From Wikipedia, the free encyclopedia
Донишнома (форсӣ: دانشنامه), Энсиклопе́дия (аз юн.-қад. ἐγκύκλιος παιδεία — «омӯзиши фарогир» аз κύκλος — доира + παιδεία — омӯзиш, пайдейя) — нашрияи илмӣ ё илмию оммавӣ, ки аз тамоми соҳаҳои илм (Донишномаи умумӣ) ё соҳаи ҷудогонаи он (Донишномаи соҳавӣ) дониш медиҳад.
Донишномаи алифбоӣ, мураттаб ва вобаста ба адади ҷилдҳо калон (даҳҳе ҷилд), хурд (10–12 ҷилд), мухтасар (4–6 ҷилд) ва 1–3-ҷилда (луғати энсиклопедӣ) мешавад. Ҳар донишнома плану мақолаҳои муайян ва луғатнома дорад. Мақолаҳои донишномаи тахлисӣ, маълумотдиҳанда, тафсирӣ ва ҳавола мешаванд. Дар донишнома харита, нақша, тарҳ, тасвир, нусхаи лавҳаю сурат, нақши тангаю муҳру байрақ ва ғайра низ мавҷуд аст. Донишномаҳои бисёрҷилда аксар феҳристи ёридиҳанда дорад. Дар миёнаҳо садаи XX анъанаи тартиб додани донишномаи универсалӣ ба миён омад. Эгсиклопедияро барои оммаи васеи хонандагон пешбинӣ мекунанд.
Чун китобҳои донишномавӣ тамоми соҳаҳо ва ҷузвитарин ҷанбаҳои зиндагиро дар бар мегиранд, мавриди ниёзи ҳамешагии мардум буда, ба ҳар муносибату зарурат аз онҳо истифода бурда мешавад. Ҳамчунин барои огоҳии комил доштан аз таърихи воқеии гузаштаи миллат, хабардор будан аз сарнавишти пуршебу фарози халқи хеш, ошноии бештар пайдо кардан бо мероси бойи фарҳангӣ ва расму ойини пешгузаштагон, воқиф гардидан аз кору пайкор ва зиндагиномаи фарзонафарзандҳои миллати худ донишномаҳои бисёрҷилда навишта мешаванд. Дар давлатҳои мутамаддини дунявии мустақилиродату комилиқтисод донишномаҳои миллӣ-универсалӣ дар баробари Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аломати истиқлол, ғановати маънавӣ, иқтидор ва истиқрори мамлакат мебошанд.
Агарчи асарҳои энсиклопедӣ замонҳои пеш дар Мисри Қадим, Юнони Қадим ва Руми Бостон, инчунин асрҳои миёна – дар Аврупо, мамлакатҳое, ки ҳуруфи арабӣ ҷорист ва дар Хитой вуҷуд доштанд. Эсиклопедия ба маънои ҳозира дар замони нав пайдо шуд.
Солҳои 1751–1980 дар Фаронса зери таҳрири Д. Дидро ва Ж. Л. Д. Аламбер «Энциклопедия ё Луғати тафсирии илм, санъат ва ҳунар» чоп шуд.
Солҳои аввали Ҳокимияти Советӣ В. И, Ленин дар бораи зарурати ташкили луғату энциклопедияҳои советӣ масъала гузошт. Донишномаҳои соҳавии зерин «Сельскохозяйственная энциклопедия» (ҷилдҳои 1–7, 1925–28), «Торговая энциклопедия» (ҷилдҳои 1–5, 1924–25), «Педагогическая энциклопедия» (ҷилдҳои 1–3, 1927–29) ва ғайра. Баробари нашри Донишномаи Калони Советӣ («Большая Советская Энциклопедия») марҳилаи нави инкишофи кори энциклопедӣ оғоз ёфт. 3 маротиба Энциклопедияи хурди советӣ нашр шуд. Дар соҳаи техника, тиб, адабиёт ва ғайра нашрҳои бисёрҷилдаи донишнома ҳастанд. Дар охири солҳои 50 ва ибтидои 60 нашриёти «Советская энциклопедия» оид ба 20 соҳа донишнома чоп мекардагӣ шуд. Охири солҳои 50 дар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ба забонҳои миллӣ оид ба тайёр ва нашр кардан донишномаҳо кор оғоз ёфт.
Се нашри «Энциклопедияи бачагона» (ҷилдҳои 1–10, 1958–62; нашри 2-юми ҷ.-ҳои 1–12, 1964–69; нашри 3-юм, ҷилдҳои 1–12, 1971–78) дар илми советӣ воқеаи муҳим буд.
Дар кишварҳои аврупоӣб яке аз кӯҳантарин донишномаҳо, ки то ҳол нашр мешавад, «Донишномаи Бритоннико» аст, соли 2010 нашри 15-уми он дар 32 ҷилдро дар бар мегирад[1].
Донишномаҳои машҳури ҳозираи Ғарб «Донишномаи мусаввари аврупоию амрикоии универсалӣ», «Донишномаи итолиёии илм, адабиёт ва санъат», «Донишномаи Брокҳауз», нашрияҳои сершумори фирмаи Ларуси Фаронса, «Донишномаи Амрико», «Эспос», «Итальяна», «Бритонико», «Макропедия», «Американа» «Большая Советская Энциклопедия» аз нахустдонишномаҳои мукаммали дунёянд, ки дигар донишномаҳои хурду бузурги давлату халқият ва маҳалҳои алоҳида ба асоси таҷрибаи ин донишномаҳо тадвину сохта шудаанд.
Равияи ҷамъ кардани маълумот аз илмҳои гуногуни замони худ ба сурати як асари махсус аз қадим боз вуҷуд дошт, ки Авесто намунаи он аст. Ба риштаи таҳрир кашида шудани асарҳои энсиклопедӣ барои мардуми тоҷику форс падидаи нав нест ва асарҳои энсиклопедие чун «Бундаҳишн», «Динкард», «Ал-Қонун», «Донишномаи Улоӣ», «Матлаъу-л-улум» ва «Маҷмаъу-л-фунун», «Таърихи Табарӣ», «Сивону-л-ҳикмат», «Ал-Феҳрист», «Аҷоибу-л-булдон», «Сурату-л-арз» ва тазкираву баёзҳои сершумор намунаҳои китобҳои энсиклопедии қадиманд. Мафҳуми донишнома ҳамчун маҷмӯаи донишҳо, маълумоту иттилоот дар дунёи қадим пайдо шуда бошад ҳам, асосан дар давраи дуюми тамаддун – аз оғози асрҳои миёнаву давраи Эҳё таълифи донишномаи дақиқ бо мақолаҳои мураттаби алифбоӣ оғоз гардид ва аз ин дам аҳли илму маърифат ва фарҳанг ба ин махзани бебаҳои илму фарҳанг бештар таваҷҷуҳ намуданд.
Дар давраи ислом бисёр асарҳои илмӣ навишта шуда буданд, аз ҷумла, асарҳои энсиклопедии умумӣ ва соҳавӣ. Дар онҳо маълумот баъзан аз рӯи як тартиб, баъзан омехта ва бо ҳам пайваста ва гоҳ ба тартиби алифбо, ба тарзи луғат оварда мешуд. Қисми зиёди онҳо то садаи X–11 ва баъд аз он ба забони илмии онвақта – забони арабӣ таълиф мешуданд ва аксари онҳо дар Осиёи Миёна, Афғонистон ва ё дар Эрон ва мамлакатҳои дигар аз тарафи тоҷикон ва намояндагони халқҳои дигари Осиёи Миёна, Афғонистон ва Эрон таълиф меёфтанд ва баъзан ба забони тоҷикӣ-форсӣ тарҷума мешуданд.
Ҳанӯз дар нимаи якуми асри IX донишномаи фалсафаю илмҳои табиӣ «Расоилу ихвон-ис-сафо ва хуллон-ил-вафо» («Рисолаҳои бародарони пок ва дӯстони бовафо»)-и Сайидаҳмад ибни Абдуллоҳ ба забони арабӣ таълиф шуд ва дастраси аҳли илми тамоми Шарқи Наздик ва Миёна гардид; дар замони Темур тарҷумаи тоҷикӣ-форсии он ба вуҷуд омад. Қадимтарин донишномаҳои умумӣ «Китоб-уш-шифо», «Мафотеҳу-л-улум» ва «Дурату-т-тоҷ ли-туррати-д-даббоҷ» мебошанд.
Дар аввали садаи XI асари энсиклопедии доир ба шаш илм: мантиқ, илоҳиёт, табииёт, раёзиёт, нуҷум, мусиқӣ – «Донишнома» таълиф ёфт. Дар мобайни солҳои 1117–1120 донишномаи илмҳои даври худ – «Нузҳатномаи Алоӣ» таълиф шуд. Солҳои 1099–1102 Ғазолӣ «Эҳёҳу улуми-д-дин» ва соли 1179 Фахруддин Муҳаммад ибни Умари Розӣ донишномаи калони илмҳои исломӣ «Ҷомеъу-л-улум»-ро таълиф карданд, ки дар онҳо маълумоти оид ба дину мазҳабҳо, фалсафа, забон ва адабиёт, тиб, нуҷум ва ғайра оварда мешавад. Дар нимаи якуми садаи XIV «Нафоису-л-фунун-фи ароисилу-юн» ва дар садаи XV «Риёзу-н-носиҳин» ба вуҷуд омадааст.
Дар асрҳои 16–18 таълифи донишномаҳои умумӣ камтар ба назар мерасад. Дар нимаи дуюми садаи XIX то давраи советӣ дар Осиёи Миёна донишномаи миёнаҳаҷми илму фанҳои асосӣ «Матлаъу-л-улум ва маҷмаъу-л-фунун»-и Воҷид Алихон машҳур ва мутадовил буд (таълиф солҳои 1845–1946). Аз донишномаҳои мухтасар, ки дар ин давра мавриди истифода буданд, «Махзану-л-улум»-и Браҷ Муҳан дар Ҳиндустон таълиф шуда, дар охири садаи XIX нашрҳои ҳиндустонии он машҳур гашт. Донишномаи дигар «Риёзу-л-фирдавс» – таълифи Муҳаммад Ҳасанхон аст, ки ба равияи «Матлаъу-л-улум» дар Ҳиндустон дар охири садаи XIX навишта ва нашр шуда буд. Дар садаи XIX ва аввали садаи XX мубодилаи адабӣ ва маданӣ аз он ҷумла бо роҳи таълиф, нашр ва паҳн кардани асарҳои энсиклопедӣ байни Ҳиндустон ва Афғонистон Осиёи Миёна хеле ривоҷ гирифта буд. Бисёре аз асарҳои энсиклопедии Осиёи Миёна ривоҷи босазо дошт. Бештаре аз соҳавӣ ба забони урду тарҷума мешуданд (масалан, тарҷумаи урдуии «Матлаъу-л-улум ва маҷмаъу-л-фунун»-и Зайнулобидинхон, ки дар Ҳиндустон нашр гардид; тарҷумаи урдуии донишномаи космографӣ, ҷуғрофӣ ва табиатшиносӣ «Аҷоибу-л-махлуқот»-и Закариё ибни Муҳаммади Қазвинӣ ва ғайра).
Дар соҳаи таърихи дин ва мазҳабҳои Шарқ асарҳои зиёде навишта шуда буданд. Аз машҳуртарин китобҳои ин соҳа «Ал-милал ва-н-ниҳал»-и Муҳаммади Шаҳристонӣ ва «Ғуняту-т-толибия»-и Абдулқодири Ҷелонӣ (ваф. 1167), ки ба забони арабӣ таълиф ёфта, тарҷумаи форсӣ-тоҷикии як қисми он бо номи «Ҳафтоду ду миллат» шуҳрат ёфтааст. Асари калони форсӣ-тоҷикӣ «Дабистони мазоҳиб» тахминан таълифи Мӯҳсини Фонӣ дар миёнаи садаи XVII, ки дар он оид ба дину мазҳабҳо ва таълимоти фалсафии халқҳои Шарқ маълумоти муфид ҷамъоварӣ шудаанд.
Дар соҳаи ҷуғрофия омехта бо таърих китобҳои зиёд таълиф шуда буданд, ки як миқдор аз онҳо тарзи донишнома ва маълумотномаи соҳавии ҷуғрофӣ-таърихӣ ва табиатшиносӣ, инчунин халқшиносӣ ва этнографиро доро мебошанд.
«Муъҷаму-л-будон» ба инкишофи ҷуғрофия ва таърих таъсири калон расонидааст. Ин луғат дар садаи XVI дар Ҳиндустон аз тарафи олими намоёни ҳинд Абдулқодири Бадоюнӣ ба забони форсӣ-тоҷикӣ тарҷума шуда буд. Тарҷумаи форсӣ-тоҷикии китоби арабии «Аҷоибу-л-махлуқот» ва ғароибу-л-мавҷудот»-и Закариё ибни Муҳаммади Қазвинӣ (таълиф ба забони арабӣ то соли 1280) низ ҳамчун донишномаи космографию ҷуғрофию табиатшиносӣ шуҳрати калон пайдо кард.
Дар садаи XIV «Ҷомеъу-т-таворих» эҷод шудааст. Оид ба космография ва ҷуғрофия «Нузҳату-л-қулуб» пайдо шуд, ки барои ҷуғрофияи умумӣ ва регионалӣ сарчашмаи муҳим мебошад. Осиёи Миёна аз қадим то чоряки сеюми садаи XVI «Маҷмаъу-л-ғароиб» сарчашмаи пурарзиш ба шумор меравад.
Китоби калонҳаҷми форсӣ-тоҷикӣ «Акбарнома» иборат аз «Таърихи Акбар» ва «Оини Акбарӣ» таълифи Абулфазл ибни Муборак (1551–1602) барои омӯхтани таърихи Ҳинд, ҷуғрофия, иқтисодиёт, ҳаёти сиёсӣ, адабӣ ва илмии он давр маълумоти мураттаби гуногунсоҳаи пурқиматро дар бар гирифтааст.
Доир ба таърих ва ҷуғрофияи мамлакатҳо ва маҳалҳои мухталифи Шарқи Наздик ва Миёна ва ҳатто доир ба шаҳрҳои алоҳида (масалан, доир ба Самарқанд – «Қандия»-и Умар ибни Муҳаммади Насафӣ, ваф. 1142) асарҳои мутаадид таълиф шудаанд.
Аз асарҳои ҷомеи энсиклопедии соҳавӣ «Таърихи Табарӣ» ва «Равзату-с-сафо» барои омӯхтани таърихи мамлакатҳои Шарқ ва махсусан Осиёи Миёна, Афғонистон ва Эрон сарчашмаҳои пурқимат мебошанд.
Унсурҳои энсиклопедӣ дар бисёр фарҳангҳои умумии пешина дида мешаванд. Дар ин гуна фарҳангҳо ба ғайр аз лексикаи умумӣ истилоҳоти соҳаҳои гуногуни илм ва касбу ҳунарҳо, номҳои шахсони таъризӣ, ҷуғрофӣ ва ғайра тафсир меёбанд. Масалан, «Муайиду-л-фузало», «Кашфу-л-луғот» ва –л-истилоҳот», «Бурҳони қотеъ», «Чароғи ҳидоят», «Баҳори Аҷам», «Ҳафт қулзум» ва ғайра.
Аз ҷиҳати энсиклопедӣ се фарҳанги пешина дорои аҳаммияти хоссе мебошанд: «Ғиёсу-л-луғот», «Арҳанги Онандроҷ», «Фарҳанги Низом»-и Муҳаммад Доиулислом, ки дар ҳаҷми панҷ ҷилд дар Ҳиндустон дар шаҳри Ҳайдарободи Дакан солҳои 1928–39 нашр гардид, аз ҷиҳати фаро гирифтани истилоҳ ва тафсири он сарчашмаи муҳим аст.
Аз донишномаҳои оид ба шарҳи номи ашхоси машҳур ва номҳои ҷуғрофии ҷолиби диққат «Китобу-л-ансоб», «Мӯъҷаму-л-булдон», «Луғатнома», «Фарҳанги форсӣ», «Фарҳанги Амид» ва ғайра мебошанд.
Назар ба донишномаҳои умумӣ, донишномаҳои соҳавӣ аз қадим боз бештар таълиф шудаанд. Яке аз соҳаҳои бисёр мутараққӣ аз ҷиҳати миқдори аксарҳо, аз он ҷумла донишномаҳо соҳаи илми тиб мебошад, ки баъд аз фалсафаю дин ва ҷуғрофияву таърих ҷои намоёнеро дар мероси илмӣ ишғол менамояд. Дар давоми асрҳои 9–10 то аввали садаи XX дар Эрон, Афғонистон, Осиёи Миёна, Ҳиндустон асарҳои тиббии фаровон таълиф ёфтаанд. Дар Эрон дар асрҳои 9–10 олими бузурги соҳаи тиб Абубакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ асарҳои зиёди тиббиро ба забони арабӣ таълиф кард, ки ба тибби минбаъдаи арабӣ ва тоҷику форсизабонон таъсири калон расонд. Якумин асари тиббӣ, ки ба забони форсӣ-тоҷикӣ таълиф шуда буд, ин «Китобу-л-ҳидоят-ил-мутаалимин фи-т-тиб» (975) мебошад. Ин китоб дар бораи тамоми соҳаҳои илми тибби онвақта: анатомия, тасвири бемориҳо ва тарзи муолиҷаи онҳо, тасвири доруҳо-фармакология, гигиена ва пешгирии касалиҳо баҳс мекард.
«Ал-Қонун фи-т-тибб» «Захираи Хоразмшоҳӣ», «Дастуру-л-илоҷ», «Махзану-л-адвия», «Қарободини кабир», «Муҳити Аъзам», «Иксири Аъзам», «Ал-ҳовӣ» ба тамоми касалиҳо ва муолиҷаи онҳо бахшида шудааст.
Яке аз соҳаҳои бисёр мутараққӣ соҳаи илми адаб буд. «Тарҷуману-л-балоғат», «Ал-мӯъҷам» ва дар эҷоди асарҳои охирини муосир ҳамчун «Арӯзи тоҷикӣ»-и Баҳром Сирус ва «Санъати сухан»-и Т. Заҳнӣ мавриди истифода гардидаанд.
Дар соҳаи ҳайат ва нуҷум асарҳои зиёде таълиф шуда буданд, ки «Китобу-т-тафҳим лӣ авоили саноати-т-танҷим» буд.
Барои инкишофи филологияи тамоми забонҳои эронӣ, забоншиносӣ ва адабиётшиносии онҳо аҳаммияти «Асосҳои филологияи эронӣ», ки солҳои 1901–1904 ба забони немисӣ дар ду ҷилд нашр гардида буд, бисёр калон буд. Дар таълифи ин асари энсиклопедии соҳаи филологияи эронӣ машҳуртарин шарқшиносони он давра иштирок доштанд.
Дар забони арабӣ луғати тафсирию энсиклопедии мусаввар «Ал-мунҷид» шуҳрати калон пайдо кард ва барои шарқшиносон ва забоншиносон дастури муфид аст.
Аз аввалҳои садаи XX чанд нашри »донишномаи ислом» ба забони немисӣ, англисӣ ва фаронсавӣ паҳн шуд, ки дар навиштани мақолаҳои он мутахассисони шарқшиноси тамоми ҷаҳон иштирок доштанд.
Энциклопедияи советии тоҷик (ЭСТ), нахустин донишномаи умумии тоҷик, ки мувофиқи қарори КМ ҲК Тоҷикистон ва Совети Вазирони ҶШС Тоҷикистон (3 июни 1988, № 198) дар Душанбе нашр гардидааст. Энциклопедияи советии тоҷик 8 ҷилд (ҷ. 1 – 1978; ҷ. 2 – 1980; ҷ. 3 – 1981; ҷ. 4 – 1983; ҷ. 5 – 1984; ҷ. 6 – 1986; ҷ. 7 – 1987; ҷ. 8 – 1988 бо теъдоди 15–20 ҳазор нусха) буда, беш аз 23 ҳазор мақоларо дар бар мегирад. Энциклопедияи советии тоҷик барои оммаи васеи хонандагон пешниҳод шуда ва хусусияти илмию оммавӣ дорад.
Энсиклопедияи Миллии Тоҷик (ЭМТ), донишномаи умумии миллии Тоҷикистон, ки аз соли 2008 ба таълифу тадвин шурӯъ шудааст. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик ҷанбаи илмию оммавӣ дошта нахуст донишномаи миллист. Дар Энсиклопедияи Миллии Тоҷик мақолаҳо дар бораи таърихи кишвар, илм, иқтисодиёт, хоҷагии деҳот, фарҳанг, адабиёту санъат, урфу одат, маросимҳо, ҳаёту фаъолияти шахсиятҳои бузург, ходимони маъруфи ҷамъият, намояндагони илму маърифат, адибон ҳунармандон ва санъаткорони маъруф дарҷ шудаанд. Чор ҷилди донишнома дар давраи то соли 2015 (2011, 2013, 2014, 2015) ба нашр расидааст.
Донишномаи озод (англ. free encyclopedia ё англ. free content encyclopedia) — ин донишномаи иборат муҳтавои озод, ки дар доираи як иҷозатномаи озод ё ҳамчун моликияти ҷамъиятӣ дастрас аст.
Соли 1999 Ричард Столлман идеяи донишномаи умумии озодро мураттаб кард ва GNUPedia, донишномаи онлайн, монанд ба ОС GNU-ро пешниҳод намуд.
То Nupedia ва Википедия боварӣ набуд, ки Интернет метавонад лоиҳаи устувори донишномаи озодро ташкил бидиҳад.
Лоиҳаи Nupedia 9 марти соли 2000 оғоз гардид.
Википедияи Англисӣ дар соли 2004 бо расидани шумораи 300 000 мақола ба бузургтарин Википедия дар ҷаҳон табдил ёфт[2].
Дар соли 2013 бузургтарин донишнома дар ҷаҳон донишномаи интернетии чинии (7,5 млн мақола) ва Байду (6,2 млн мақола) ба шумор мерафт, лекин агар ҳамаи бахшҳои забонӣ донишномаи ягона шумурда шавад, пас ҷаҳон дар ҷои аввал (46,9 млн мақола) устувор аст.
Дигар донишномаҳои озод низ мавҷуданд — Луркоморье, Абсурдопедия, Open Encyclopedia Project, Спортвики (донишномаи варзишӣ), Вукипедия (дар бораи «Ҷангҳои ситорагон»), WoWWiki (дар бораи Warcraft), ҳамчунин қисман Encyclopedia of Life ва Google Knol.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.