From Wikipedia, the free encyclopedia
Изатулло Сатторӣ (Сатторов Изатулло Табарович; 24 декабри 1957, ноҳияи Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон) — донишманди ветеринар, доктори илмҳои ветеринарӣ профессор, академики Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон[1]. Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 2016)[1].
аз 30 марти 2016 | |
Нахуствазир | Қоҳир Расулзода |
Президент | Эмомалӣ Раҳмон |
Пешгузашта | Маҳмадтоир Зокирзода |
Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон
|
|
6 декабри 2013 — 30 марти 2016 | |
Пешгузашта | Ҳукматулло Аҳмадов |
Ҷонишин | Нуралӣ Асозода |
Таваллуд |
24 декабр 1957 (66 сол) |
Ном ҳангоми таваллуд | Сатторов Изатулло Табарович |
Дараҷаи илмӣ | доктори илм |
Иззатулло Сатторӣ 24 декабри соли 1957 дар ноҳияи Ҳисор ба дунё омадааст. Соли 1978 Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро бо ихтисоси духтури тибби ветеринарӣ хатм кардааст[2]. Оиладор, соҳиби панҷ фарзанд.
Фаъолияти кориашро соли 1978 ба ҳайси ассистенти кафедраи зоогигиена ва асосҳои ветеринарии факултаи ветеринарии Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон оғоз намудааст.
Солҳои 1984—1994 ходими илмӣ, мудири озмоишгоҳ ва аз соли 1994 то соли 2005 ба ҳайси директори Институти ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз соли 2005 то соли 2013 ба ҳайси ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур кор кардааст.
Солҳои 2013—2016 дар вазифаи Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон фаъолият намудааст[2].
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 658 аз 30 марти соли 2016 Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шудааст[3].
Изатулло Сатторӣ соли 1984 дар Институти ветеринарии шаҳри Маскав ҳифзи рисолаи номзадӣ ва соли 1995 ҳифзи рисолаи докторӣ намуда, ба унвонҳои профессор (2001) Академики Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (2001) ва профессори фахрии Донишгоҳҳои аграрии Россия, Қазоқистон, Арманистон, Чин (2008—2010) сазовор гаштааст.
Муаллифи беш аз 220 китобу мақола ва дастурамал оид ба соҳаи кишоварзӣ мебошад. Навигариҳои илмӣ бо 16 патент тасдиқ шудааст. Бо роҳбарии ӯ 14 номзаду докторҳои илм тайёр гардидааст[4].
Дастовардҳои илмӣ ӯ бо медали тилои моликияти зеҳнӣ (2005) ва Ҷоизаи байналхалқии ба номи Суқроти Донишгоҳи Кембриҷи Англия (2007) қадрдонӣ гардидааст. Бо ордени «Шараф» (1999) сазовор шудааст[4].
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.