҳ: | деҳаи Исфисор, ноҳияи Хуҷанд, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт: | 1957 |
Маҳалли даргузашт: | ноҳияи Хуҷанд, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон |
Шаҳрвандӣ: | Иттиҳоди Шӯравӣ |
Навъи фаъолият: | шоир |
Солҳои эҷод: | 1945—1956 |
Самт: | реализми сотсиалистӣ |
Жанр: | шеър |
Забони осор: | тоҷикӣ |
Розия Озод 17 январи соли 1893 дар деҳаи Исфисори ноҳияи Ғафуров ба дунё омадааст. Падару модар зеҳни тез, ақли расо ва меҳру муҳаббат доштани Розияи хурдакакро нисбат ба китоб эҳсос намуда, новобаста аз зиндагии тоқатфарсо ӯро ба мактаби кӯҳнаи духтарона месупоранд. Дар муддати кӯтоҳ Розияи ҷавон бо зеҳни тозаю фаҳмиши баланди худ аз дугонаҳояш пеш гузашта, ба мутолиаи асарҳои классикони адабиёти тоҷик, хусусан ба хондани осори бою пурғановати Ҳофизу Бедил оғоз менамояд. Розия Озод гузаштаҳои талх, азобу машаққати дар ҷавонию миёнаумрӣ кашидаашро бо ҳасрат ба қалам диҳад.
Розия Озод, ки шахси равшанзамире буд, тавонист ба фарзандонаш Бобоҷон Ғафуров ва Тоҷиниссо Ғафурова ахлоқи меҳнатдӯстӣ парварад ва ба роҳи инсондӯстиву накӯкорӣ ҳидоят намояд.
Ҷанги Бузурги Ватанӣ чун бар дигар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳар як хонаи тоҷик ҳам бадбахтӣ оварду аз ин ҷанги беамон дар дили аксари мардум доғ боқӣ монд. Розия Озод дар солҳои ҷанг қалам ба даст гирифта, муҳаббату садоқати худро нисбат ба хоки муқаддаси Ватан тавассути назм баён намуд. Чун дигар диловарони матинирода дар даврони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, баҳри рӯҳбаландии ҳомиёни Ватан ӯ шеър ва достонҳои ҷолиб офаридааст, ки дар нахустмаҷмӯаи ӯ «Муҳаббат ба Ватан», гирд омадаанд. Сипас бо қалами ин бонуи қаламкаш, шоираи соҳиби табъи равон, китобҳои «Гулистони ишқ», «Аз водии тилоӣ», «Иқбол», «Зинда бод сулҳ!», «Шеърҳои мунтахаб», «Дӯстони ман», «Мунтахабот», «Орзуи ман» ва «Хотира» пайи ҳам рӯйи чоп омаданд.
Китобҳои «Солнечный край», «Стихи», «Любовь к Родине» ба забони русӣ низ ба табъ расидаанд.
Боғча
Хайр, модарҷон!
Шеъри «Хайр, модарҷон» ҳам маҳсули эҷоди шоира Розия Озод буда, дар китоби «Хотира» ҷой дорад. Ин китоб ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ, диловариву суботи ҷанговарон, нангу номуси ватандорӣ ва меҳру муҳаббати мардуми тоҷик нисбат ба ватани маҳбубу хоки муқаддаси он бахшида шудааст.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.