From Wikipedia, the free encyclopedia
Новбон дувум (форсӣ: ناوبان دوم) — дараҷае афсарӣ дар нерӯи дарёӣ, ки ҷойгоҳе болотар аз новбон севум ва пойинтар аз новбон якум дорад ва баробар бо таҳмдор дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ аст[2].
Дараҷаи пойинтар: Новбон севум |
Новбон дувум |
Дараҷаи болотар: Новбон якум |
| ||||
Кӯтаҳнивишт | форсӣ: ناوبان دوم | |||
Кишвар | Эрон | |||
Дараҷаи болотар | Новбон якум | |||
Дараҷаи пойинтар | Новбон севум | |||
Ҳамто |
«Новбон» ба маънои «киштибон» дар «Шоҳнома» ба кор рафтааст:
Бад-он новбон гуфт Фирӯзшоҳ,
Ки киштӣ барафкан ҳамакнун ба роҳ[3].
Ин истилоҳ аз як вожа ва як пасванд сохта шудааст: нов (форсӣ: ناو < порсии миёна: nāv- < порсии бостон: nāvam- ‘киштӣ’[4] + -бон (форсӣ: بان- < порсии миёна: -bān, -vān < паҳлавӣ: pāna- ‘нигаҳбон, посбон’ > эронии бостон: *√pā- ‘поидан, нигаҳбонӣ кардан’ + -van), ки ба исм афзуда мешавад ва умуман маънии «нигаҳбон»-ро мерасонад[5]. Ин пасванд дар илҳоқ ба чанд исми маънӣ ба маънои «кунанда, варзанда, доранда» аст[6]. Мақулаи дастурии ин вожа исм ва сохтвожаи он ба сурати [исм (нов) + пасванд (-бон)] аст. Дар сохти ин исм аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст.
Дараҷаи «новбон» соли 1935 бо раводиди Фарҳангистони забони Эрон ба ҷои «сутвони нерӯи дарёӣ» ба кор гирифта шуда[7] ва ҳамтои лейтенант[1] (аз фр. lieutenant < фр. lieu tenant < лот. locum tenens «ҷойнишин») аст, ки дар нерӯҳои дарёии кишварҳои урупоӣ ба кор меравад ва се рутба дорад:
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.