From Wikipedia, the free encyclopedia
Боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ - дар шаҳри Хуҷанд, дар чапи соҳили Сирдарё бунёд шудааст. Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ дар бари рӯди Сир соли 1924 ташкил ёфта, расмикушоди он 1-уми майи соли 1939 баргузор гардидааст. Наздик як аср мешавад, ки ин макон ҷои истироҳату фароғати шаҳрвандону меҳмонон қарор дорад. Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ дар рӯ ба рӯи Театри мазҳака ва мусиқии Камоли Хуҷандӣ ва Осорхонаи таърихии вилояти Суғд бунёд гардидааст. Алҳол дарвозаи боғ 24 метр дарозӣ, 11 метру60 см. баландӣ дошта, бошаи сутунҳо аз маҳсулоти сохтмонии маҳаллӣ бино ёфта, аз 16 сутун иборат аст. 8-тои он аз тарафи рост, 8 адади дигар аз тарафи чап ба дарвоза шукӯҳу шаҳомати олӣ бахшидаанд.[1]
Боғи навсозишудаи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо пайкараи ӯ, мақбара ва хонаю чорбоғи рамзии ин шоири ширинкаломи тоҷик, ки оромгоҳи воқеияш дар шаҳри Табрези Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дорад, дар шаҳри Хуҷанд 21 марти соли 2015 ифтитоҳ ёфт.[2]
Навсозии боғи Камоли Хуҷандӣ соли 2014 бо супориши Сарвари давлат, пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфта буд. Дар сохтмони хонаи асримиёнагии Камоли Хуҷандӣ се гурӯҳ устоҳои ватанӣ, аз ҷумла кандакорони болои чӯбу гач, наққошону рассомон, бурёбофон ва дигар ҳунармандон давоми як сол кор кардаанд.[3]
Дар тарафи рости дарвозаи боғи Камоли Хуҷандӣ пештар меҳвари сангине сохта шуда буду акнун дар он ҷо гирифтааст, ки асосаш аз мармари сиёҳи чаҳоркунҷа иборат буда, аз нуҳ қисмат иборат аст ва ба нуҳ самт ишорат мекунад, ки аз мармари сафед аст. Дар чаҳор самти он ҳарфҳои инглисии S, N, W, E сабт шудааст, ки ҷанубу шимолу ғарбу шарқро ифода мекунад. Дар таҳкурсии меҳвар масофаи байни Хуҷанд ва шаҳрҳои машҳури ҷаҳон сабт гардидааст.
Вурудгоҳ — дарвозаи даромадгоҳи боғро дар рӯ ба рӯи Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ, аз паҳлӯи Осорхонаи таърихии вилояти Суғд оғоз намудаанд, ки хеле барҳаво буда, чун идомаи Осорхона ва девори қалъа қомат афрохтааст. Дарвозаи боғ 24 метрдарозӣ, 11 метру 60см. баландӣ дошта, бошаи сутунҳо, ки ҷузъи меъморӣ ба ҳисоб меравад, аз маҳсулоти сохтмонии маҳаллӣ бино ёфта, аз 16 сутун иборат аст. 8-тои он аз тарафи рост, 8 адади дигар аз тарафи чап ба он шукӯҳу шаҳомати олӣ бахшидаанд.
Боша ё худ сарсутун дар санъати меъмории қадима ривоҷ ёфта буд. Дар Юнони қадим, Итолиё бошаҳои ионӣ, дорӣ ва коринфӣ роиҷ буданд, дар Ҳиндустон бошаҳо дар сурати Шер ва нилуфар, дар Мисри қадим ба шакли нилуфар оро меёфтанд. Дар Эрони қадим тарҳи сари барзгов доштанд. Дар Осиёи Миёна бошад, чанд навъи боша дида мешуд, ки маъмултаринаш калламуқарнас мебошад. Бошаи сутунҳои чӯбиву сангиро, аксаран аз худи танаи сутуни яклухт мебароварданд ва танаи сутунҳоро чорқира ё шашқира метарошиданд. Чун аз дарвоза вориди боғ мешавед, пешорӯи шумо гулҳои рангоранги нилуфару лола, ёсуману садбарг ва фаввораҳо менамояд. Растаи васеъи фаввораҳо қариб то Сирдарё тӯл мекашад. Онҳо шомгоҳон чароғон гардида, марғзору гулгаштҳои атрофро равшан мекунанд. Ҷӯи Раззоқ, ки дар гузашта аз назди Қалъа ҷорӣ мешуд, аз нав эҳё гардида, бо сангҳои аз дарёи Вахш оварда оро дода шуда, шилдирроси оби ҷӯйбор ва бозии оби фаввораҳо чун мусиқии форам ва гӯшнавоз ба кас ҳаловат мебахшад. Тарамҳои зебои болои ҷӯй ва гулу дарахтон табъро болида месозанд. Хиёбони байни Қалъаи Хуҷанд ва дарёи Сир тӯл мекашад, ки сутунҳои баланди чун қандил ороёфтаи барқ ва нахлҳою сарвҳои чун қомати зебосанамҳо бовиқор ба он ҳусни беҳамто бахшида, то мақбараи намодии Камоли Хучандӣ мебаранд.[4]
Дар ҳудуди боғ пайкараи навбунёди Камоли Хуҷандӣ бардошта шудааст, ки аз 6 тонна метали биринҷӣ сохта шуда ва атрофаш бо сангҳои хорои маҳаллӣ оро дода шудааст. Баландии ҳайкал 7 метр ва зерпояаш 4,5 метр мебошад. Ҳайкали барқади Хоҷа Камол шукӯҳи махсус дорад, ки онро пайкарасози ҷавони хуҷандӣ Давронҷон Раҳматов бунёд гузоштааст. (Нигаред:Мақбара ва пайкараи К. Хуҷандӣ (2015) РИА Новости )
Дар оромгоҳи рамзии Камоли Хуҷандӣ, ки бо гузашти садсолаҳо пас аз дунёро дар ғарибиҳо падрӯд гуфтани ин шоиру орифи ғазалсаро дар зодгоҳаш бунёд ёфтааст, аз ҷониби пешвои миллат мушти хоке рехта шуд, ки аз марқади воқеии ӯ аз шаҳри Табрези Эрон оварда шудааст. Ин мақбара намунаи волои санъати меъморӣ, кандакорӣ, наққошӣ мебошад. Гумбази болои мақбара, сутунҳои гирду атрофи он бо сангҳои хоро, ки аз мамлакати мардумии Чин оварда шуда, тақрибан 100 тоннаро ташкил медиҳад, оро ёфтааст. Зеббахши зери мақбара сангҳои хорои маҳаллӣ аст.[1]
Дар паҳлӯи оромгоҳ хонаи рамзии Камол бо ороишот ва нақшу нигори миллӣ дар масоҳати 6 садяк замини боғ бунёд ёфтааст, ки басо зебою диданӣ аст. Дар хонаи Камол чор хуми калон ҳаст, ки дар яке гандум, дар дигараш шолӣ, дар севумӣ равған ва дар ҷаҳорумин об гузошта мешавад, ки ин ба зарурати захира кардани озуқаворӣ ишорат мекунад ва ин анъанаи аз рӯзгори бостон то имрӯз расидаи мардуми соҳибтамаддуни тоҷик аст. Дар манзили Камол шабакаи қадимаи обу ташноб ҳам мавҷуд аст, ки нишона аз фарҳанги баланди шаҳрдории мардуми тоҷик мебошад. Ниёгони мо ҳанӯз дар асрҳои миёна ба тозагӣ ва гигиенаи шахсӣ аҳмияти хоса зоҳир менамуданд. Дар хонаи Камол ҳамчунин ҳунарҳои адрасбофию атласбофӣ, ки анъанаи қадимаи мардуми тоҷик аст, намоиш дода шуд.[2]
Дар пушти хона чорбоғи Камол бунёд ёфтааст, ки яке аз унсурҳои асосии хонаҳои асримиёнагӣ ва ҳам муосири тоҷикон аст. Дар чорбоғи Камол дарахтони зардолу, бодом ангур ва анор шинонда шудааст. Дар атрофи ҳавзи ҳавлӣ 40 бех дарахти сиёҳбед қомат афрохтааст, ки тибқи талаботи аз аҳди бостон расидаи тоҷикон барои аз намӣ ва шӯра эмин нигоҳ доштани хонаю биноҳои атрофи ҳавз шинонда мешудааст. Боғи навсозишудаи Камоли Хуҷандиро ҳамчунин обшорон оро медиҳанд, ки ба дарозии 150 метр тул кашидаанд. Дар бунёди он сангҳои сиёҳ, сурх, сафеди аз ноҳияи Ашт овардашуда истифода шудааст. Дар боғи Камоли Хуҷандӣ ҷӯйи Раззоқ сохта шудааст, ки сангҳои он аз дарёи Вахш оварда шуда, бозгӯй аз ваҳдати миллӣ ва дустию ҳамбастагии мардуми Тоҷикистон аст. Бо ҳунари дастони устоҳои чирадаст аз ноҳияи Бобоҷон Fафуров ва шаҳри Исфара ҳуҷраҳои ҳудуди боғ ва се айвон бо кандакорӣ ва нақшу нигори зебо оро ёфтаанд. Дар ҳудуди боғи истироҳатӣ айвонҳои миллӣ, роҳравҳои замонавӣ, гӯшаи ҳунарҳои халқӣ ва фаввораҳо бунёд ёфта ба таври муосир чароғон карда шудаанд.[2]
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.