From Wikipedia, the free encyclopedia
Кавсар (ар. الكوثر — «фаровонӣ») — дар фарҷомшиносии исломӣ, яке аз дарёҳои биҳишт, ки ба паёмбар Муҳаммад (с) дода шудааст. Дар Қуръони карим дар сураи Кавсар омадааст: «Мо ба ту фаровонӣ додем (дарёи биҳишт, ки онро «Кавсар» номида мешавад)».
Тибқи ривоят, дар вақти ба осмон баромадани Паёмбар (с) Кавсар ба ӯ нишон дода шудааст [1]. Дар рӯзи қиёмат (ҳашр) ҳама паёмбарон ҳавзҳои худро доранд, ки дар миёни онҳо ҳавзи паёмбар Муҳаммад (с) фарқ мекунад. Дар назди дарёҳои биҳиштӣ касоне, ки пайрави паёмбарон буданд, ҷамъ мешаванд, то бори охир пеш аз ворид шудан ба биҳишт ташнагии худро бишкананд. Гуноҳкорон ва кофироне, ки аз паёмбарон рӯй гардонданд наметавонанд ба обанборҳо наздик шаванд, зеро фариштагон онҳоро аз он ҷо дур мекунанд.
Муфассирони Қуръон дар шарҳи ояти Қуръон маъмулан менависанд, ки оби Кавсар аз барф сафедтар ва аз асал болаззаттар аст ва тибқи таъбирҳои баъдӣ, ин рӯдхона аз миёни соҳилҳои тиллоӣ дар қад-қади ёқуту марворид ҷорист.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.