Remove ads
From Wikipedia, the free encyclopedia
Мизонур Чоудхурӣ ( бенг. মিজানুর রহমান চৌধুরী ; 19 октябри соли 1928, Чандпур, — 2 феврали 2006, Дака ) — сиёсатмадори Банглодеш. Вай аз 9 июли соли 1986 то 27 марти соли 1988 сарвазири Банглодеш буд.
Ӯ дар Чандпур, дар ҳудуди Банглодеши ҳозира таваллуд шудааст. Дар коллеҷ ӯ ба корҳои сиёсӣ ҷалб карда шуд. Падараш Муҳаммад Ҳофиз Чоудҳурӣ ва модараш Маҳмуда Чоудхурӣ. Дар Мадрас дар мактаби Нурия Ҳайт таҳсил карда, дар соли 1952 коллеҷи Фениро хатм кардааст. Баъд директори мактаби миёнаи Бамнии ноҳияиНоехала шуда кор кард. Вай инчунин ба хайати комиссияи вилоятии хидмати давлатӣ интихоб шуд. Ӯ ба мактаби Нурия Ҳайт дар Чандпур роҳбарӣ мекард ва пас аз тарки хидмати давлатӣ дар онҷо ба ҳайси омӯзгори забони англисӣ кор кардааст [1].
Дар соли 1944 ӯ баъд аз ҳамроҳ шудан ба Лигаи донишҷӯёни мусулмонони Бангола ба сиёсат ворид шуд. Дар соли 1945 вай раиси шуъбаи Комиллаи Лигаи донишҷӯёни мусулмонони умуми Ҳиндустон интихоб шуд. Соли 1946 капитани корпуси ихтиёрии «Лигаи мусулмонон» таъйин шуд. Дар соли 1948 вай котиби генералии иттифоқи донишҷӯёни Лигаи мусулмонони Чандпур интихоб шуд ва баъд аз ду сол котиби генералии иттифоки донишҷӯёни коллеҷҳои Фени шуд. Соли 1952 ба ҷунбиш барои мақоми давлатии забони банголӣ ҳамроҳ шуд [1].
Дар соли 1959 ҷонишини раиси мунисипалитети Чандпур интихоб шуд. Дар соли 1962 вай вакили Ассамблеяи миллии Покистон интихоб шуд. Дар моҳи декабри соли 1964, ӯ тибқи Фармони амнияти давлатии Покистон боздошт шуд. Пеш аз интихоботи Маҷлиси миллй озод карда шуда, соли 1965 аз нав интихоб карда шуд. Дар соли 1966 вай ба вазифаи котиби ташкилии Лигаи Авомии Покистони Шаркй интихоб шуд ва баъд иҷрокунандаи вазифаи котиби генералӣ шуд. Яке аз созмондиҳандагони Ҳаракати "Шаш нуқта" шуд. 22 июни соли 1966 аз тарафи ҳукуматдорони Покистон дастгир карда шуд. Соли 1967 аз ҷониби Суди Олии Покистон озод карда шудааст. Соли 1968 вайро ходими ҳизби муттахидаи оппозисионӣ таъйин карданд. Дар соли 1969 дар ташкили Рӯзи шӯриши оммавӣ иштирок кардааст.[1]
Дар соли 1971 ӯ дар Ҷанги истиқлоли Банглодеш иштирок карда, истиқлол аз Покистонро ҳимоят мекард. Дар давоми ҷанг бо Абдул Малик Укил ба Агарталаи Ҳиндустон сафар кард, то ҳизби Лигаи Авомиро ташкил кунад. Соли 1972 баъд аз истиқлоли Банглодеш аввалин вазири иттилоот ва радио шуд. Дар соли 1973 вай вакили Ассамблеяи миллии Бангладеш интихоб шуд ва вазири барқарорсозӣ шуд. Соли 1979 боз ба вакилии Маҷлиси миллӣ интихоб шуд. Соли 1985 вазири почта ва телеграф шуд. Соли 1986 бори дигар ба вакилии Маҷлиси миллӣ интихоб шуд. 8 июли соли 1986 дар кабинети президент Ҳуссейн Мухаммад Иршод сарвазир таъйин шуд. 27 марти соли 1988 мухлати вазифаи сарвазириаш ба охир расид. Соли 1988 дубора вакили Маҷлиси Миллӣ ва соли 1991 дубора интихоб шуд. Вай соли 2001 ба Лигаи Авомӣ баргашт ва то охири умраш дар он ҷо монд [1].
Моҳи феврали соли 2006 дар Дака дар беморхонаи Бирдем [1][2] вафот кардааст.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.