Remove ads
From Wikipedia, the free encyclopedia
Хо Ши Мин (вйетн. Hồ Chí Minh, чинӣ: 胡志明, 19 майи соли 1890 — 2 сентябри 1969) — инқилобгари Вйетнам, ходими давлатӣ. Номи ҳақиқӣ — Нгуен; тахаллуси дигар Нгуен Ай Куок (вйетнамӣ. Nguyễn Ái Quốc, 阮愛國, «Нгуен-ватандӯст»). Аз солҳои 1920 инҷониб фаъоли Коминтерн буда, ба Москва сафар карда (аввалин бор соли 1923) ва ба маҷаллаи[5] Огонёк"-и Осип Манделштам мусоҳиба медиҳад. Дар солҳои 1960-ум ӯ бо номи «Амаки Хо» маъруф буд.
вйетн. Hồ Chí Minh | |
2 сентябр 1945 — 2 сентябр 1969 | |
Пешгузашта | Bảo Đại[d] |
Ҷонишин | Tôn Đức Thắng[d] |
Таваллуд |
19 май 1890[1][2][3][…] |
Даргузашт |
2 сентябр 1969[2][3][4][…] (79 сол) |
Мадфан | |
Ном ҳангоми таваллуд | вйетн. Nguyễn Sinh Cung |
Падар | Nguyễn Sinh Sắc[d] |
Модар | Hoàng Thị Loan[d] |
Ҳизб | |
Таҳсилот | |
Эътиқод | Vietnamese folk religion[d] |
Соядаст | |
Ҷоизаҳо | |
Рутба | генерал |
Набардҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор | |
Осор дар Викитека |
Хо Ши Мин сарвазир (1946—1955) ва президенти Вйетнами Шимолӣ — Ҷумҳурии Демократии Вйетнам (1955—1969) буд.
Ҳо Ши Мин, ки забонҳои фаронсавӣ, англисӣ, чинӣ, итолииёӣ, русӣ, вйетнамӣ ва эсперанторо медонист. Ба шарофати муносибати ӯ ба идеяи забони байналмилалӣ, забони эсперанто дар Вйетнам хеле паҳн ва инкишоф ёфт: шоирони эътирофшудаи эсперанто ҷоизаҳои давлатӣ мегирифтанд, радиои байналмилалии Вйетнам бо забони эсперанто ва ғ. пайдо мешаванд.
Хо Ши Мин дар деҳаи Кимлиен, ноҳияи Намдан, вилояти Нге Ан таваллуд шудааст. Номи ӯ ҳангоми таваллуд — Нгуен Шин Кунг буд. Тибқи анъанаи вйетнамӣ, пеш аз дохил шудан ба мактаб, ӯ номи дуюм (номи расмӣ ё «китоб») — Nguyễn Tất Thành — «Нгуен музаффар» гирифт.[6]
Соли 1923 бо таклифи Коминтерн аз Порис ба Москва омад. Ба ӯ барои ба ИҶШС сафар намудан ба номи шахси дигар гувоҳнома дода шуд. Ба ӯ лозим омад, ки тавассути Олмон ба Берлин, аз он ҷо — ба Гамбург, 30 июни соли 1923 бо пароход ба Петроград ва баъд бо поезд — ба Москва ояд. «Ман хеле мехостам, ки Владимир Ленинро бубинам, аммо насиби ман вохӯрдан набуд, зеро роҳбари шӯравӣ аллакай бемори вазнин буд ва дере нагузашта вафот кард.» Нгуен Ай Куок тавонист дар маросими видоъ ширкат кунад.[7]
Нгуен Ай Куок дар Москва Университети коммунистии мехнаткашони Шарқро хатм кардааст. Фаронса тайи солҳои 1858—1984 Вйетнамро забт намуда, онро ба се музофоти маъмурӣ — Кохинхин, Тонкин ва Аннам ҷудо кард. Дар ибтидои садаи XX ҳаракати озодихоҳии миллӣ дар Вйетнам вусъат ёфта, ба он сармоядорони миллии ватандӯст ҳамроҳ шуданд. Январи 1919 ходими барҷастаи Вйетнам Хо Ши Мин ба Конференсияи сулҳи Порис меморандум фиристода, талаб кард, ки ба халқҳо ва давлатҳои нимҷазираи Ҳиндухитой истиқлол дода шавад. Соли 1925 ӯ Ҷамъияти ҷавонони инқилобгарро дар Вйетнам ташкил кард. Барои пешгирӣ аз ҳабс, ӯ маҷбур шуд, ки ба ҷои Вйетнам дар Камбоҷа зиндагӣ кунад. Дар соли 1927 ба ҳайси тарҷумони Михаил Бородин (номи ҳақиқӣ Грузенберг), мушовири асосии сиёсии КМИ Гоминдан кор кардааст. Феврали 1930 Хо Ши Мин Ҳизби Коммунистии Ҳиндухитойро таъсис дод, ки он ба ҳаракати миллӣ-озодихоҳии халқҳои Вйетнам роҳбарӣ менамуд. Ҳаракатҳои озодихоҳонаи пайравони Хо Ши Мин дар музофоти Нгеан ва Хатини Вйетнам солҳои 1930-31 ба нокомӣ дучор шуда, муборизаи мусаллаҳонаи онҳо дар Кохинхин соли 1940 аз тарафи фаронсавиҳо бераҳмона саркӯб гардид.
Соли 1941—1045 Вйетнамро Ҷопон забт карда буд. Хо Ши Минро боздошт карданд ва якуним солро ӯ дар зиндон сипарӣ кард.
Пас аз рафтани ҷопонҳо аз Ҳиндухитой Вйетнам ҳокимиятро ба дасти Ҳизби Коммунистии Ҳиндухитой гузашт. Хо Ши Мин аввалин сарвазир (1946—1955) ва президенти Вйетнами Шимолӣ — Ҷумҳурии Демократии Вйетнам (1955—1969) буд.
Дар солҳои 1955—1956 ҳукумати ӯ ислоҳоти аграриро ба амал овард. Вай аз Хитой ва Иттиҳоди Шӯравӣ ёрии моддию ҳарбӣ гирифт. Дар соли 1965 ба муносибати бомбаборон кардани Вйетнами Шимолӣ аз ҷониби ИМА Хо Ши Мин ба муқобили истилогарон муборизаи озодихоҳӣ эълон карда, аз гуфтушунид бо ИМА даст кашид.
Вай соли 1969 дар синни 80-солагӣ вафот кард. Ӯро дар Ханой, дар мақбараи майдони Бадин дафн карданд.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.