Трактор
From Wikipedia, the free encyclopedia
From Wikipedia, the free encyclopedia
Тра́ктор (лот. traho — мебарам, мекашам) — мошини тасмачарх ё чархии худгардро гӯянд, ки барои корҳои кишоварзӣ, роҳсозӣ, заминковӣ, боркашонӣ ва ғайра таъйин шудааст[1].
Нахустин тракторҳои чархдори бо муҳаррики буғӣ коркунанда соли 1830 дар Британияи Кабир ва Фаронса пайдо шуданд, ки онҳоро дар нақлиёт, корҳои ҳарбӣ ва баъдтар дар кишоварзӣ истифода карданд; дар кишоварзии ИМА аз соли 1890 ба кор мебаранд.
Трактори тасмачархро дар Русия Д. А. Загряжский (1837) ва А. П. Костиков-Алмазов (тақр. 1889) ихтироъ карданд. Механики рус Ф. А. Блинов соли 1888 трактори тасмачархи бо ду муҳаррики буғӣ коркунандаро сохт ва санҷид. Солҳои 1893—95 ихтироъкори худомузи рус Я. В. Мамин аробачаи худгардеро, ки муҳаррикн дарунсӯз дошт, ихтироъ кард. Аввалин тракторҳои чархии мухаррики дарунсуздорро фирмаи «Харт-Парр» (1901, ИМА) истеҳсол кард. Истеҳсоли тракторҳои тасмачарх соли 1912 дар ИМА, баъдтар дар Олмон ва дигар давлатҳо сар шуд. Дар СССР аввалин тракторро («Фордзон-Путиловец») соли 1923 сохта, истеҳсоли оммавии онро соли 1930 ба роҳ монданд. Ин имконият дод, ки аз соли 1932 воридоти тракторро бас кунанд.
Тракторҳои замонавӣ баландсифатанд. Афзоиши иқтидори муҳаррикҳо, беҳтаршавии шароити кори тракторчӣ, универсалӣ, боэътимодӣ ва хушсифатии кор — чунин аст инкишофи техникии трактор. Автоматонии идораи механизмҳо ва агрегатҳои трактор амалӣ мегарданд. Моделҳои нави тракторҳо — К-701, Т-150 К, МТЗ-80/82 ва ғайра бо муҳаррикҳои дизелии пурсамар, қуттиҳои таҳвили серзина, кабинаҳои вентилятсиядор ва ғайра ҷиҳозонида шудаанд.
Дастгоҳи қувва аз муҳаррик ва олатҳои кори онро таъминкунанда иборат аст. Таҷҳизоти электрии трактор аз манбаъҳои электрӣ (батареяҳои аккумуляторӣ, генератор), асбобҳои корандозии муҳаррик, вентилятсияи кабина, интиқоли сигналҳои садоӣ ва шуоъӣ иборат астрактор
Тракторҳо аз рӯи таъйиноташон ба тракторҳои кишоварзӣ ва тракторҳои саноатӣ ҷудо мешаванд.
Тракторҳои умумии кишоварзӣ дар ҳолати агрегатӣ бо механизмҳои махсус (механизмҳои шудгор, култивация, кишт, ғунучин ва ғайра) амал мекунанд. Тракторҳои пуриқтидори кишоварзӣ барои аз худ намудани заминҳои навкорам ва бекорхобида, кандани решаи дарахтон ва дигар корҳо истифода мешаванд. тракторҳои шудгоркунанда ба механиконии коркарди байниқаторӣ [култивация, нармкунӣ, дорупошӣ, ғунучини ҳосил (ҷуворимакка, лаблабуи қанд, пахта) ва ғайра] имконият медиҳанд.
Қувваи кашиши тракторҳои саноатӣ нисбат ба тракторҳои кишоварзӣ бештар астрактор Онҳо дар ҳолати агрегатӣ бо мошинҳои (асбобҳои) овеза (белҳои булдозерӣ, барфтозакунак, дӯли экскаваторӣ) ва ядакӣ (скрепер, грейдер ва ғайра) корҳои заминковӣ, роҳсозӣ, мелиоративӣ ва ғайраро иҷро мекунанд.
Тракторҳои чархӣ тавассути чархҳои пеш идора мешаванд.
Барои гардиши трактори тасмачарх басомади гардиши чархҳои барандаи тасмачархи рост ё чапро истифода мебаранд (басомадро ба воситаи муфтаҳо ё тормозҳо тағйир медиҳанд).
Дар Тоҷикистон соли 1926 аввалин трактор пайдо шуд. Соли 1930 дар ноҳияҳои асосии пахтакорӣ — Шаҳритуз, Сарои Камар (Панҷ), Арал (Куйбышев) ва Чептура (Ҳисор) нахустин 4 истгоҳи мошинию тракторӣ ташкил шуд, ки онҳо 300 трактор доштанд. Ҳоло дар колхоз ва совхозҳои республика тракторҳои навъи К-701, Т-150, МТЗ-80/82, Т-150 К ва ғайра васеъ истифода мешаванд.
Корхонаи муштараки «ТоҷИрон» бар асоси шартномаи миёни вазорати саноати Тоҷикистон ва ширкати тракторбарории Ҷумҳурии Исломии Эрон моҳи июни соли 2006 корашро дар Душанбе ба роҳ монд. Иқтидори лоиҳавии корхонаи муштарак 2 ҳазор адад трактор дар як сол буда, 51 дарсади саҳмияҳои он ба Эрон тааллуқ дошт[2]. Аммо ин ширкат то соли 2014 ҳамагӣ 264 адад тракторҳои гуногун истеҳсол намудааст, ки ба ҳисоби миёна 33 адад дар як сол рост меояд[3]. Корхона бино ба тоб наовардан дар рақобат бо ширкатҳои дигари воридкунандаи трактор ба Тоҷикистон соли 2016 баъди 10 сол фаъолияташро қатъ карда, дар ин муддат чизе истеҳсол накардааст[2].
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.