From Wikipedia, the free encyclopedia
Лио́н (фр. Lyon [ljɔ̃] , орпитон: Liyon [ʎjɔ̃]) — шаҳр дар шарқи Фаронса, минтақаи Рона — Алп, маркази маъмурии бахш (департамент)-и Рона. Аҳолиаш 600 ҳазор нафар (2021); ҳамроҳ бо шаҳрҳои атрофаш агломератсияи Лиони Бузургро ташкил медиҳад, ки шомили 2 млн нафар аҳолӣ мебошад. Дар маҳалли якҷошавии дарёҳои Рона ва Сона ҷойгир аст. Шоҳроҳи бузурги нақлиётӣ, роҳи оҳани баландсуръат ба самти Порис, Лилл, Брюссел (Белжик), Марсел ва Монпеле, фурудгоҳи байналмилалӣ ва метрополитен дорад.
Маҳалли аҳолинишин | |||||
фр. Lyon | |||||
|
|||||
Кишвар | [[|]] | ||||
Роҳбар | Grégory Doucet[d] | ||||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||||
Масоҳат |
|
||||
Баландии марказ | 173 ± 1 м, 160 м[2] ва 312 м[2] | ||||
Минтақаи замонӣ | UTC+1[d] ва UTC+02:00 | ||||
Аҳолӣ | |||||
Аҳолӣ | |||||
Шиносаҳои ададӣ | |||||
Нишонаи почта | 69001, 69002, 69003, 69004, 69005, 69006, 69007, 69008 ва 69009 | ||||
Коди мошин | 69 | ||||
lyon.fr(фр.) | |||||
|
|||||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Дар ҳазораи як то м бо номи Лугдунум бунёд шудааст (аз лотинии Lugdunum — қалъаи Луг, Луг — худои рӯшноӣ дар бовари қабилаҳои келтӣ). Номи ҳозираи шаҳр аз асри 13 маълум аст. Аз соли 43 то м. мустамликаи румиҳо, аз соли 27 то м. шаҳри асосии гулугоҳи Лугуни Галлия, то соли 297 мелодӣ пойтахти Галлия. Чандин бор қароргоҳи муваққатии императорони Рум буд ва императорон — Клавдий ва Каракалла дар ҳамин шаҳр таваллуд шудаанд. Соли 1307 (тамоман соли 1312) ба ҳайати Фаронса гузашт. Дар натиҷаи вабои соли 1348 аз се як ҳиссаи аҳолии худро талаф дод. Дар асри 16 яке аз бузургтарин шаҳрҳои Аврупо буд. Аз соли 1420 чандин маротиба қароргоҳи шоҳони Фаронса ва яке аз марказҳои Неҳзати Фаронса буд. Аз соли 1982 маркази маъмурии минтақаи мухтори Рона — Алп мебошад.
Бахши таърихии шаҳр дар соҳили рости дарёи Сона, дар теппаи Фурвер қарор дорад, ки чандин харобаҳои ёдгориҳои замони император Август ва Антонина, маъбади Сибела, таетр ва одеон боқӣ мондаанд (асрҳои 1-2 мелодӣ). Соли 1774 аз болои дарёи Рона пул сохта шуд, ки дар рушди шаҳр саҳми бузург гузошт. Аз охири асри 19 ва ибтидои асри 20 муназзам маҳаллаҳои нави аҳолинишин сохта шуд. Шаҳри ҳозира аз рӯи нақшаи соли 1914 тартибшуда сохта шудаст.
Асоси иқтисоди шаҳрро соҳаи хидматрасонӣ (молиявиву бонкӣ, тиҷорат, меҳмонхона, ресторан, илм ва маориф, нақлиёт ва ғайра) ташкил медиҳад. Лион бузургтарин марказии молии кишвар буда, дар он бинои асосии яке аз бузургтарин бонкҳои Фаронса — Le Crédit Lyonnais (1863) қарор дорад. Дар атрофи шаҳр корхонаҳои хурди винобарорӣ ва дар шаҳри Фейзен корхонаи бузурги коркарди нафт фаъолият дорад.
Лион маркази бузурги илмии Фаронса дар соҳаҳои тандурустӣ, зистшиносӣ, улуми равоншинохтӣ, физикаи бунёдӣ, кимиё ва ғайра мебошад. Муассисаҳои илмӣ ва фарҳангӣ: Озмоишгоҳи ташхисии ширкати «P4 Jean Mérieux» (1897), Шуъбаи Донишкадаи миллии пажӯҳишоти беҳдошт ва тандурустии Фаронса (1964), Ожонсии байналмилалии омӯзиши саратон (1965), Донишгоҳи Лион, Мактаби миллии санъат ва бозигарӣ, Китобхонаи байналмилалии улуми адабӣ ва инсонӣ, Осорхонаи байналмилалии лухтак (1950), Театри опера (1831) ва ғайра.
Бошгоҳи футболи «Олимпик Лион» яке аз бузургтарин бошгоҳҳои футболи Фаронса буда, аз ширкатдорони доимии Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо мебошад. Карим Бензема — бозигари бошгоҳи «Реал Мадрид»-и Испониё ва яке аз машҳуртарин бозигарони асри 21 дар ҳамин шаҳр таваллуд шудааст.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.