Резишгоҳ
From Wikipedia, the free encyclopedia
Резишгоҳ — ҷои ба баҳр, кӯл ва дарёи дигар рехтани оби ягон наҳр. Ҷои дар биёбони регзор барҳам хӯрдани дарёро низ резишгоҳ меноманд. Резишгоҳ якчанд хел аст: резишгоҳи одӣ — маҷрои дарё дар резишгоҳи худ ба шохаю обравҳо тақсим намешавад (мас., дарёи Тибр); делта — маҷрои дарё дар назди резишгоҳ ба шохаҳо ва обраву обгузарҳо тақсим мешавад (дарёи Волга); эстуарий — резишгоҳи қифшакле, ки ба тарафи баҳр васеъ шуда меравад (дарёи Темза) ; Pезишгоҳ лиманӣ — Pезишгоҳи васеи халиҷмонанд, ки дар натиҷаи зери оби баҳр мондани водии дарё ҳосил шудааст (дарёи Буги Ҷанубй); Резишгоҳи муаллақ — ба шохоби дарёҳои кӯҳӣ хос аст (ба шарте, ки резишгоҳи дарёи кӯҳӣ нисбат ба дарёи асосӣ баландтар бошад); Pезишгоҳи саргум — ба он дарёҳое мансуб аст, ки то баҳр ё кӯл нарасида, дар дашту биёбонҳо барҳам мехӯранд. Аксари бандарнои калонро дар резишгоҳ месозанд.
- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.
Wikiwand in your browser!
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.