Анадир
From Wikipedia, the free encyclopedia
From Wikipedia, the free encyclopedia
Анадир (русӣ: Ана́дырь, чук. Кагыргын (чукчиҳои ҷанубӣ ва поёнӣ), Въэӈын (чукчиҳои шимолӣ)[3]) — шаҳр дар Федератсияи Русия, маркази маъмурии Округи худмухтори Чукотка. Дар соҳили халиҷи Анадири Баҳри Беринг ҷойгир шудааст (бандари Анадир). Аҳолиаш 11777 нафар (2010).
Шаҳр | |||||
чук. Кагыргын | |||||
|
|||||
64°44′ с. ш. 177°31′ в. д.HGЯO | |||||
Кишвар | Русия | ||||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||||
Таъсис | 1889 | ||||
Масоҳат |
|
||||
Баландии марказ | 35 м | ||||
Минтақаи замонӣ | UTC+12:00[d] | ||||
Аҳолӣ | |||||
Аҳолӣ | |||||
Номи қавмӣ | ана́дырцы, ана́дырец | ||||
Шиносаҳои ададӣ | |||||
Пешшумораи телефон | 42722 | ||||
Нишонаи почта | 689000 | ||||
novomariinsk.ru | |||||
|
|||||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Солҳои 1932-1980 маркази Округи миллии Чукотка, 1980–1991 маркази маъмурии Округи худмухтори Чукотка, аз соли 1992 – маркази маъмурӣ ва пойтахти Округи худмухтори Чукотка. Бо Петропавловски Камчатка, Владивосток, Магадан, Находка алоқаи баҳрӣ ва бо шаҳрҳои Москва, Владивосток, Хабаровск алоқаи ҳавоӣ дорад. Дар Анадир мақомоти намояндагӣ ва ҳокимияти иҷроия, Дастгоҳи нозироти федералии Намояндаи ваколатдори Президенти Федератсияи Русия дар Округи федералии Шарқи Дур, инчунин идораҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои тобеи округи маҳаллӣ ва федералӣ ҷойгиранд.
Анадир заводи коркарди моҳӣ, маркази гармидиҳӣ, қубури интиқоли газ дорад. Дар атрофи Анадир тило ва ангишт истихроҷ мекунанд, гавазнпарварӣ, моҳидорӣ ва шикор тараққӣ кардааст. Дорои Осорхонаи кишваршиносии округӣ мебошад.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.