Ноҳияи Восеъ
From Wikipedia, the free encyclopedia
From Wikipedia, the free encyclopedia
Ноҳияи Восеъ (то 20 сентябри 1961, Арал) — ноҳия дар вилояти Хатлон. 19 январи соли 1936 бо қарори Президиуми Кумитаи Марказии иҷроияи шӯроҳои ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Маркази маъмуриаш — шаҳраки Ҳулбук.
Ноҳияи маъмурӣ | |
37°48′ с. ш. 69°38′ в. д.HGЯO | |
Кишвар | Тоҷикистон |
Тобеъи | Вилояти Хатлон |
Шомили | 1 шаҳрак, 7 ҷамоат |
Маркази маъмурӣ | Ҳулбук |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Таърихи таъсис | 19 январи соли 1936 |
Масоҳат | 800 км² |
Вақти минтақавӣ | UTC+05:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 228200[1] нафар (2022) |
Миллият | тоҷикон |
Мазҳаб | мусулмонон: суннӣ-ҳанафӣ |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Рамзи ISO 3166-2 | TJ-KT |
Коди телефон | +992 3111 |
Нишонаи почта | 735140 |
Домени интернет | tj |
Коди мошинҳо | TJ03 |
Восеъ дар нишебиҳои ҷанубу шарқии қаторкӯҳи Вахш ҷойгир аст. Аз маркази ноҳия то шаҳри Душанбе 184 км. Масоҳаташ 800 км2.[2]
Ҳудуди ноҳия ноҳамвор буда, қисмати шимолиашро нишебиҳои қкӯҳи Вахш, шимоли шарқиашро нишебиҳои қаторкӯҳи Ҳазрати Шоҳ, ғарбиашро нишебиҳои кӯҳи Ҷилонтоғ ва қисми ҷанубиашро ҳамвории водии дарёҳои Сурхоб ва Ёхсу ишғол кардаанд. Нуқтаи баландтаринаш аз сатҳи баҳр 4088 м (қуллаи Ҳазрати Шоҳ), пасттаринаш 450 м (водии дарёи Сурхоб). Сарватҳои зеризаминии Восеъ намаки ошӣ (конҳои Хоҷамӯъмин, Хоҷасартез) ва масолеҳи сохтмонӣ аст. Аз ҳудуди ноҳия дарёи Сурхоб (бо шохобҳояш Оби Мазор ва Ёхсу) ҷорӣ мешавад.
Олами набототи водӣ ва доманаи кӯҳҳо биёбонӣ ва нимбиёбонист. Қисми миёнаи кӯҳҳоро дарахту буттаҳои гуногун (зирк, ирғай, заранг, фарқ, бушол), дарахтони мевадор (чормағз, бодом, дулона, себ, олуча ва ғайра) ва аз он болотарро марғзорҳои субалпӣ ва алпӣ фаро гирифтаанд.
Олами ҳайвоноташ низ гуногун буда, гург шағол, рӯбоҳ, нахчир, гуроз, кабк, мурғобӣ, бедона, уқоб ва ғайра мавҷуданд.
Иқлими ноҳия континентӣ, дар ҷануб субтропикии хушк; тобистонаш гарм, зимистонаш муътадил. Ҳарорати миёнаи тобистон 28–300, зимистон 0–270С. Боришоти солона 800–1200 мм. Хоки водиҳо хокистарранг буда, хоки кӯҳҳо ҷигариранг аст.
Дар маъхазҳои арабизабони асрҳои 9–10, аз ҷумла, асарҳои Ибни Хурдодбеҳ («Китобу-л-масолик-ва-л-мамолик»), Ибни Ҳавқал («Сурату-л-арз»), ал-Мақдисӣ («Аҳсану-т-тақосим») шаҳри Ҳулбук ҳамчун маркази Хуталон ёд шудааст, ки он ҳоло дар фосилаи 7 км дуртар аз маркази ноҳияи Восеъ ҷойгир аст. Мавзеи Ҳулбукро бостоншиносон дар ҷойи деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ донистаанд, ки қисми онро мардум Хишттеппа меномиданд. Аз харобаҳои Хишттеппаи Қурбоншаҳид ҳангоми ҳафриёт қасри подшоҳ, куҳандиз, биноҳои гуногуни аз хишти пухта сохташуда ва дигар иморатҳои ёрирасон пайдо шуданд. Ба ақидаи бостоншиносон Б. А. Литвинский ва Е. А. Давидович, мавзеи харобаҳои шаҳристони Ҳулбук 70 га масоҳатро ишғол мекунад, ки дар қисми он имрӯз бозор ҷойгир шудааст. Дар солҳои 50–60 садаи XX дар мавзеи Қурбоншаҳид теппачаҳои зиёде воқеъ буданд, ки сокинони деҳа ин теппачаҳоро канда, хиштҳои онро барои сохтмони хона истифода кардаанд. Харобаҳои шаҳри Ҳулбук дар деҳаи Қурбоншаҳиди Восеъ бори аввал солҳои 1953–54 аз тарафи бостоншиносон Б. А. Литвинский ва Е. А. Давидович пайдо ва таҳқиқ шудааст. Аз соли 1957 то охири солҳои 80 бостоншинос Э. Ғуломова дар ин хароба ҳафриёт кардааст. Ҳангоми ҳафриёт аз харобаҳои Ҳулбук беш аз 5 ҳазор шикастпора ва лавҳаҳои гуногуни гачи кандакорӣ ёфт шудаанд, ки бо нақшу нигори хеле зебои ҳандасӣ ва хатти кӯфӣ оро ёфтаанд. Тимсоли ду мусиқинавозро, ки Э. Ғуломова соли 1984 аз толори қасри шоҳони Хатлон пайдо кардааст, аслаш дар Эрмитажи Санкт-Петербург маҳфуз аст. Ба муносибати ҷашни 2700-солагии шаҳри Кӯлоб бостоншинос Ю. Яъқубов солҳои 2004–05 харобаҳои Ҳулбукро мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор дода, собит намуд, ки дар ин мавзеъ қасри ҳокимони Хатлон ҷойгир буд. Ибни Ҳурдодбеҳ инчунин аз мавзеи Нозкӯл ва аспҳои хатлонӣ ёд мекунад, ки дар ҳудуди деҳаи Қайнари ноҳияи Восеъ ҷойгир аст. Асли Қайнар, ба қавли сокинони деҳаи Кадучӣ, аз номи Искандари Зулқарнайн падид омада, аз сабаби душвории талаффуз шакли Қайнарро гирифтааст. Харобаҳои шаҳристони Қайнар, ки тақр. 150 га заминро фаро мегиранд, аз ҷониби бостоншиносон мавриди ҳафриёту таҳқиқи ҷиддӣ қарор нагирифтааст. Шаҳри Кӯлоби кунунӣ тахминан дар фосилаи 16 км шарқу шимолтари Қайнар ҷойгир буда, мутобиқи маълумоти маъхазҳо дар атрофи он мавзеи Дашти Дилию харобаҳои Манзартеппа воқеъ будаанд. Шаҳрҳои қадимии Восеъ бар асари тохтутози муғулҳо ва сулолаи Шайбониён хароб шуда, ба ҷойи деҳаҳои куҳан деҳаҳои нав бунёд шудаанд.
Аҳолиаш 198 600 нафар (2016). Зичии аҳолӣ дар 1 км2 248,2 нафар.[3]. Мардуми ноҳия ба забонҳои тоҷикӣ сухан мегӯянд.
Сол | 2021 | 2022 |
Аҳолӣ, ҳазор наф. |
223,5 | 228,2 |
Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Восеъ 2 шаҳрак ва 7 ҷамоат дорад
Ҷамоатҳои ноҳияи Восеъ[4] | |||||||||||
Ҷамоат | Аҳолӣ, соли 2015 | ||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Ҳулбук, шаҳрак | 22 700 | ||||||||||
Заҳматобод, шаҳрак | |||||||||||
Миралӣ Маҳмадалиев | 32 800 | ||||||||||
Гулистон | 24 739 | ||||||||||
Абдӣ Авазов | 19 310 | ||||||||||
Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ | 10 295 | ||||||||||
Мирзоалӣ Вайсов | 30 495 | ||||||||||
Худоёр Раҷабов | 24 772 | ||||||||||
Тугарак | 29 188 | ||||||||||
Сарвари ноҳияи Восеъ Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳия — Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳия ба муддати 5 сол интихоб мешавад.
Соҳаи асосии хоҷагии Восеъ кишоварзӣ буда, пахтакорӣ, ғаллакорӣ, чорводорӣ, сабзавоткорӣ, картошкапарварӣ, боғдорӣ ва занбӯрпарварӣ ривоҷ ёфтааст. Ноҳия 2373 хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ), аз ҷумла 993 хоҷагии пахтакор ва 22 хоҷагии ҷамъиятӣ дорад. Тамоми заминҳои ҳудуди ноҳия 76,6 ҳазор га (2013), аз он 1153 га боғу токзор, 33173 га заминҳои кишоварзӣ, 13511 га заминҳои обӣ, 19633 га ғалладона, 622 га барои зироати хӯроки чорво, 9700 га пахта, 1669 га сабзавот 497 га зироати полезӣ, 404 га картошка, 558 га зағир ва 90 га зироатҳои дигар мебошад. Соли 2012 дар Восеъ 67139 т ғалладона, 21055 т пахта, 395 т зағир, 11160 т картошка, 8172 т мева, 9340 т ангур, 48228 т сабзавот, 20433 т зироати полезӣ, 22495 т рустаниҳои хӯроки чорво, 2997 т гӯшт (бо вазни зинда), 32565 т шир, 2 млн 635 ҳазор дона тухм, 243,1 т пашм, 38,4 т пила, 27 т моҳӣ, 18,4 т асал истеҳсол шуд. Дар ноҳия 43777 сар гов, 92691 сар гӯсфанду буз, 1889 сар асп, 65864 адад паранда мавҷуд аст.
Дар Восеъ соли 2013 Маркази савдои «Султони Кабир», ки аз тарафи соҳибкор Аваз Кабиров бунёд шуда буд, ба фаъолият оғоз намуд. Восеъ инчунин 14 бозор дорад.
Дар ҳудуди ноҳия 125 корхонаҳои хурди хусусӣ ва ширкату ҷамъият, 5 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла, конҳои намаки «Хоҷамӯъмин», «Сорбон», ва «Диловар Н», фаъолият доранд.
Инчунин дар Восеъ шуъбаи маориф, шуъбаи фарҳанг, шуъбаи корҳои дохилӣ, шуъбаи молия, шуъбаи омор, фонди нафақа, нозироти андоз, ҳифзи иҷтимоӣ, САҲШ, идораи суғурта, бойгонӣ, идораи сӯхторхомӯшкунӣ, амволи давлатӣ, ҳифзи табиат, идораи захираҳои замин, идораи коммуналӣ, идораи зидди касалиҳои ҳайвонот, Бонки аграрӣ, Бонки амонатгузорӣ, ҷамъияти матлубот, комиссариати ҳарбӣ, хоҷагии ҷангал, мактаби варзишӣ, ташкилоти давлатии сохтмон ва таъмири роҳ, КВД сохтмон ва нақлиёт, комбинати таълимӣ, мактаби санъат, шуъбаи алоқаи почтавӣ, шуъбаи «Телеком», масҷиди ҷомеъ ва 22 масҷиди панҷвақта мавҷуданд.
Соли хониши 2012–13 дар ноҳия маркази таҳсилоти иловагӣ, 1 боғчаи кӯдакон, 81 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 55 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ (гимназияи давлатӣ, мактаб интернати кӯдакони ятим, мактаб интернати хонандагони болаёқат), 4 мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, 6 мактаби таҳсилоти умумии ибтидоӣ мавҷуд буд, ки дар онҳо 3241 нафар муаллим, аз ҷумла 2555 нафар омӯзгорони маълумоташон олӣ, 156 нафар омӯзгорони маълумоташон олии нопурра, 474 нафар омӯзгорони маълумоташон миёнаи махсус ба 67200 нафар хонандагон таълим медоданд.
Рӯзномаи ноҳиявӣ – «Гулхани Восеъ» бо теъдоди 500 нусха (2013) дар як моҳ 2 бор нашр мешавад.
Дар Восеъ соли 2014 беморхонаи марказӣ, 5 беморхонаи рақамӣ, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ (беҳдошти саломатӣ), 1 маркази тибби оилавӣ, 22 бунгоҳи саломатӣ, шуъбаи ёрии таъҷилӣ, 34 маркази саломатии деҳот, 35 дорухонаи давлатӣ ва хусусӣ мавҷуд буд, ки дар онҳо 1500 нафар кормандони соҳаи тиб, аз ҷумла, 125 нафар духтурони маълумоти олидор, 1000 нафар кормандони хурди миёнаи тиббӣ, 186 нафар кормандони хурди тиббӣ, 187 нафар кормандони хоҷагӣ ба мардум хидмати тиббӣ мерасонанд.
Ноҳия 193 иншооти варзишӣ, аз ҷумла, варзишгоҳ, 21 толори варзишӣ, мактаби варзишии кӯдакон ва наврасон ва майдончаҳои оммавии варзишӣ дорад. Дар Восеъ 22 мураббӣ, аз ҷумла 2 Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 Мураббии хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд. Ҳамчунин варзишгарони дорои унвонҳои баланди варзишӣ дошта, аз ҷумла, 5 Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22 номзад ба Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 нафар ҷоизадори мусобиқаҳои байналмилалӣ – Ғафурова Мадина (толибаи синфи 8, ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ оид ба каратэ дар давлати Туркия ва чемпионати ҷаҳон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон) ва Саидов Шамшер (ҷоизадори чемпионати «Ҷоми Ҷаҳон» дар Ҷумҳурии Латвия), чемпиони ҷаҳон оид ба куштии тарзи ҷуду Саидҷалол Саидов дар ҳамин ноҳия таваллуд шудаанд.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.