From Wikipedia, the free encyclopedia
Егор Тимурович Гайдар (19 марти 1956, Москва — 16 декабри 2009, Успенское, вилояти Маскав) — ислоҳотгари либерали Русия, арбоби давлатӣ ва сиёсӣ, иқтисоддон, доктори илмҳои иқтисодӣ.
русӣ: Егор Тимурович Гайдар | |
15 июн 1992 — 14 декабр 1992 | |
Пешгузашта | Борис Елтсин |
Ҷонишин | Виктор Черномирдин |
18 сентябр 1993 — 20 январ 1994 | |
Пешгузашта | Vladimir Shumeyko[d] |
Ҷонишин | Олег Лобов |
19 феврал 1992 — 2 апрел 1992 | |
18 январ 2000 — 7 декабр 2003 | |
Таваллуд |
19 март 1956[1][2][3] |
Даргузашт |
16 декабр 2009[4][1][3] (53 сол) |
Мадфан | |
Падар | Timur Gaidar[d] |
Модар | Ariadna Bazhova[d] |
Фарзандон | Maria Gaidar[d] |
Ҳизб | |
Таҳсилот | |
Дараҷаи илмӣ | доктори илмҳои иқтисодӣ[d] |
Эътиқод | Агноститсизм |
Соядаст | |
Ҷоизаҳо | |
Ҷойҳои кор | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Яке аз пешвоён ва идеологҳои асосии ислоҳоти иқтисодии аввали солҳои 90-ум дар Русия. Солҳои 1991-1994 дар мақоми баланд дар ҳукумати Русия, аз ҷумла 6 моҳ (июн-декабри 1992) ва иҷрокунандаи раиси ҳукумат. Вай дар тайёр кардани созишномаи Беловеж иштирок дошт. Дар таҳти роҳбарии Гайдар гузариш аз иқтисодиёти планӣ ба бозор cap шуд, нархҳо озод карда шуданд, системаи андоз аз нав ташкил карда шуд, савдои берунӣ озод карда шуд, хусусигардонӣ cap шуд.
Яке аз иштирокчиёни асосии рӯйдодҳои ҳукумат дар давраи бӯҳрони конститутсионии соли 1993 ва қатъи фаъолияти Конгресси вакилони халқ ва Шӯрои Олии Русия. Ташкилкунандаи митингҳои зиддиҷангӣ дар давраи Ҷанги Якуми Чечен. Муассис ва яке аз раҳбарони ҳизбҳои "Интихоби демократии Русия" ва "Иттиҳоди нерӯҳои рост". Роҳбари фраксияи «Интихоби Русия» дар Думаи давлатии даъвати якум (1993-1995) ва вакили фраксияи СФС дар Думаи даъвати сеюм (1999-2003). Дар таҳияи Кодекси андоз, Кодекси буҷет, қонунгузорӣ дар бораи Фонди эътидол ширкат дошт.
Муассис ва директори Институти сиёсати иқтисодӣ. Муаллифи мақолаҳои сершумор оид ба иқтисодиёт, якчанд монография оид ба таърихи иқтисодии Русия ва таҳлили гузариш аз иқтисоди нақшавӣ ба иқтисоди бозорӣ.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.