ҳунарпешаи колумбӣ From Wikipedia, the free encyclopedia
Данна Мария Гарсия Осуна (исп. Danna Maria Garcia Osuna; тав. 4 феврал 1978, Меделин) — ҳунарпеша, сароянда ва модели колумбӣ. Ӯ яке аз занҳои машҳури колумбӣ дар Амрикои Лотинӣ мебошад. Ӯро соли 2008 бо ақидаи «People en Espanol’s Los 50 mas Bellos list» чеҳраи зеботарин ном бурданд. Данна донандаи забонҳои англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ ва испанӣ мебошад.
Данна 4-уми феврали 1978 дар оилаи сарояндаи колумбӣ Клаудия Осуна таваллуд шудааст. Ӯ инчунин хоҳаре аз худ бузургтар бо номи Клаудия ва бародаре Хайме дорад.
Ҳунарпеша фаъолияти ҳунариашро дар шоу-бизнес соли 1994 ҳамчун овозхон оғоз кардааст. Якҷоя бо хоҳари худ Клаудия, онҳо дар гурӯҳи "Cafe moreno" (Қаҳваи сиёҳ) месароиданд, ки 3 фиттаашон сабт шудааст. Аввалин албоми ӯ бо номи "Momposino" сабт шудааст. Данна фаъолияти сурудхонии худро бо нақшофарӣ дар теленовелаҳо якҷоя амалӣ карда натавонист аз ин рӯ соли 1998 гурӯҳ барҳам дода шуд.
Соли 1994, ӯ нақши аввалини худро дар теленовелаи "Қаҳва бо накҳати зан" (исп. Café, con aroma de mujer) бозид. Соли 1996, Данна аввалин ҳунарпешаи колумбиест, ки ба теленовелаи истеҳсоли Мексика «Ба самти Шимол аз дил» (исп. Al norte del corazón) даъват шудааст. Пас аз ин якчанд маротибаи дигар низ дар силсилафилмҳои мексикӣ нақш офаридааст.
Бузургтарин маъруфиятро Данна пас аз иҷро дар теленовелаи Колумбия "Эҳсоси махфӣ" (исп. Pasión de Gavilanes)- ремейки теленовелаи "Обҳои ором" (исп. Las aguas mansas) ба даст овардааст. Дар ин ҷо вай бо Марио Симарро, Паола Рей, Наташа Клаусс, Мишел Браун, Хуан Алфонсо Баптиста ҳунарнамоӣ намудааст. Ӯ ва Марио нақшашонро ба дараҷае хуб иҷро кардаанд, ки мухлисон ҳатто Даннаро дар вайрон шудани издивоҷи Марио Симарро ва ҳунарпеша Наталия Стрейнард айбдор карданд. Ҳунармандоне, ки дар ин теленовела нақш офаридаанд, бисёр ҷоизаҳоро ба даст оварданд, аз ҷумлаи ҷоизаҳои байналмилалӣ. Филмро барои намоиш аз ҷониби бисёр кишварҳо (аз ҷумла Русия, Украина ва ИМА) харидорӣ шудааст. Пас аз муваффақият, Мексика ремейки ин силсилафилмро "Оташ дар хун" (исп. Fuego en la sangre) ба навор гирифт.
Соли 2004, Данна ба теленовелаи колумбии "Ман ба ту дӯст доштанро меомӯзам" исп. Te voy a enseñar a querer бо Мигел Варонӣ, Мишел Браун, Катрин Сиачоке ва дигарон нақш бозидааст. Силсилафилм аз тарафи мунаққидон ва мухлисон хело хуб қабул шудааст.
Соли 2008, Данна боз ҳамроҳи Марио Симарро дар теленовелаи "Товон" (исп. La traicion) нақш бозид. Инчунин Салвадор дел Соллар, Луз Стелло Луэнгас дар ин силсилафилм ҳунарнамоӣ намудаанд.
Соли 2009, ӯ дар "Тилисми зебо" (ё Фариштаи бетақдир) (исп. Bella Calamidades), теленовелаи нави Телемундо, дар якҷоягӣ бо ҳунарпешаи аргентинӣ Сегундо Сернадас, Кэти Барбери, Мария Ҳелено Доеринг, Адриана Кампос, Пабло Азар ва Диана Кихано нақш бозидааст. Тилисми зебо аввалин теленовелаи Телемундо буд, ки дар кишварҳои Амрикои Лотинӣ ба навор гирифта шудааст, наинки дар Иёлоти Муттаҳида.
Соли 2010, ӯ дар ремейк филми "Касе туро нигоҳ дорад" (исп. Alguien te mira) дар Телемундо ҳамроҳ бо Кристиан Мейер, Рафаэл Амайа, Давид Чокарро ва дигарон нақш бастааст[1].
Данна як сол бо тоҷири олмонӣ робитаи румонтикӣ дошт, ҳатто омода буд Колумбияро тарк карда бо дӯстдоштааш ба Аврупо равад вале бо сабабҳои гуногун онҳо ҷудо шуданд. Ӯро расонаҳо инчунин бо ҳунарпеша Марио Симарро робита доштанашонро навиштаанд вале онҳо рад карда якдигарро дӯстони хуб шумурданд. Ӯ якчанд муддат бо муовини вазири мудофиаи Колумбия Хорхе Марио Эстман робитаи ошиқона дошт, баъд аз банаворгирии теленовелаи "Товон" онҳо пош хӯрданд. Дертар ӯ бо ҳунарпешаи машҳури мексикӣ Ҷонатон Ислас шинос шуд, ки аз тарафи ӯ пешниҳоди хонадоршавӣ шуд. Аммо онҳо низ зуд барҳам заданд.
Данна инчунин робитаи ошиқонаашро бо шарикаш аз теленовелаи "Биё барои ишқ суҳбат мекунем " (исп. Háblame de amor), Маурисио Очманн тасдиқ намуда иброз дошт, ки баъди ҷудо шудан бо ҳам дӯст боқӣ мондаанд.
Данна Гарсия 21 марти 2017 ҳомиладор буданашро тасдиқ намуд,[2] ки падари тифлаш рӯзноманигори испанӣ Иван Гонсалес мебошад[3]. Ӯ тифлаш Дантеро 8 июли 2017 соати 7-и субҳ дар Майамӣ-Бич таваллуд намуд[4][5].
Соли 2020 Данна гирифтори коронавирус гардидааст[6].
Сол | Номи филм | Бо забони тоҷикӣ | Нақш(ҳо) | Шарҳ(ҳо) | Пайвандҳо |
---|---|---|---|---|---|
2010 | Toy Story 3 | Ҳикояи бозичаҳо | Барбӣ | Тарҷумашуда бо забони испанӣ | [7] |
2012 | El cielo en tu mirada | Осмон дар чашмони туст | Анжелика Мария | [8] | |
2012 | Carrusel | Мария Кристина Эчеваррӣ | [9] | ||
2018 | Malacopa | Паулина Сантамария | [10] |
Сол | Номи филм | Бо забони тоҷикӣ | Нақш(ҳо) | Шарҳ(ҳо) | Пайвандҳо |
---|---|---|---|---|---|
1987 | Imagínate | Худатро тасаввур кун | [12] | ||
1989 | Azúcar | Шакар | Каридод Солаз дар хурдӣ | [13] | |
1991 | La casa de las dos palmas | Эванҷелинаи ҷавон | [13] | ||
1993 | Café, con aroma de mujer | Қаҳва бо накҳати зан | Морсело Валйехо Корте | [14] | |
1995 | Victoria | Виктория | Виктория | [15] | |
1996 | El día es hoy | Милена | [16][17] | ||
1997 | Al norte del corazón | Ба самти Шимол аз дил | Элоиза | [15] | |
1998 | Perro amor | София Сонтоно | [18] | ||
1999 | Háblame de amor | Биё барои ишқ суҳбат мекунем | Хулиё Толедо Салвидар/Химена Ортега Толедо | [15] | |
2000 | La revancha | Интиқом | Солидод Сантандер / Морионо Риос | [19] | |
2002 | Lo que callamos las mujeres | Розҳои занона | Летӣ | (Мавсими 2, қисмати 36) | [15] |
2003 | Pasión de gavilanes | Эҳсоси пинҳон | Норма Элизондо Асеведо | [20] | |
2004 | Te voy a enseñar a querer | Дӯст доштанро ба ту меомӯзам | Диана Мария Риверо | [21] | |
2005 | Corazón partido | Қалбҳои шикаста | Aura Echarri Medina | [22] | |
2007 | Decisiones | Натиҷа | Франсиско | Мавсими 3, Қисмати 16 | [15] |
2008 | La traición | Товон | Сулидод де Обергон | [23] | |
2008 | Tiempo final | Дар лаҳзаи охир | Ана | "Лесбианҳо" (мавсими 2, қисмати 6) | [13] |
2008-2009 | Un gancho al corazón | Зарба ба қалб | Валентина Лопез "Ла Монита" | [24] | |
2010 | Bella calamidades | Тилисми зебо | Дулорес "Луло" Корреро | [25] | |
2010 | Alguien te mira | Касе туро нигоҳ дорад | Пидод Эстевез | [26] | |
2012-2013 | Qué bonito amor | Чихел ишқ зебост | Мария Мендоза | Номз, Premios People en Español барои беҳтарин ҳунарпешаи нақши асосӣ[27] Номз, Premios People en Español барои беҳтарин ҷуфт бо Хорхе Салинас[27] |
[28] |
2014 | Camelia la Texana | Камелия аз Техас | Роза | 1 қисм | [29] |
2015 | Lo imperdonable | Нобахшиданӣ | Ребеко Ройо | 16 қисм | [30] |
2016 | Ruta 35 | Маршрути 35 | София Бермудез | [31] | |
2016 | Las amazonas | Амазонҳо | Диана Сантос | [32] | |
2018 | Por amar sin ley | Fanny Quiroz | 9 қисм [33] | [34] | |
2019 | El Señor de los Cielos | Виолета Эстрелла | Мавсими 7 | [35] |
Сол | Ном | Бо забони тоҷикӣ | Нақш(ҳо) | Шарҳ(ҳо) | Пайвандҳо |
---|---|---|---|---|---|
2016 - 2017 | Extraños en un tren | Anna Heines |
Сол | Категория | Номи силсилафилм | Натиҷа |
---|---|---|---|
2005 | Беҳтарин нақши асосӣ | Ба ту дӯст доштанро меомӯзам ( Te voy a enseñar a querer ) | Номзад |
1999 | Беҳтарин нақши асосӣ | Perro amor | Ғолиб |
1995 | Беҳтарин нақши асосӣ | Қаҳва бо хушбӯйии занҳо (Café con aroma de mujer) | Номзад |
Сол | Категория | Номи силсилафилм | Натиҷа |
---|---|---|---|
2005 | Беҳтарин нақши асосӣ | Ба ту дӯст доштанро меомӯзам ( Te voy a enseñar a querer ) | Номзад |
1990 | Беҳтарин ҳунарпешаи кӯдак | Шакар (Azúcar) | Номзад |
Сол | Категория | Номи силсилафилм | Натиҷа |
---|---|---|---|
2004 | Беҳтарин нақши асосӣ | Хашми пинҳон (Pasión de gavilanes) | Ғолиб |
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.