Каримҷон Бобоҷонович Ҳусейнов (тав.02.05.1949, шаҳри Конибодом – ваф.14.06.2015, Душанбе) — доктори илмҳои химия (2004), профессор (2004).

Quick Facts Каримҷон Ҳусейнов, Таърихи таваллуд ...
Каримҷон Ҳусейнов
Каримҷон Бобоҷонович Ҳусейнов
Таърихи таваллуд 2 май 1949(1949-05-02)
Зодгоҳ Конибодом вилояти Суғд, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 14 июн 2015(2015-06-14) (66 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Кишвар Парчами Тоҷикистон Тоҷикистон
Фазои илмӣ химия
Ҷойҳои кор Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои химия
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин
Ҷоизаҳо Ордени Шараф
Close

Зиндагинома

Каримҷон Ҳусейнов cоли 1972 факултаи химияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро ба итмом расонда, дар аспирантураи Университети давлатии Воронеж хондааст. Солҳои 1976-1982 ходими илмӣ ва ходими калони илмии Институти илмӣ-таҳқиқотии эпидемиология ва гигиена, 1982-1987 муаллими кафедраи биофизикаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино, 1987-1997 декани факултаи тиҷорати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, 1997-2001 ноиби ректор оид ба таълими ҳамин боргоҳи илм буд. Аз соли 2001 дар Коллеҷи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон хидмат ба ҷой оварда, дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ‎ дарс додааст. Бобати нақши мутафаккирони асримиёнагии Шарқ дар рушди илмҳои табиатшиносӣ таҳқиқот анҷом дода, қариб дусад таълифот ба табъ расондааст. Дар бисёр симпозиуму конфаронси байналмилалӣ илми тоҷикро муаррифӣ кардааст.

Осор

  • Химия мономеров. Учебное пособие. – Х., 1998.(соавтор);
  • Истоки химических знаний в средневековом Востоке. – Д., 2003.(соавтор).[1]

Ҷоизаҳо

  • ордени «Шараф»

Эзоҳ

Wikiwand in your browser!

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.

Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.