Мучал
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
From Wikipedia, the free encyclopedia
Мучал, мӯрҷал — солшумории дувоздаҳгона, ки дар кӯҳистони тоҷик бо номи «сол», «мӯлҷар» машҳур аст, аз замонҳои бостон корбурд мешавад. Мутобиқи фарҳанги мардумӣ дар ин намуди солшуморӣ банавбат ба 12 ҷонвар номгузорӣ шуда, 6 ҳалолу 6 ҳаром буда, аз рӯйи хусусияту табиати ҳайвонҳо, меъёрҳои сириштию мизоҷии онҳо ба афроди дар ҳамон соли ҳайвон таваллудёфта толеъбинӣ мешавад. Яъне, чигунагии соли «мучал»-и шахсро мардум аз рӯйи шакл ва рафтори ҷонвар пешгӯйӣ мекунанд.
Ба боварии муаррихон тақвими «мучал» бори аввал дар байни уйғурони Хитой ҳамчун солшумории мардумӣ аз рӯйи ҷойгиршавии бурҷҳои осмонӣ ба вуҷуд омада, дар давраи таҳти тасарруфи муғулҳо (асрҳои XIII—XIV) будани Осиёи Миёнаву Эрон байни тоҷикон ва дигар халқу миллатҳо ҷорӣ шудааст[1][2].
Тақвим аз даври 12-солаи номи ҳайвонотро дошта иборат аст ва тоҷикон аз қадим онро ҳисоби «мучал», «мулҷар» ё «мурча» меноманд. Тақрибан ҳашт қарн муқаддам, Абӯнасри Фароҳӣ дар асараш «Нисоб-ус-сибён» тартиби солҳои дувоздаҳгонаро ба риштаи назм дароварда, тақвими «мучал»-ро чунин муаррифӣ кардааст[1]:
Мушу бақару палангу харгӯш шумор, З-ин чор чу бигзарӣ, наҳанг ояду мор, В-он гаҳ ба аспу гӯсфанд аст ҳисоб, Ҳамдунаву мурғу сагу хук охири кор. |
Бояд қайд кард, ки кишоварзон ин тақвимро васеъ истифода намуда, ҳар солро ба хислатҳои он ҳайвон ташбеҳ медоданд ва аз соли хуб ё бад серҳосил ё камҳосил будани он ҳадс мезаданд. Масалан, дар водии дарёи Хингоб (ноҳияи Тавилдара) деҳқонон ин солҳоро чунин тавсиф мекарданд[2]:
Аз рӯи солшумории дувоздаҳгона соли 2018 Соли саг аст, ки онро Соли Вафодор низ мегӯянд. Мардум аз таҷрибаҳои зиндагӣ Соли сагро нек арзёбӣ мекунад. Ин пешгӯиҳои мардум табиист ва шояд чунин ҳам бошад, зеро аз байни ҳайвонҳои ромшуда беҳтарин дӯсту вафодор, посбон ва муҳофизи инсон саг маҳсуб меёбад. Чӯпонҳо беҳтарин зотҳои сагро парвариш намуда, барои нигоҳубини рама шабу рӯз ҳамроҳи худ мегиранд ва ҳамеша дилпуранд, ки ин дӯсти вафодорашон гӯсфандонро аз ҳамлаи дарандагони ваҳшӣ эмин нигоҳ медорад. Бахусус, афсарону сарбозон, кормандони хадамоти амният, оташнишонию ҳолатҳои фавқулода ба саг, ҳамчун ба ҳайвони нотарс, ҷасур, далер, чолоку ҳушёр ва доною рамузфаҳм бовар доранд. Дар таърихи парваришу нигоҳубини ҳайвонот хидматҳои зотҳои мухталифи саг дар муҳофизати аҳли хонавода, рамаю галаҳо, марзу буми кишвар, ошкор кардани амалҳои ниҳон намудани маводи мухаддир ва дигар ҷинояткориҳо, наҷоти одамо-ну ҳайвонот дар ҳодисаҳои сӯхтор, заминҷунбӣ, селу боронгариҳо ва дигар офатҳои табиӣ ва ғ. басо бузург аст. Кам нестанд сагҳое, ки барои хидматҳояшон дар корҳои наҷотбахшӣ ва муҳофизати одамону иншоотҳо бо ордену медалҳо сарфароз гардонида шудаанд.[3]
Ҳарчанд имрӯз солбарорӣ бар усулҳои нав поя гирифтааст, вале ҳамоно барои муайян намудани таърих, замони зисти падару модар, бобою бибӣ ва дигар ниёгон мардуми тоҷик аз ин солшуморӣ истифода мебаранд. Дар китоби «Дар ҷустуҷӯйи Карим-Девона»-и Ҳабибулло Назаров маҳз бо кумаки солбарорӣ замони зист ва рӯзгори мардони таърихии водии Ҳисорро бознигорӣ карда шудааст.
Барои мучал ҷадвалҳои гуногун сохта ва корбурд мешаванд. Бароятон усулеро пешниҳод мекунем, ки бе ягон ҷадвал мучалҳоро барои ҳар кадом сол аз садаи I то садаи XXI солшумории хуршедии исавӣ метавонед муайян карда бошед.
1. Пеш аз ҳама бояд рубоии болоро азёд намуда ва шумораи тартибии солҳоро азбар бояд кард.
Муш | Бақар | Паланг | Харгӯш | Наҳанг | Мор | Асп | Гӯсфанд | Ҳамдуна | Хурус | Саг | Хук |
---|
2. Аз соли матлуб 3 якиро кам карда посухи онро ба 12 бахш мекунем. Бозмондаи (бақияи) бахш худ шумораи тартибии соли мучал аст.
Барои намуна:
(2014-3):12=167 ва 7 бозмонда (бақия). 7 — шумораи тартибии Асп аст.
(1917-3):12=159 ва 6 бозмонда (бақия). 6 — шумораи тартибии Мор аст.
(1932-3):12=161 ва бозмонда (бақия) 9 аст. 9 — шумораи тартибии Ҳамдуна аст.
Соли 1878 (зодсоли С. Айнӣ)
(1878-3):12=156 ва бозмонда (бақия) 3 аст. 3 — шумораи тартибии Паланг аст.
Соли 858 (зодсоли Одамушшуаро Рӯдакӣ)
(858-3):12=71 ва бозмонда (бақия) 3 аст. 3 — шумораи тартибии Паланг аст.
3. Дониста ва огоҳ бошед, ки соли ҳар як ҷонвар дар Осиёи Пеш ва Осиёи Марказӣ, аз он ҷумла дар Тоҷикистон, аз Соли нави ҳақиқӣ (Наврӯз) оғоз меёбад, на аз оғози Соли нави исавӣ.
Бинобар ин, ақидаи вақтҳои охир маъмулгашта, ки масалан, соли Асп гӯё аз 1 январи соли 2015 (Гоҳшумори мелодӣ) оғоз меёбад, хатост. Ҳол он ки соли Асп аз Наврӯзи соли 2014 сар шуда, то Наврӯзи соли 2015 давом мекунад.[4] Соли Гӯсфанд бошад аз Наврӯзи соли 2015 сар шуда, то Наврӯзи соли 2016 давом мекунад.
Муш | Бақар | Паланг | Харгӯш | Наҳанг | Мор | Асп | Гӯсфанд | Ҳамдуна | Хурус | Саг | Хук |
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
1900 |
1901 |
1902 |
1903 |
1904 |
1905 |
1906 |
1907 |
1908 |
1909 |
1910 |
1911 |
1912 |
1913 |
1914 |
1915 |
1916 |
1917 |
1918 |
1919 |
1920 |
1921 |
1922 |
1923 |
1924 |
1925 |
1926 |
1927 |
1928 |
1929 |
1930 |
1931 |
1932 |
1933 |
1934 |
1935 |
1936 |
1937 |
1938 |
1939 |
1940 |
1941 |
1942 |
1943 |
1944 |
1945 |
1946 |
1947 |
1948 |
1949 |
1950 |
1951 |
1952 |
1953 |
1954 |
1955 |
1956 |
1957 |
1958 |
1959 |
1960 |
1961 |
1962 |
1963 |
1964 |
1965 |
1966 |
1967 |
1968 |
1969 |
1970 |
1971 |
1972 |
1973 |
1974 |
1975 |
1976 |
1977 |
1978 |
1979 |
1980 |
1981 |
1982 |
1983 |
1984 |
1985 |
1986 |
1987 |
1988 |
1989 |
1990 |
1991 |
1992 |
1993 А |
1994 |
1995 |
1996 |
1997 |
1998 |
1999 |
2000 |
2001 |
2002 |
2003 |
2004 |
2005 |
2006 |
2007 |
2008 |
2009 |
2010 |
2011 |
2012 |
2013 |
2014 |
2015 |
2016 |
2017 |
2018 |
2019 |
2020 |
2021 |
2022 |
2023 |
2024 |
2025 |
2026 |
2027 |
2028 |
2029 |
2030 |
2031 |
Муш | Бақар | Паланг | Харгӯш | Наҳанг | Мор | Асп | Гӯсфанд | Ҳамдуна | Хурус | Саг | Хук |
Дар Солшумории чинӣ (хитойӣ) ба солшумории Мучал монанд, солшумории қадимае [сулолаи Чжоу (сулолае, 800 сол сари қудрат буд) ва дар замони сулолаи Хан (206 то мелод — 207 мелодӣ) рушд ёфтааст] мавҷуд буд. Дар он ибтидои соли нав ба шаби якуми солшумори қамарӣ, моҳҳои 21 январ — 20 феврал оғоз меёбад.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.